734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ба истифода додани 4 бинои нав барои парвариши 80 ҳазор сар мурғ ва корхонаи банду басти маҳсулот дар шаҳри Гулистон бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон

16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи аълосифат” оғоз бахшиданд.

Фабрикаи парандапарварии “Мурғи аълосифат” дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Парвиз Бобоев моҳи апрели соли 2019 таъсис ёфта, биною иншооти махсуси соҳавӣ барои парвариши парандаи гӯштии бройлерӣ, забҳ, коркарду банду баст ва нигоҳдории гӯшти парҳезии паранда муҷаҳҳаз бо хату таҷҳизоти технологии муосир сохта шудааст.

Ба фаъолияти марҳилаи аввали фабрикаи парандапарварӣ 22 марти соли равон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман оғоз бахшида, ба соҳибкори ватанӣ ва роҳбарони вилояти Суғду шаҳри Гулистон дастуру супориш дода буданд, ки саршумори парандаи гӯштиро зиёд намуда, коркарду банду басти гӯшти парҳезии парандаро дар технологияи пешрафта дар дохили корхона ба роҳ монанд ва ба бозори истеъмоли гӯшти парандаро дар банду басти ҷолиб мутобиқ ба стандарту сифат пешниҳод намоянд.

Дар муддати 6 моҳи гузашта масъулону мутахассисон ва кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи аълосифат” боз 4 иншооти нави парандапарвариро бо сарфи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохтаю муҷаҳҳаз намуданд, ки дар онҳо 80 ҳазор сар чӯҷа парвариш меёбад.

Дар коргоҳ барои 75 нафар коргарону мутахассисон ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Иқтидори корхона дар 1 сол ба истеҳсоли зиёда аз 2 ҳазор тонна гӯшти паранда расонда мешавад.

Ҳамчунин коргоҳи коркарду банду басти маҳсулот муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти технологии навтарини истеҳсоли Федератсияи Россия мебошад ва дар кишвар нахустин бор чунин усули коркарду банду басти гӯшти мурғ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи аълосифат” ҷорӣ гардид.

Муассис ва мутахассисони корхонаи “Мурғи аълосифат” комплекси мукаммалу меъёрии парваришу истеҳсоли гӯшти парҳезии парандаро таъсис доданд, ки ҳамаи марҳилаҳои парвариши чӯҷа ва истеҳсолу то ба истеъмолкунанда расондани гӯшти аълосифати парандаро дар бар мегирад.

Ширкат дорои иншооти парандапарварӣ, инкубатории чӯҷабарорӣ, коргоҳи забҳи паранда бо тарзи фабрика, коргоҳи коркарду банду баст, анбор-сардхонаи нигоҳдории маҳсулоти тайёр, коргоҳи истеҳсоли хӯрокаи паранда, озмоишгоҳ, анборҳо, иншооти ёрирасони соҳа ва инфрасохтори барқу гармидиҳӣ, хунуккунӣ, ҳавотозакунӣ, санитарию беҳдошти зооветеринарӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми 40-45 рӯз чӯҷаҳои зоти бройлерӣ ба ҳисоби миёна 2-2,5 килограмм вазн мегиранд ва барои забҳ тайёр мешаванд.

Чӯҷаҳо дар коргоҳи инкубатории худӣ истеҳсол мегарданд.

Дар фабрикаи парандапарварӣ ҷараёни технологӣ пурра автоматӣ буда, ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии хаво, додани обу ғизо тавассути технологияи компютерӣ амалӣ мешаванд. Хӯрокаи паранда дар худи корхона истеҳсол мегардад.

Бо таъсиси коргоҳи хӯрокаи паранда бо иқтидори зиёда аз 50 тонна истеҳсоли 5 намуд ғизои паранда дар як шабонарӯз ба роҳ монда шудааст.

Ғизои чӯҷа асосан аз коркарди ғалладонагиҳо — гандуму ҷуворимакка, равғани офтобпараст, кунҷораи соя ва якчанд намуди маҳсулоти дигар омода мегардад.

Дар намоишгоҳи корхона беш аз 15 намуди маҳсулоти гӯшти парҳезии паранда пешниҳод карда шуд.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки аз тарафи ин корхонаи парандапарварӣ аввалин шуда, дар баробари гӯшти паранда, бисёр навъу намуди маҳсулоти аз гӯшти паранда истеҳсолшуда дар коркарду банду басти хосса пешниҳод гардидаанд, ки барои истеъмол мувофиқ мебошанд.

Яъне дар корхона гӯшти паранда пурра коркард гардида, ба харидор пешниҳод мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд 125 корхонаи парандапарварӣ мавҷуд буда, фаъолияти 25-тои онҳо махсус барои истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда равона карда шудааст. Бо саҳми чунин соҳибкорони вилояти Суғд дар муҳлатҳои наздик бозори истеъмолӣ бо тухму гӯшти паранда пурра таъмин мегардад.


16.10.2020 Нет комментариев