734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


СИЁСАТИ СУЛҲПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПОЙДОРИИ АМНИЯТУ СУБОТ ВА БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

1.1. ВАЗЪИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОХИРИ СОЛҲОИ

80- – УМ ВА АВВАЛИ СОЛҲОИ 90- – УМИ АСРИ ХХ

Дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта

вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабабҳои дигаргуниҳои куллии

бо ном «бозсозӣ», «ошкорбаёнӣ»-и Котиби генералии Ҳизби

коммунисти ИҶШС М.С. Горбачёв аз лиҳози таъсиррасонӣ ба

сохторҳои ҳокимияти давлатӣ рӯз то рӯз вазнинтар шуда, беҳокимиятӣ

ва ҷинояткорӣ қариб дар ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ шакли

муташаккилонаро мегирифт, вале барои ин хатари умумииҷтимоӣ

сохторҳои давлатӣ дар тамоми қаламрави иттиҳод бетарафӣ зоҳир

намуда, чораандешӣ намешуд. Роҳбарияти ҳизби коммунистӣ ва

сохторҳои қудратии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ин

падидаи хатарнокро нодида гирифта, хомӯширо авло дониста ба

моҳияти зиддииљтимоии он аҳамият надоданд.

Дар баробари дигаргуниҳои куллии демократӣ, шахсоне пайдо

шуданд, ки бо дасисабозиҳои саркардагони давлатҳои хориљӣ, ба

мардум демократияро дигаргуна шарҳу эзоҳ медоданд, аз ҳамин ҷо

оѓози бесарусомониҳо, љанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон рух

дода, беқонунӣ ва бесарусомонӣ боло гирифта боиси вазъияти

мураккаб ва халалдоршавии низоми љомеа гардид. Санадҳои

амалкунанда, тамоман риоя намешуданд. Он вақт дар доираҳои

воломақоми давлатӣ буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иљтимоӣ ҳукмрон буд,

ки ин беҳокимиятӣ бо пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ва

канда шудани муносибатҳои байнидавлатӣ ва байниидоравӣ,

беқурбшавии пул, мављуд набудани пули миллӣ ва аз байн рафтани

робитаҳои пешинаи шартномавӣ ва муҳимтар аз ҳама бо сар задани

ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба нестшавӣ овардани давлат мусоидат

мекард.

Истилоҳи харобшавӣ ё «диффузия»-и ҳокимиятро дар охири

солҳои 50-ум, намояндаи шинохтаи мактаби реализми таърихӣ

дар таърихшиносии муносибатҳои байналмилалии Амрико Уолт

Ростоу дар таҳқиқоти худ «Иёлоти Муттаҳида дар арсаи љаҳонӣ» 1

ба илм ворид кардааст, ки дар давраи дигаргуниҳо ба вазъияти

1 Ниг.: Rostow W . United State sinthe World Arena.New York, 1957.P. 414.

12

онрӯзаи Тоҷикистон низ рост омада, натиҷаи дараҷаи пасти

ҳокимияти сиёсӣ ва бетаљрибагии роҳбарияти ҷумҳурии тозаистиқлоли

Тоҷикистон, ба набудани заминаи зарурии ҳуқуқии ташкили

фаъолияти ниҳодҳои асосии ҳокимияти давлатӣ гардид. Низоми

ҳуқуқии дар Тоҷикистон ҳукмронбудаи ин давра аз рӯйи мундариҷа ва

вазифаҳои худ ба рељаи дигари соҳаи сиёсию ҳуқуқӣ, ба воқеияти

дигари иҷтимоию иқтисодӣ мутобиқ карда шуд.

Санаи 24-уми ноябри соли 1990 интихоботи бевосита ва алтернативии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, 2257476 ё 86,49 % -и интихобкунандагон ширкат варзиданд. Аз ин миқдор 58,52%-и интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштирокдошта ба ҷонибдории Раҳмон Набиев 2 собиқ Котиби якуми Ҳизби КМ коммунистии Тоҷикистон, овоз доданд. Ҳамзамон фишору таҳдидҳо алайҳи

намояндагони мухолифин шиддат гирифт, мухолифин ҳукуматро дар

тақаллубкории натиљаҳои интихоботи президент муттаҳам намуданд.

Талаботи таъсиси љумҳурии исломӣ торафт баландтар садо

медод, дар майдон аллакай ҳокимияти нав – «Кумитаи муваққатии

миллӣ» таъсис гардида, љонибдори роҳбарияти давлату ҳукумат

гардиданд. Муовини раиси Шӯрои Вазирони Љумҳурӣ, раиси Госплан

Б. Каримов сарвари он эълон шуд. Баъдтар баҳри канораљӯйӣ аз

вусъати зӯроварӣ Протокол дар бораи истеъфои роҳбарони љумҳурӣ

имзо карда шуд. Магар ин амалҳоро ба ѓайр аз вайронкунии тартиботи

ҳуқуқии меъёрҳои конститутсионии ташкили ҳукумат ё табаддулоти

давлатӣ ба таври дигар баҳо додан мумкин аст?

Боз як далел барои ақидаи овардаи мо дар бораи «диффузияи

ҳокимият» ин мебошад, ки чунин далелҳои қонунвайронкунӣ дар он

2 Дар бораи натиљаҳои интихоботи президенти ЉШС Тољикистон. Ахбороти Комиссияи марказии

интихоботи президенти ЉШС Тољикистон // Љумҳурият. 1991. 29 нояб. Дар арафаи интихобот ду нафар аз

номзадҳо  Қ. Аслонов ва И. Давлатов, ки ба бюллетени овоздиҳӣ шомил шуда буданд, номзадии худро

бозхонданд. Пештар аз ин Ю. Ахмедов аз номзадӣ даст кашида буд. Бинобар ин, дар бюллетени

овоздиҳии пинҳонӣ ном ва маълумоти дигар оид ба ҳафт номзади президентӣ сабт карда шуд.

13

давраи ҳассос хеле бисёр буданд ва бояд гуфт, ки воқеаҳои фољиавии

феврали соли 1990 барои сохторҳои давлатию қудратӣ, аз љумла

мақомоти ҳуқуқӣ, ѓайричашмдошт буданд. Дар ин ҳолати ногувор

эълони ҳолати фавқулода лозим буд, вале афсӯс, ки дар Тољикистон

асосҳои ҳуқуқӣ барои љорӣ намудани вазъияти фавқулода вуљуд

надошт, чунки дар қонунгузории он давра ин меъёр умуман сабт

нашуда буд. Барои нигоҳ доштани тартиботи љамъиятӣ 12 феврали

соли 1990 бо фармони Раиси Президиуми Шӯрои Олии ЉШС

Тољикистон вазъияти фавқулода ва соати комендантӣ дар пойтахт

љорӣ гардида, қонун дар бораи ин режими ҳуқуқӣ 1 декабри ҳамон сол

аз тарафи Шӯрои Олӣ қабул карда шуд.

Қонунгузории амалкунандаи куҳнашудаи Љумҳурии Шӯравии

Сотсиалистии Тољикистон, ки дар замони давлати Шӯравӣ қабул шуда

буданд, ба талаботи замон љавобгӯ набуд ва он дар ин шароити

вазнини муташанниљ ва гузариш аз як форматсияи карахти

сотсиалистӣ ба форматсияи нави демократӣ бесамар буда, барои

давлати љавони соҳибистиқлоли Тољикистон масъалаи коркард ва

қабули механизмҳои нави санадҳои меърии ҳуқуқӣ мушкилоти зиёдеро

ба миён меовард.

Қонунгузории нав барои Љумҳурии Тољикистон бисёр зарур буд,

ки он дар доираи тавозуни нави ҳуқуқӣ, озодии сиёсӣ, иқтисодӣ,

иљтимоӣ ва байналмилалӣ ворид гардад, зеро ба давлати навини

тозаистиқлол, қонунгузории босифату самараноке зарур буд, ки бо

асосҳои сохти конститутсионӣ, демократикунонии љомеа ва дар

мувофиқаи ҳуљљатҳои асосии байналхалқӣ бо дар назар доштани

манфиатҳои миллӣ бунёд ёфта бошанд.

Дар баробари пошхӯрии ИЉШС ва аз байн рафтани фазои

ҳуқуқии давлати Шӯравӣ барқароршавии сохтори давлатии Љумҳурии

Тољикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибистиқлол комилан аз

раванди нави мураккаби ташаккули шохаҳои конститутсионии

ҳокимият ва системаҳои сохтори нави санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оѓоз

ёфт.

Ин љо, дар навбати аввал, сухан дар бораи диффузияи ҳокимият 3

меравад, яъне коҳишёбии марказҳои «қувваҳои босамар», ки

мувозинати муносибатҳои давлатиро дар сегонаи «шахсият-љомеа-

давлат» таъмин мекунанд. Ба сифати чунин марказҳо ҳокимияти

давлатӣ, низоми миллии ҳуқуқии онҳо, инчунин ниҳодҳои давлатии

қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқии он баромад мекунанд.

3 Ниг.: Rostow W . United States in the World Arena. New York, 1957. P. 414.

14

Гуфтаҳои боло моро ба хулосае меоранд, ки аломати умумии

тамоми муноқишоти қавмию сиёсӣ, аз љумла, дар ҳудуди пасошӯравӣ

маљмӯи сабабҳои сершумори сиёсӣ, иљтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқие

ҳастанд, ки дар сатҳи объективӣ ва субъективӣ боиси маҳз чунин самти

инкишофи муносибатҳои байнидавлатӣ, байнимиллӣ ва байнимазҳабӣ

гардиданд. Инро набояд навмедона, чун ногузирии муноқишоти

қавмию сиёсӣ фаҳмид, балки дар ин љо сухан дар бораи он меравад, ки

асоси пешгирии муноқишоти дохилидавлатӣ ва роҳҳои ҳалли онро

бояд тадбирҳои муштараке ташкил диҳанд, ё бештари сабабҳои ин

муноқишотро бартараф созанд, ё ки онро пешгирӣ карда тавонанд.

Зиёд сар задани сабабҳои муноқишаҳои қавмию сиёсӣ ҳамеша ба

маънои мушаххас барои ҳар як давлат ё минтақаи алоҳидаи љаҳон

вижагии инфиродӣ ё анъанаҳои миллиро дар худ дорад.

Аз як тараф, маҳз ҳамин хусусиятҳо имкон намедиҳанд, ки

нақшаи аниқу доимии пешгирӣ ва ҳалли муноқишаҳо таҳия шаванд, аз

тарафи дигар, ин ба пайдоиши манбаи инкишофи ҳар гуна низоъҳои

қавмию миллӣ оварда мерасонад. Ин, хусусан, барои муноқишоти дар

ҳудуди давлатҳои соҳибистиқлоли пасошӯравӣ бавуқуъомада муҳим

аст, чунки сабаби ҳар кадоми онҳо дар паси бозиҳои геополитикӣ ва

созишҳои сиёсии солҳои 20 – 40-уми асри гузашта ниҳон аст.

Љанги таҳмилии шаҳрвандии Тољикистон баъди ба даст овардани

истиқлолияти давлатӣ оғоз гардид, ки он хусусиятҳои этноиљтимоии

хоси худро дошт ва мусолиҳаи он ҳам осон набуд.

Аввалан, дар тафовут аз тамоми љангҳои дигар дар қаламрави

Давлати шӯравии собиқ иттиҳод он љанги субэтникист 4 (Субэтнос –

яке аз сатҳҳои таксонометрии қавмият аст, ки мақоми миёнаро

байни љомеаи этникӣ ва гурӯҳи этнографӣ ишѓол мекунад. Гурӯҳи

этнографӣ дохилии халқ-қавм аст, ки чунин шуурдошта

метавонад ба гурӯҳи этникӣ табдил ёбад. Бинобар ин, дар адабиёти

илмӣ он ҳамчун муноқишаи байни тољикон) ё чун љанги шаҳрвандӣ

зикр мешавад ва сиёсатмадорон ҳам ин љангро бештар шаҳрвандӣ

мегӯянд. Баъзе љумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба осонӣ ва

озодона бо роҳи демократӣ ва баъзеяшон бо паси сар кардани каме

монеаҳои расмӣ мустақил шуда бошанд, тољиконро дар ин љода роҳи

тӯлонӣ, мушкил ва хунине дар пеш меистод.

Аз рӯзҳои нахустини эълони истиқлолияти љумҳурӣ қувваҳое

падид омада, афзуданд, ки мекӯшиданд дар шароити демократияи

эълонгардида соҳиби мансабу ҳокимият шаванд. Ҳизбу ҳаракатҳои

4 Ниг.: Бромлей Ю. В . Этнос и этносоциальный организм // Вестник АН СССР. 1970. № 8. – С.48–54.

Ташаккули субэтноси тољикӣ ба асрҳои IX–X мансуб аст.

15

созмонёфта, ки баъзан барномаи аниқи амал надоштанд, ба љойи он ба

фаъолияти ташкили гирдиҳамоӣ пардохтанд, рӯзу шаб қатъ нашуда

тамоми кишварро фаро гирифта буд. Таркиши иљтимоии баъдан

рухдода хусусияти субэтникӣ дошт, ки билохира Тољикистонро ба

љанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашид. Барои суханони мазкур оид ба сар

задани ин ҳодисаи нанговари бародаркуш ҳама асосҳо вуљуд доранд.

Вале бояд таъкид кард, ки муҳољирати аҳолии русзабон зимни ин

воқеаҳо набояд чун љанбаи зиддирусӣ шинохтани муноқиша бошад.

Аҳолии рус ва русзабонон, ки дар қаламрави љумҳурӣ истиқомат

мекарданд, дар пайи љустуљӯйи ҳаёти беҳтар, ҳанӯз то оѓози љанги

шаҳрвандӣ, яъне дар охирҳои соли 1990 Тољикистони аз љиҳати

иқтисодӣ харобшударо (ҳамроҳ бо тољикон) тарк намуда буданд.

Танҳо пас аз оѓози марҳилаи шадиду хунбори муноқиша муҳољирати

русҳо хусусияти оммавӣ гирифт, чунки дар қиёс бо тољикон онҳо љойи

гурезу халосӣ надоштанд ва оқибати фалокатбори машаққатҳои

љангро эҳсос мекарданд.

Ҳамчунин гуфтан мумкин нест, ки рӯйдодҳои љанги бародаркуши

шаҳрвандӣ дар Тољикистон хусусияти қавмию маҳалгароиро дошт,

зеро бо вуљуди ихтилофоти ошкорои миёни тољику минтақаҳои шимол

љонибдорони роҳи инкишофи дунявию секулористӣ новобаста аз

мансубияти қавмиашон ва минтақаи кӯлобзамин бар зидди

ифротгароии динӣ муттаҳид шуданд. Ҳамин тариқ, сафи ифротгароёни

динӣ низ аз ҳисоби намояндагони ҳар ду минтақа- Рашту Бадахшон

зиёд мешуд. Аз ин љо хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳодисаҳои дар

тамоми қаламрави Тољикистон сарзада хусусияти маҳалгароӣ ва

натиљаи пешниҳоди кадрии ҳизби коммунист дар вазифаҳои баланди

давлатӣ аз як маҳал ва фоъолияти махфии ҳизби наҳзати ислом, ки дар

солҳои ҳафтодуми асри гузашта ба љумҳурӣ оварда шуда буд, дошт.

Хусусияти дуюми фарқкунандаи муноқиша ва музокироти

тољикон ин аст, ки тарафҳои мухолиф тавонистанд, формулаи ягонаи

анъанавии оштии миллиеро дарёбанд, ки он ифодаи мушаххаси ҳуқуқӣ

ва аҳамияти муҳими асоснокии конститутсионӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ

дорад.

Аз ин љо хусусияти сеюми ин натиљаи музокирот бармеояд, ки он

ба таѓйироти иљтимоӣ ва ҳуқуқии сохти давлатии Тољикистон аз

таѓйири шакли ҳукмронӣ то ташаккули модели нави сохтори

идоракунии парламентаризму модели демократии сохтори низоми

ҳуқуқӣ таъсир расонд.

Ин, аз як тараф, дурандешии сиёсию идеологӣ, озодии воқеии

сухан ва шаклҳои ифодаи онро талқин кунад, аз тарафи дигар,

16

ҳокимияти қавии марказӣ ва механизмҳои дахлдори мувозинатро

муқаррар менамояд ва ѓасби ҳокимиятро аз љониби ҳар гуна

иттиҳодияҳои љамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ё шахсони

алоҳида истисно мекунад, ки шакли идораи љумҳурӣ, тамомияти арзӣ,

моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иљтимоии давлат

таѓйирнопазир мебошанд (моддаи 100-и Конститутсия).

Хусусияти

чоруми фарқку-

нандаи ин муно-

қиша дар омези-

ши раванди гуф-

тугӯйи байни та-

рафҳои даргир

аст, ки ташнаи со-

зиш буданд, вале

наметавонистанд,

онро изҳор на-

моянд ва бо фи-

шори сахт дар

доираи қонунгузорӣ ба намояндагони мухолифин, ки аз тарафи

зархаридони хориљӣ зоҳир мегардид, тавофуқро вайрон мекарданд. 5

Моҳиятан, таҳлили мазмуни муноқишаи дохилии Тољикистон,

раванду натиљаи танзими он, ки то ин ё он дараља дар таҳқиқи олимони

амрикоӣ, рус ва тољик оварда шудааст, ин хулосаҳои умумиро вобаста

ба вазъияти бавуҷудомада тасдиқ мекунанд. 6 Аммо бисёре аз

муқаррароти таҳлили оид ба таҳқиқоти илмӣ дар бораи љанги

таҳмилии шаҳрвандӣ маълум мешавад, ки љанбаҳои муҳими моҳияти

инкишофи низоъ, хусусан љанбаҳои авлодию қавмӣ-минтақавӣ ва

5 Ниг.: Шарипов Х. Х . Действия личного состава МВД при проведении специальных операций. Душанбе,

2003.

6 Ниг.: Сондерс Г. X. Мирный процесс: концептуальные рамки; мирный процесс: оперативные рамки //

Урегулирование конфликта и построение гражданского общества. Вашингтон; М., 1997. – С. 5–25; Слим

Р., Сондерс Г. Урегулирование конфликтов в разделенных обществах: уроки Таджикистана // Ҳамон љо. –

С. 271–280; Чуфрин Г., Сондерс Г. Общественный миротворческий процесс на практике // Ҳамон љо. – С.

224–244; Махмадов А. Н. Таджикистан: урегулирование «нетрадиционного» конфликта и построение

гражданского общества // Ҳамон љо. – С. 53–57; Звягельская И. Состоится ли таджикское урегулирование

// Центральная Азия. 1997. № 4(10). – С. 58–60; Олимов М. Проблемы методологии анализа и прогноза в

изучении межтаджикского конфликта // Центральная Азия. 1997. №5 (11). -С.54–59; Имомов А.

Согласительные документы и их конституционное значение // Вестник Таджикского госуниверситета.

История, юриспруденция. Душанбе, 1993. – С. 87–89; Ҳамон муаллиф . Общественно-политические

конфликты и доминация согласительных документов // Права человека и развитие демократии в

Таджикистане: проблемы и перспективы. Душанбе, 1997. – С. 12–23; Ҳамон љо. Межтаджикский

конфликт: общественное согласие и согласительные документы // Центральная Азия. 1998. № 2(14).- С.

45–51.

17

љиноятии онро мепӯшонанд ё начандон ба табиати ҳуқуқии муноқиша,

масалан, ба таѓйирёбии ниҳодҳои давлатдорӣ дар рафти љанг ва

ҳамчун шарти танзими он диққат медиҳанд.

Давлати навтаъсиси тољикон ба маром ва анъанаҳои гурӯҳҳои

гуногуни тољикон созгор набуд. Омилони асосии сиёсати давлат ва

созандагони љумҳурии нав тољикони бозгашта аз Русия, инчунин

тољикони Самарқанд, Бухоро, Хуљанд буданд. Онҳо барои сохтмони

давлатӣ ба Душанбе сафарбар карда шуда, нақши худро дар

миёнаравоии байни маъмурияти марказӣ ва аҳолии маҳаллӣ

медиданд. 7

Дар воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта шиори таъсиси давлати

исломӣ дар айни љӯшу хурӯши љанги шаҳрвандӣ ҳатто дар миёни

ширкаткунандагони мухолифат љонибдории васеъ надошт. Ин

масъаларо танҳо исломгароёни ифротӣ мебардоштанд. Тибқи пурсиши

сотсиологии соли 1992 (дар љумҳурӣ) 93% аз посухдодагон зидди

таъсиси давлати исломӣ буда, зимнан 64,2% исломро чун қисмати

људонопазири таъриху фарҳанги кишвар эътироф мекарданд. Гузашта

аз ин, ислом амалан ба тарзи ҳаёт, нигоҳдорандаи анъанаҳо табдил

ёфта, љомеаро водор ба такрористеҳсолкунӣ бо таѓйироти камтарин

даъват мекунад ва имконияти мутобиқшавию дигаргунпазирии онро

коҳиш медиҳад. Ин вазифаи, пеш аз ҳама, бетарафии ҳар як дин, аз

љумла дини мубини ислом буда, аз љониби мухолифини давлату

ҳукумат устокорона истифода мешуд.

Аввалан, дар шароити таркиши демографӣ (тайи даҳсолаҳои ахир

афзоиши табиии аҳолӣ дар Тољикистон ҳарсола 3–4% -ро ташкил

медод) 8 , торафт паст шудани сатҳи зиндагӣ ба аҳолӣ танҳо нӯшу

неъмат ва сарвати он дунёро метавон ваъда дод. Ҳеҷ як идеологияи

дунявӣ дар ин масъала тоби рақобат бо динро (ҳама гуна динро)

надорад.

Дуюм, дар ҳама гуна дин, хусусан дар дини мубини ислом, асосҳои

умумидемократӣ, ки тамоми бенасибону ранљидагонро муттаҳид

месозад, хеле тавоно аст. Дин худ ба худ мақоми иљтимоиро баробар

намуда, одамонро дар назди Худо баробар медонад ва ногузир будани

дидор бо Офаридгорро дар он дунё талқин мекунад. 9

Тољикистонро «гаҳвораи» ифротгароии дини ислом шуморидан

тамоман хаттост. Қайд кардан зарур аст, ки равияи дини исломи

7 Ниг.: Олимова С.К., Олимов М. А. Независимый Таджикистан: трудный путь перелома // Восток. 1995.

№ 1. – С.135–136.

8 Ниг.: Бушков В. И. Таджикистан: традиционное общество в постиндустриальном мире //

Этнографическое обозрение. 1995. № 4. – С.91.

9 Ниг.: Ахмедов А. Социальная доктрина ислама. М., 1982. – С.142.

18

Тољикистон «исломи халқӣ» мебошад, ки тайи асрҳо дар заминаи

омезиши исломи классикии асрҳои VII–VIII овардаи истилогарони

араб бо ойину динҳои маҳаллӣ, аз љумла масеҳияти қадим, зардуштӣ ва

монавия ба вуљуд омадааст. Дар натиља шохаи махсуси тољикии

суннимазҳаби Имоми Аъзам, ки асосгузори ин мазҳаб Абуҳанифа

Нуъмон ибни Собит мебошад, ба миён омад, ки баробар бо дигар

равияҳои ислом, мазҳабҳои аҳли суннат ва љамоа ҳуқуқи мављудиятро

дорад. Ихтилофоти байни рӯҳониёни суннатӣ ва љонибдорони исломи

«ноб» аз лиҳози табиати теологӣ ягон мазмуни сиёсӣ надоштанд. Он бо

маҳдудиятҳои сунъии иљрои расму ойини динӣ дар замони ҳокимияти

Шӯравӣ ворид гардид, ки оташи таваљљуҳ нисбат ба исломи «ноб»-ро,

пеш аз ҳама, дар байни зиёиёни љавони мамлакат доман мезаданд.

Дар ибтидо гурӯҳҳои бунёдгароёни исломӣ аз одамоне иборат

шуданд, ки то қадри муайян робитаро бо сохторҳои анъанавии љамоат

ва қавм аз даст дода буданд ва бештари инҳо ҷавонон аз хонаводаҳои

камбизоат буданд. Ин гурӯҳҳо ѓайриқонунӣ мактабҳои омӯзиши

Қуръон ва забони арабиро кушоданд. Ҳамон вақт низоъҳои нахустин

миёни суннатиёну бунёдгароён ба амал омад, зеро ба бунёдгароён

муяссар шуд, ки мактаби динии худро таъсис диҳанд.

Бознашр аз китоби “МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: МАСЪАЛАҲОИ
ТАШАККУЛ ВА РУШД” Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


22.09.2020 Нет комментариев