734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


РУБРИКА: ЧАРО МАН БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОВОЗ МЕДИҲАМ!!! НАҚШИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲ УРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БАРГАРДОНИДАНИ ГУРЕЗАГОН ВА МУҲОҶИРОНИ ИИҶБОРӢ

Бешубҳа, ҳама гуна ҷангу хушунат фоҷиа аст ва муҳоҷирати аҳолиро аз хонаву кошонааш дар пай дорад. Ҷанги бародаркуши Тоҷикистон ҳам истисно набуд. Дар натиҷаи ҷанг дар солҳои 1992-1993 садҳо ҳазор нафар сокини кишвар хонаю кошонаи худро тарк намуда, ё дар дохили мамлакат ҷойи зисти худро тағйир доданд ва ё ҷумҳуриро тарк карданд. Рақами дақиқи фирориёну беҷошудагон то ҳол маълум нест. Дар расонаҳои хабарӣ, дар китобу мақолаҳо ва гузоришҳои гуногун рақамҳои гуногун оварда мешаванд.

Муаллифони гузориш оид ба рушди инсон, ки ҳарсола дар Тоҷикистон чоп мешуд, бо такя ба маълумоти Сарраёсат оид ба гурезагони Вазорати меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рақамро 850000 тахмин намудаанд, 600- 700000 нафар дар дохили кишвар ва боқимонда ба хориҷ (60 ҳазор нафар ба Афғонистон ва 195 ҳазор нафар ба ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ: Русия, Украина, Белоруссия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ) фирор карда буданд.

Маълум аст, ки ҳанўз то оғози иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд даҳҳо ҳазор нафар мардуми оддӣ хонаю кошонаи худро тарк намуда буд. Муҳаққиқи тоҷик Рашидова У.М. дар асоси маълумоти Созмони Милали Муттаҳид навиштааст, ки то 1 июли соли 1992 шумораи фирориён 83 000 нафарро ташкил менамуд ва 24 июл ин шумора алакай ба 133000 нафар расида, дар ибтидои соли 1993 ба таври расмӣ 1 млн нафар гуреза ба қайд гирифта шуда буд 34 . Маълумоти дигар шаҳодат медиҳанд, ки дар солҳои даргириҳо беш аз 1,5 млн нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи зисти худро тарк намуда буданд.

Гузашта аз ин, тибқи маълумоти Вазорати меҳнат дар ин давра 35 723 хона хароб гардида, аз ин миқдор 21740 хона пурра вайрон карда шуда буданд. Комиссариати Олии СММ оид ба гурезагон баъд аз таҳқиқи ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳурӣ ба хулоса омада буд, ки дар ин минтақа 17000 хона хароб карда шуда- аст.

Дар дигар минтақаҳо ин рақам 12000-ро ташкил мекард. Рақами қисман вайрон кардани хонаҳо аз ин ҳам зиёдтар буд.

Дар мисоли фақат як ноҳия – ноҳияи (собиқ) Бохтар (ҳоло Кушониён) метавон умқи фоҷиаи ҷанги шаҳрвандиро мушоҳида намуд. Аз 45 деҳа 32 деҳа пурра аз байн бурда ва зиёда аз 6400 хона ба коми оташ кашида шуда буд ва 2994 хона қисман вайрон карда шуда буданд, яъне 5700 хонавода бесарпаноҳ монда буданд. Ба ғайр аз ин, тамоми инфрасохтори ҷамъиятию маданӣ ва тиҷоратӣ: китобхонаҳо, клубу мағозаҳо, кӯдакистону хонаҳо, хизматрасонии маишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳо ва ғайра аз байн бурда шуда, зарари бузурге ба муассисаҳои нақлиётӣ, саноатӣ, кишоварзӣ расонида шуда буд.

Масъулияти обод кардану ба маҳали зисти доимӣ баргардонидани беш аз 1 млн фирорию муҳоҷири иҷборӣ, ин ҳам дар шароити идомаи даргириҳои мусаллаҳона бо оппозитсияи мусаллаҳ ва вазъияти ниҳоят ногувори иқтисодию иҷтимоӣ ба дӯши Сарвари нисбатан ҷавони Тоҷикистон (ӯ дар он замон ҳамагӣ 40 сол дошт) Эмомалӣ Раҳмон афтода буд. Аммо ӯ ин масъулияти бузургро ба хотири наҷоти миллат, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистони тозаистиқлол бо ифтихор ба дӯш гирифт.

Дар рӯзҳои кори иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маълум буд, ки масъалаи муҳимтарин хатми ҷанг ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, баргардонидани гурезаҳо ба маҳали зисташон маҳсуб меёбанд.

Барои ин таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ин раванд зарур буданд. Қобили зикр аст, ки ҳанӯз дар моҳи июли соли 1992 Департамент оид ба гурезагон дар назди Вазорати меҳнат ташкил шуда буд, ки мебоист тамоми масъалаи кор бо гурезагонро ҳамоҳанг ва роҳбарӣ менамуд. Ин Департамент соли 1993 ба Сарраёсати кор бо гурезагон ва муҳоҷирони дохилӣ табдил дода шуд. Зери роҳбарии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи

гурезагон», фармонҳои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсоне, ки сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда ва мехоҳанд ба Ватан баргарданд» қабул карда шуданд. Вакилони иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ба таври муфассал масъалаи «Ба маҳали зисти доимиашон

баргардонидани гурезаҳо»-ро муҳокима намуданд. Албатта, қарор дар ин бора қабул шуд, вале ин кор маблағи зиёд ва вақтро талаб мекард. Хонаҳои истиқоматии бо ҳазорҳо заҳмат ва хуни дил бунёдкардаи одамон сӯхтаву хароб гардида буданд. Бинобар ин, баъд аз Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидан ва роҳбарии худ Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баргардонидани гурезагонро ба маҳали зисташон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати Њукумат қарор дод. Раиси Шӯрои Олӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосия изҳор намуд: «То он даме, ки охирин гурезаро аз Афғонистон ба Тоҷикистон бознагардонам, ман осуда буда наметавонам». Воқеан, ин як шиори хушку холӣ, як ваъдаи популистӣ набуд. Ӯ тамоми ҳастиашро барои баргардонидани гурезаҳо, махсусан аз Афғонистони ҷангзада бахшид. Аммо чуноне дар боло ишора рафт, ба ғайр аз гурезаҳо ё фирориёни дар Афғонистон буда, инчунин ҳудуди 700000 нафар дар дохили Тоҷикистон беҷо шуда, ба маҳалҳои бобоии худ гуреза гардида, дар хонаҳои хешу табори худ ё масҷиду маҳалҳои ҷамъиятӣ зиндагӣ мекарданд. Шароити маҳалҳо ва хонаводаҳое, ки онҳоро қабул намуда буданд, тобу тавони нигаҳдории онҳоро надоштанд. Фарзандони беҷошудагон на дар ҳама ҷо метавонистанд ба таҳсили худ идома диҳанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар кори баргардонидани муҳоҷирони дохилӣ ба маҳали зисташон ба дастовардҳои муҳимме ноил шуда буд. Набояд фаромӯш намуд, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон» ва қарори Ҳукумат ба тамоми шахсони баргашта аз тарафи ҳукумат ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кӯмаки молӣ расонида мешуд, онҳо ба ҷойи кори пештараашон бояд барқарор карда мешуданд. Дар соли 1993 давлати Тоҷикистон барои интиқоли хонаводаҳои муҳоҷирони иҷборӣ ба маҳали зисти доимӣ ва пардохти кӯмакпулӣ ба онҳо 1,8 млрд рубл сарф намуда буд (20000 рубл барои як оила). Баъд аз Хуҷанд ба шаҳри Душанбе баргаштани Ҳукумати навтаъсиси, дар Муроҷиатномаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон аз 12-уми декабри соли 1992 ӯ яке вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ин тавр муайян намуд: «гурезаҳоро ба шаҳру деҳот ва манзили зисти худ баргардонида, онҳоро бо сару либос, хӯрокворӣ таъмин намуда, барои кори бонизом дар роҳи барқарор кардани харобазорҳо шароит фароҳам Санаи 16-уми янва-ри соли 1994 Сарвари давлат бо Муроҷиатнома ба ҳамаи ҳамватанони бурун аз марзи Тоҷикистон баромад намуд. Дар Муроҷиатнома, аз ҷумла омада буд: «Ази-зон, Тоҷикистони мову шумо аз балоҳо гузашт ва ҳарчанд талафоти дардовари ҷониву молӣ дод, якпорчагии сиёсӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти худро тавонист нигоҳ дорад. Имрӯз, Тоҷикистони азиз, рӯ ба ободӣ ниҳодааст ва ба ҳар фарди барӯмандаш, ки метавонад дар ободии ин кӯҳандиёр саҳм бигирад, бо чашми умед менигара Бародар аз пайи кини бародар намеравад. Ҳама муштоқи дидори шумоянд ва бовар доранд, ки шумо имрӯзу фардо боз хоҳед гашт, дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи падариро равшан хоҳед кард… Азизон, тоҷикон як Ватан доранд, вазифаи ҳамаи мост, ки онро азиз дорем ва ободаш кунем». Нигаронии шадиди Сарвари тозаинтихоби Тоҷикистон аз аҳволу шароити бади зиндагии гурезагон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва инчунин дар ҳудуди Афғонистон аз аввалин мусоҳибаҳои матбуотии ӯ мушоҳида мешавад. Шароити гурезагон дар ин манотиқ ӯро ором намегузошт. Дар он шароити ногувор гурезагон аз маводи аввалия барои зиндагӣ маҳрум буда, аз гуруснагию бемориҳои гуногун фавт мекарданд. Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мусоҳибаҳои аввалини худ дар бораи гурезагон изҳор намуда буд: «Зиёда аз 30000 нафар фирориён сарҳадро убур карда, ба қаламрави Давлати Исломии Афғонистон гузаштаанд. Тибқи маълумоти расида, силоҳбадастон фарзандони гурезаҳоро бо яроқу аслиҳа иваз мекунанд, занону духтаронро дастаҳои мусаллаҳи афғонҳо зӯран мебаранд».

Чуноне маълум аст, дар он замон муносибатҳо байни Давлати Исломии Афғонистон ва Тоҷикистон он қадар гарм набуд ва эътимоди зарурӣ миёни раҳбарони ДИА ва Тоҷикистон вуҷуд надошт. Бинобар ин, чуноне Сарвари давлати тоҷикон изҳор медорад, Ҳукумати Тоҷикистон ба роҳбарияти Афғонистон нотаи эътирозӣ ирсол намуда, талаб карда буд, ки ба умури дохилии Тоҷикистон дахолат накунад. Зимни ин тамоми таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба баргардонидани гурезаҳо ҳам аз Афғонистон ва ҳам берун аз ҳудуди Тоҷикистон равона шуда буд. Аммо бояд иқрор шуд, ки вазъият дар он давра ниҳоят печида ва пешгӯинашаванда буд. Ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар Тоҷикистон гурӯҳҳои ҷиноӣ вазъиятро муташанниҷ сохта буданд. Ба қавли Ш.Зуҳуров «Мардуми минтақаи Қӯрғонтеппа, бахусус, Қубодиён, Шаҳритуз, Ҷиликӯл, Қумсангир, Бохтару Вахш солҳои 1992-1993 гурезаҳоро чашми дидан надоштанд ва пурра муқобил буданд, ки онҳо ба ҷойи зисти доимиашон баргарданд. Онҳо хонаҳои валангор ва заминҳои муҳоҷиронро ғасб карда мегуфтанд, ки ин мардум бигзор ба ҷойҳои дигар бираванд. Ба ҳеҷ ваҷҳ гурезаҳоро қабул надоштанд».

Бар замми ин, гурӯҳҳои ҷинояткор ба қатлу ғорати мардум давом медоданд ва чуноне дар он солҳо мушоҳида мешуд, ин кор аз рӯйи нишонаҳои маҳал ва ё мазҳаб ба амал оварда мешуд. Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар Изҳороти худ аз 31-уми декабри соли 1992 эътироф намуда буд, ки «гурӯҳҳои ҷинояткор, ки ба қатли одамон аз рӯйи мансубият ба маҳал, миллат ва ё эътиқод даст мезананд ва худро қувваҳои ҳукуматӣ муаррифӣ менамоянд, мақсади халалдор кардани обрӯ ва эътибори Ҳукумати қонуниро доранд». Аммо Сарвари давлат дар баровардани ҳадафи худ баргардонидани гурезаҳо қатъӣ буд. Ӯ мефаҳмид, ки баргардонидани гурезагон ба масъалаи таъмини сулҳу ваҳдат сахт вобастагӣ дорад. Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамуданд, ки «тоҷик бояд дар Ватани худаш зиндагӣ кунад, на ҷойи дигар». Президент дар сафарҳои худ ба ин ноҳияҳо бо мардум суҳбат намуд, бо шеваи хосе, ки мансуб ба ӯст, онҳоро фаҳмонид ва мардум ӯро фаҳмиданд, бовар карданд. Баъд аз ин сокинони ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритуз ба чор тараф раҳ гирифта, гурезаҳои худро меҷустанд ва онҳоро пайдо карда, даъват ба амал меоварданд, ки ба ҷойҳои зисташон баргарданд.

Мухолифони бозгашти фирориён на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Афғонистон ҳам зиёд буданд. Роҳбарони Иттиҳодияи мухолифини тоҷик ба ҳар роҳу восита аз бозгашти фирориён ба Тоҷикистон монеъ мешуданд, онҳоро аз пайомади ин бозгашт ҳушдор медоданд. Ба замми ин ҷавононро ба гурӯҳҳои мусаллаҳ ҷалб намуда, ба пойгоҳҳои тамрини ҷангҷӯён мефиристоданд. Роҳбарони мухолифон мефаҳмиданд, ки Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо ҳар қиммате набошад тасмим дорад, то фирориёнро аз Афғонистон ба Тоҷикистон бозгардонад. Аз ин рӯ, аз масъалаи фирориён мехост ба нафъи худ истифода намояд. Далелҳои зиёде вуҷуд дорад, ки баъзе аз қумондонони саҳроии Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар Афғонистон ба таври маҷбурӣ садди роҳи ба Ватан бозгаштани муҳоҷирон мешуданд. Онҳо ҳатто омода буданд, ки аз яроқи оташфишон истифода намоянд. Дар урдугоҳҳои гурезагони тоҷик таблиғоти васеъ роҳандозӣ шуда буд, ки гурезагони бозгашта дар Тоҷикистон мавриди озор ва қатлу ғорати гурӯҳҳои ҷиноятпеша қарор мегиранд, ки худро аъзои Фронти халқӣ ва ҷонибдори Ҳукумат муаррифӣ менамоянд. Дар кори эҷод намудани монеа барои бозгашти гурезагон аз Афғонистон қумондонҳои мухолифини тоҷик ҳатто аз баъзе қумондонони саҳроии Афғонистон истифода менамуданд. Аммо мавриди зикр аст, ки дар маҷмӯъ дар Афғонистон муносибати мардум ва сиёсати расмии Давлати Исломии Афғонистон бо раҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ хайрхоҳона ва бародарона буд. Дар шимоли Афғонистон барои гурезагони тоҷик урдугоҳҳои махсус бунёд шуда буд. Яке аз ин кампҳо бо номи кампи Сахӣ

машҳур аст, ки дар наздикии шаҳри Мазори Шариф қарор дошт. Дар ин урдугоҳ 27500 гуреза зиндагӣ мекарданд. Ин минтақа дар он замон зери назорати Абдул Рашид Дустум қарор дошт, ки ибтидои соли 1994 дастаҳои ҷангии ӯ якҷо бо ҷангҷӯёни чанд ҳизби сиёсӣ-низомии дигар кӯшиш намуданд бо роҳандозии табадулоти ҳарбӣ Ҳукумати устод Бурҳониддин Раббониро сарнагун намоянд. Урдугоҳи Сахӣ зери назорати Раёсати Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон қарор дошт. Урдугоҳи дигар дар шаҳри Толиқони вилояти Тахор буд ва бо номи «Кампи Ширкат» ёд мешуд. Дар ин камп 3600 гуреза ҷойгир шуда буданд. Дар кампи дигар-»Амиробод» дар наздикии вулусволии Хонободи вилояти Қундуз 6500 гурезаи тоҷик ва ниҳоят дар кампи чорум бо номи «Боғи Ширкат» дар шаҳри Қундуз 14995 гуреза ҷойгир шуда буданд. Чуноне аз арқоми оварда ба мушоҳида мерасад аз ҷумла беш аз 1 млн гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ теъдоди гурезагон дар Афғонистон 60000, бо баъзе маълумот 80000 нафарро ташкил мекард. Аммо Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи асосиро ба бозгардонидани онҳо мабзул дошта буд. Албатта бозгардонидани муҳоҷирини дохилӣ ва ё муқими дигар кишварҳои пасошӯравӣ ҳам хеле муҳим буда, дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дошт, аммо Афғонистон масъалаи дигар буд. Дар ин кишвар ҷанги шадид идома дошт, гурезагон дар шароити бисёр бад қарор доштанд. Онҳо метавонистанд мавриди озори гурӯҳҳои ҷангҷӯ қарор гиранд, ҷавонони гуреза ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб карда шаванд. Аз тарафи дигар, таърихи Осиёи Миёна баъд аз инқилоботи солҳои 20-уми асри XX шоҳиди ба Афғонистон ҳиҷрат намудани ҳазорон нафар сокинони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки онҳо барои ҳамеша дар Афғонистон боқӣ монданд ва ҳоло ҳам бо гузашти 2-3 насл аз тарафи доираҳои миллатгаро бо номи «муҳоҷир» ва «бегона» ёд мешаванд. Бозгардонидани гурезагон аз Афғонистон ба масъалаи номус ва иззати миллат табдил ёфта буд. Президенти кишвар дар суханронии худ дар таҷлили ҷашни чорсолагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8-уми сентябри соли 1995 чунин изҳор намуданд: «Ҳамчун Президент, ҳомии Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсо дар андешаам, ки бо роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ вохӯрда, ба фикру андешаҳои онҳо шинос шавам.

Ман ба онҳо гуфтан мехоҳам, ки ба Ватан баргардонидани ҳамаи фирориён мақсади стратегии мо, зиёда аз он тақозои нангу номуси ватандории мост».  Ин ҷавоби қотеъ барои он гурӯҳҳое буд, ки мухолифи бозгардонидани гурезагон буданд ва дар хориҷ боқи мондани даҳҳо ҳазор ҳамватани худро воқеаи муқаррарӣ медонистанд, мисли ин, ки имрӯз миллионҳо гурезаи афғону эронӣ баъд аз таҳавуллоти инқилобию ҷангу

хушунатҳо дар хориҷи кишвар мондаанд. Ба хотири қонеъ сохтани эътимоди гурезагон, ки Ҳукумат амнияти онҳоро таъмин карда, хонаҳояшонро месозад, бо ҷойи корашон барқарор менамояд чораҳои зиёд андешида, ҳаҷми бузурги корҳоро анҷом дода буд. Эҳтимолан, дар ҳеҷ ҷойи дунё, ҳеҷ кишваре ва ҳеҷ роҳбари давлате барои баргардонидани гурезаҳои кишвараш ин қадар кор ва саъю кӯшиш накардааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов. Муттаҳидӣ-гарави пешрафт ва шукуфоии ватан. Яке аз ибтикороти муҳими Ҳукумат таъсиси як барномаи радиоӣ буд. 29-уми марти соли 1993 аввалин бор радиои Тоҷикистон барои гурезагони тоҷик дар Афғонистон як барномае таҳия ва пахш кард, ки бо номи «Хоки Ватан» машҳур шуд. Воқеият ин аст, ки барномаи «Хоки Ватан»-и радиои тоҷик барои ба Ватан баргаштани гурезаҳо аз Афғонистон бисёр муассир буд. Сарвари давлати Тоҷикистон аз тариқи ин барномаи радиои Тоҷикистон ба гурезагон муроҷиат намуд ва даъват кард, ки ба Ватан баргарданд. Суханони Эмомалӣ Раҳмон бисёр самимӣ ва муассир буданд. Аз ҷумла гуфтанд: «Шумо ҳамватанони азиз, бозгардед. Хонаву ҷойи шумо агар ба шумо насиб накунад, ба каси дигар насиб намекунад. Ман ба шумо қӯҳи тилло ваъда намедиҳам. Вале як бурда ноне, ки дорем бо ҳам мебинем». Иброҳим Усмонов менависад, ки «одамон гурӯҳ-гурӯҳ, даҳ-даҳ, сад-сад ба Ватан бармегаштанд». Танҳо дар давоми соли аввали фаъолият аз тариқи ин барнома 30000 мактуби гурезагон ва 20000 мактуби сокинони Тоҷикистон ба хешу табори худ, ки бо амри тақдир дар ғурбат қарор доштанд, қироат гардид. Дар маҷмӯъ дар барномаи «Хоки Ватан» аз соли 1993 то декабри соли 1996 дар ҳудуди 60000 шаҳрванди Тоҷикистон ба хешу ақориби худ дар Афғонистон муроҷиат намуданд, 50000 нафар аз Афғонистон ба ҳамватанони худ дар Тоҷикистон бо нома муроҷиат кардаанд. Аз тариқи радио 200000 мактуб қироат шудааст, 150 барнома бо иштироки намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва аъзои Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) нашр гардидааст, ки ба гурезагон муҳтавои қонунгузории Тоҷикистонро дар бораи гурезагон шарҳ додаанд. 750 намояндаи сохторҳои гуногуни ҳукуматӣ аз тариқи ин барнома мушкилиҳои пайдошударо вобаста ба қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳои ҷойдошта шарҳ додаанд, 400 барномаи ин радио ба пахши репортаж аз маҳалли иқомати гурезаҳо, 800 барнома оид ба ҷараёни баргашт ва ҷойгиршавии гурезаҳо ва 750 барнома оид ба суҳбати шоиру нависандагон ва олимон бахшида шуда буд. Сарвари давлати тоҷикон масъалаи бозгардонидани гурезаҳоро дар музокироти сулҳи тоҷикон ҳам яке аз масъалаҳои афзалиятнок дониста, ба ҳайати ҳукуматӣ супориш дода буд, ки ин масъаларо дар маркази диққат қарор диҳанд. Масъалаи гурезаҳо дар даври якуми музокироти тоҷикон, ки аз 5 то 19-уми апрели соли 1994 дар шаҳри Москва доир гардид, дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Ба қавли узви ҳайати ҳукуматӣ дар даври якуми музокироти байни тоҷикон дар Маскав И.Усмонов, ҳангоми муайян намудани рӯзномаи музокирот 3 гурӯҳи масъалаҳо ба рӯзнома дохил карда шуданд, ки ҳар кадом ҳовии масъалаҳои дигар буд. Ин се гурӯҳи масъалаҳо ҳам аз рӯйи тартиб ва ҳам аз рӯйи аҳамият чунин ҷудо мешуданд:

  1. Масъалаи гурезаҳо;
  2. Масъалаи оташбас;
  3. Масъалаи сохтори конститутсионӣ.

Ӯ меафзояд, ки «дар музокироти байни тоҷикон масъалаи гурезаҳо ҳамеша дар мадди назар буд, ҳам дар давраи якум, ҳам дар давраи дуюм ва чорум, ҳам дар давраи шашуми музокирот роҷеъ ба ин масъала ҳуҷҷатҳо қабул шуданд ва роҳбарони давлат ва мухолифон дар мулоқоти Кобул (моҳи майи 1995), дар Созишномаи Москва (декабри 1996) ва Муроҷиатнома дар Машҳад (феврали соли 1997) барои бозгашт ба Ватан ба муҳоҷирон ва гурезаҳо рӯ оварданд.

Дар рӯзи охири давраи якуми музокироти байни тоҷикон дар шаҳри Маскав, 19-уми апрели соли 1994 «Протокол дар бораи ташкили Комиссияи муштарак оид ба масъалаи гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ аз Тоҷикистон» ба имзо расид. Аммо баргардонидани беш аз 1 млн гуреза ва муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини онҳо бо ҷойи зист (зеро дар баъзе ноҳияҳо хонаю дари онҳо хароб ва ба оташ кашида шуда буданд) кори осон набуд. Ин кор ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ, ҳам аз нигоҳи амниятӣ ва таблиғотию фаҳмондадиҳӣ хеле мушкил ва дар бисёр маврид бе ёрии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯст аз имкон берун буд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷалби созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус менамуд. Ӯ аз роҳбарияти созмонҳои гуногуни байналмилалӣ даъват намуд, то дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро ифтитоҳ намуда, ба бозгардонидани фирориён ва таъмини сулҳ мусоидат намоянд. Дар як муддати кӯтоҳ чунин созмонҳо ба монанди Ҳайати нозирони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), Коллективи неруҳои сулҳпарвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон, Барномаи рушди СММ, Фонди байналмилалии кӯдакон, Созмони байналмилалии Салиби Сурх ва ғайра дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуданд. Дар бораи саҳми СММ дар истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ва баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирини иҷборӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27-уми апрели соли 2000 ба таври мушаххас ёд намуд. Ӯ таъкид намуд: «Дар баробари Ҳайати нозирони Созмони Милали Муттаҳид ҳиссаи Комиссариати Олии СММ оид ба гурезагон, Фонди байналмилалии кӯдакон низ дар бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, расонидани кӯмакҳои башардӯстона, бозгашти гурезаҳо ба Ватан ва таъмини онҳо бо хонаю ҷой сазовори қадрдонист».

Аввалин гурӯҳи кормандони масъули Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон дар моҳи январи соли 1993 ба Тоҷикистон омаданд. Ин ташкилот идораи марказии худро дар шаҳри Душанбе ва 8 шуъбаи худро дар маҳалҳои гуногун ифтитоҳ намуд. Зери роҳбарии Комиссариати СММ дар умури гурезагон бозгашти фирориёни тоҷик аз шимоли Афғонистон ба хонаҳои худ ба вилояти Хатлон аз таърихи 15-уми майи соли 1993 оғоз гардид. Раёсати Комиссари Олӣ раванди бозгашти ихтиёрии гурезаҳоро, тибқи мувофиқаи пешакӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукуматҳои Афғонистону Ӯзбекистон, ки аз ҳудуди онҳо гурезагон интиқол меёфтанд, ташкил намуд. Дар ҷараёни сафари расмии Раиси Давлати Исломии Афғонистон профессор Бурҳониддин Раббонӣ ба Тоҷикистон «Созишномаи сеҷониба байни Давлати Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон» ба имзо расид.

Соли 1993 чор нуқтаи зерини қабули гурезагон аз Афғонистон ташкил гардид, ки то соли 1998 фаъолият доштанд: «Панҷи Поён», «Хайратон-Тирмиз-Шаҳритуз», «Хайратон- Тирмиз-Қубодиён» ва «Ишкошими ВМКБ». Бо саъю кӯшиши мақомоти ҳукуматӣ ва Комиссарити олии СММ оид ба гурезагон дар ин муддат аз Афғонистон 51242 гуреза ба Ватан баргардонида шуд.

Аз ҷумла:

 соли 1993- 27057 нафар;

 соли 1994-11276 нафар;

 соли 1995-1472 нафар;

 соли 1996- 1036 нафар;

 соли 1997-10368 нафар;

 соли 1998-123 нафар.

Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 27-уми июни соли 1997 барои татбиқи муқаррароти он Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) ташкил шуд. Аз чор зеркомиссияи КОМ яке аз онҳо зеркомиссияи муҳоҷирон буд. Дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумат дар давоми кори КОМ ду қонуни авф, дар солҳои 1997 ва 1999 қабул гардид. Ин имкон дод, ки беш аз 6 ҳазор нафар аъзои дастаҳои мухолифин аз комиссияҳои тиббӣ гузашта ба Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваст шаванд. Охирин гурӯҳи размандагони ИНОТ 23-юми сентябри соли 1998 аз Афғонистон ба кишвар оварда шуданд. 50 Хушбахтона, имрӯз шоҳидони воқеаҳои он солҳо, ки дар паҳлуи Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд, мавҷуданд ва навиштаҳои онҳо манбаи хубе барои таҳлили на танҳо фаъолияти бисёрсамтаи ӯ, балки мушаххас кардани хислатҳои инсониаш, қотеъият дар баробари ваъдаҳояш, оид ба баргардонидани

гурезаҳо мебошанд. Яке аз ин шахсиятҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он замон ансаби вазири меҳнат ва шуғли аҳолиро ба дӯш дошт, яке замоне роҳбари ҳайати ҳукумати ҷумҳурӣ дар музокироти сулҳи байни тоҷиконро ба уҳда дошт ва гузашта аз он дар баргардонидани гурезаҳо ба маҳали зисташон хизмати зиёд намудааст, Шукурҷон Зуҳуров мебошад. Ӯ менависад: «Дар муҳлати 8 соли собиқ вазирӣ, 2 соли дар Комиссияи оштии миллӣ будан як ҳақиқати бебаҳоро барои худ дарк кардам. Эмомалӣ Шарифович барои манфиати халқ, миллат ва давлати тоҷикон ҳастии худро бахшид, шаборӯз бедорхобӣ кашид, заҳмат бурд, тавону неруи худро дареғ надошт, ки тоҷикони парешон ба рӯзи фирӯз бирасанд. Агар ба Ватан бозовардану ба ҷойҳои доимии зист ҷо ба ҷо кардани фирориён дар таърихи давлатдории тоҷикон воқеаи беназиру таҷрибаи нодир барои дигар халқҳои ҷаҳон ҳисоб шавад, ман ҳисоб мекунам, ки пеш аз ҳама, ба унвони мубораки Эмомалӣ Раҳмонов мансуб аст».  Шукурҷон Зуҳуров воқеан ҳам на танҳо шоҳиди фаъолиятҳои хастанопазири Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташкили кори баргардонидани гурезаҳо, мулоқоту суҳбатҳо бо масъулини созмонҳои байналмилалӣ ва кӯмакрасон, балки ташаббусҳои ӯ дар таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи раванди бозгардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ будааст. Ӯ менависад: «Президент то сар шудани кори Комиссияи оштии миллӣ дар бораи авф 5 маротиба қарорҳо ба тасвиб расонд ва дар бораи ҳимояи фирориён чандин карат дастуру амрҳо содир кард. Ва ғамхорию муросо карданҳо, бахшиданҳо, раҳмдилиҳо ва мардонагиҳои Эмомалӣ Раҳмонов торафт боварии мардумро ба ояндаи дурахшон боэътимодтар кард». Аз фаъолиятҳои хастанопазири Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳамсафони дигари ӯ, муовини аввали Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев хуб огоҳ аст. Достиев ҳам менависад, ки «Ҳукумати Раҳмонов Э.Ш. дар ин солҳо тамоми чораҳои ба ҳам овардани миллатро ҷустуҷӯ намуд ва дар ин роҳ аз ҳазору як тадбир, кӯчактарин тадбир ин буд, ки намояндагонашро ба назди роҳбарони хурду бузурги фирориён ё мухолифин ба гуфтушунид фиристад. Ҳамаи ин боис шуд то 35 намояндаи фирориёнамон бо сардории марди фозил, Қаҳрамони меҳнат Талбак Садриддинов ва писараш Сайнуриддин аз Афғонистон ба Ватан баргаштанд, то бубинанд, ки вазъи кишвар ором аст ва баргашта, дар ин бора ба фирориёнамон ҳақиқати  ҳолро баён намоянд ва онҳоро барои ба Ватан баргаштан дилпуру раҳнамун созанд. Ин гурӯҳ зиёда аз як ҳафта саросари водии Вахшро дида, ба Афғонистон баргаштанд». 53 Ба қавли С.Фаттоев «16-уми ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмонов сардори давлат интихоб мешавад. Ду сол баъд боз дар моҳи ноябр бо афзалияти зиёд дар интихоботи президентӣ ғалаба мекунад. Ҳамзамон Конститутсияи пешниҳоднамудаи ӯ аз ҷониби халқ пазируфта мешавад. Панҷ сол пас, дар моҳи ноябр ва дар таърихи 16-ум гурезаи охирин ба Ватан баргашт…дар ин муназзамӣ як рамзе низ ба назар мерасад, ки гувоҳи сарнавишти олист ва аз матонату устуворие, ки Эмомалӣ Раҳмонов сиёсати хешро ба амал мебарорад, шаҳодат медиҳад». Ҳамин тавр, таҷрибаи давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар самти бозгардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ як таҷрибаи муваффақ дар сатҳи ҷаҳонӣ аст ва ин таҷрибаи асри XXI, ки тибқи маълумоти Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон соли 2016 дар ҳудуди 65,3 млн инсонҳо дар ҷаҳон маҷбур шудаанд, хонаҳои худро тарк намоянд ва аз ин шумора

21,3 млн гуреза мебошанд, қобили омӯзиш ва истифода мебошад.

бознашр аз китоби “МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: МАСЪАЛАҲОИ ТАШАККУЛ ВА РУШД”, ки аз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудааст.


23.09.2020 Нет комментариев