734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ҶАВОНОН НЕРӮИ СОЗАНДА, БУНЁДКОР ВА ПЕШОҲАНГИ ҶОМЕА!

Рамонзода Абдулло Қурбоналӣ бо донишҷуёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав  вохурӣ доир намуданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, роҳбарияти донишгоҳ, устодони ҷавон ва донишҷуён фаъолона иштирок карданд.
Раиси Кумита дар оғози чорабинӣ оид ба нақши созандаи ҷавонон дар ҷомеа, тарбияи насли ояндасоз дар руҳияи созандагиву ободонӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастоварду музаффариятҳои Исттиқлолияти давлатӣ, ҳимояи суботу оромии ҷомеа, саҳми ҷавонон дар баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад махсус ёдовари намуданд.
Ҳамчунин дар ин вохӯрӣ чанде аз устодону донишҷуён ба сухан баромада, ҷонибдории амиқ намуданд, ки нерӯи мо ҷавонон дар интихобот муҳим аст ва ба хотири иҷрои масъулият ва қарзи шаҳрвандии худ дар ташкилу баргузории Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок менамоем.
Ҷиддан ҷавонон изҳор намуданд, ки мо ба тақдири ояндаи худ бетараф нестем ва бо масъулияти баланд чунин чорабиниҳои муҳимро паси сар мекунем. Мо номзади арзандаи худро дорем- изҳор доштанд ҷавонон!


23.09.2020 Нет комментариев