734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


“ҶАВОНОН, ИНТИХОБОТ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ” ДАР НОҲИЯИ Ҷ. БАЛХӢ

Ҷ.БАЛХӢ.  Дар толори муассисаи давлатии мактаби варзишӣ ва толори варзишии хусусии Баротов С. мулоқоти масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ҷавонони кӯчаҳои Сино, Ҷомӣ, Бобоҷонов ва деҳаҳои Ёшленинчӣ, Ғалаба, Зархез ва Ленини ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Балх ва Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар мавзӯи “Овози ҷавонон дар интихобот ҳалкунанда аст” миёни ҷавонони 17-18 сола баргузор карда шуд.
Дар вохӯри масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия оид ба моҳият ва муҳимият доштани ширкат дармаъракаи муҳими сиёсӣ Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои 29 соли соҳибистиқлолӣ, ки он дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу содиқ ба миллату давлат ба даст оварда шудааст суханронӣ намуданд.
Дар ҳамин замина аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки имрӯз чун аз ҳарвақта дида бештар барои расидан ба чор ҳадафи стратегӣ заҳмат кашем, барои ояндаи дурахшони насли имрӯзу ояндаамон атрофи сиёсати бунёдкоронаву созандаи Пешвои муаззами миллат боз ҳам муттаҳидтар гардем ва рисолати худро ҳамчун шаҳрванди содиқу ватандӯсту номбардори парчами Ватани азизамон иҷро намоем.
Масъулин дар охир ба варзишгарон таъкид намуданд, ки шумо ки муаррифгари давлату миллати хеш ҳастед бояд пайваста машқу тамрин намоед ва дар арсаи байналмилал бо варзиши худ парчами Ватанро боло бардоред.


23.09.2020 Нет комментариев