734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


РУБРИКА: ЧАРО МАН БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОВОЗ МЕДИҲАМ!!! ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ XVI- – УМИ Ш ӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – САРОҒОЗИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ПЕШГИРИИ АЗ БАЙН РАФТАНИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН

Санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар толори Қасри Арбоб дар

наздикии шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии ХVI – уми Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки Тоҷикистони

соҳибистиқлолро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дод.

Воқеан, он замон, яъне аз моҳи сентябри соли 1992 кишварро

буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта буд, ки

метавонист Тоҷикистонро нобуд кунад, вазъияти вазнини сиёсӣ ба

дараҷае расид, ки Президенти Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри

Душанбе аз ҷониби неруҳои мусаллаҳи мухолиф ба муҳосира гирифта

шуда, ба истеъфо маҷбур карда шуд.

Дар моҳи октябри ҳамон сол Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сабаби авҷ

гирифтани даргириҳои низомӣ байни неруҳои мухталифи сиёсӣ фалаҷ

гардида, ба истеъфо рафт. Пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе ба

саҳнаи даргириҳои мусаллаҳона ва ҷанги бародаркуш мубаддал шуд ва

Тоҷикистонро фалокати аз байн рафтан таҳдид мекард.

Дар чунин вазъи хеле хатарнок ва мудҳиш баргузор кардани

Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо роҳи

наҷоти Ватан буд. Ба сабаби набудани оддитарин шароити амниятӣ

дар шаҳри Душанбе Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ќарор ќабул

кард, ки Иҷлосияи ХVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар

шаҳри Хуҷанд баргузор шавад.

Дар ин иҷлосия аз 197 вакил 186 нафар ба роҳбарияти нави

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии шахси ҷасуру

ватанпараст Эмомалӣ Раҳмон раъйи мусбат дода, сарнавишти ояндаи

мамлакатро ба маќсади таъмини сулҳу салоҳ, ободии кишвар ва

беҳбудии зиндагии мардум муайян намуданд.

Роҳбарияти нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро

дар ин иҷлосия аз ворид кардани муҳимтарин ва заруртарин таѓйирот

ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афви умумӣ» ва «Дар

бораи гурезаҳо» шурӯъ намуд, ки дар он замон масъалаҳои доѓи рӯз

буданд. Дар ин иҷлосия ҳамчунин фармондеҳони гурӯҳҳои мухталифи

даргир савганд ёд карданд, ки ба даргириҳо хотима медиҳанд, сулҳу

суботро дар Ватан таъмин менамоянд ва бо ҳам оштии абадӣ

мекунанд.

Бояд ќайд кард, ки иҷлосияи таърихии ХVI – уми Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таъмини сулҳу субот, ризоияти

саросарии ҷомеа, ваҳдату ягонагӣ, вусъати худогоҳиву худшиносӣ,

30

ифтихору ҳувияти миллӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ба муттаҳидӣ

даъват кардани халќи тоҷик наќши муассир дошт, ки дар ҳамин замина

минбаъд ташаккули андешаи созанда ва муосири миллии мо тадриҷан

шурӯъ гардид.

Роҳбарияти нави Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз

ҷамъбасти иҷлосия ба шаҳри Душанбе омад, ки дар он ҷо ҳатто нони

хӯрдан пайдо кардан мушкил буд.

Лекин ба ин мушкилоти рӯзгор нигоҳ накарда, роҳбарияти нави

ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, бо барномаи муҳими сиёсӣ ба халќи шарифи

кишвар муроҷиат намуданд, ки бояд ҳарчи зудтар дар тамоми гӯшаву

канори Тоҷикистон ҳокимият ва маќомоти идоракунӣ барќарор

гардад, гурезаҳо ба шаҳру деҳот ва манзили худ баргардонида шуда, бо

сару либос, хӯрокворӣ таъмин шаванд. Фаъолияти мунтазами

корхонаҳову муассиса ва хоҷагиҳо ба роҳ монда шуда, Артиши миллӣ

таъсис дода шавад ва амнияти давлатӣ таъмин гардад.

Раёсати Шӯрои Олӣ ва Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

бо дар назар доштани таъмини амнияти мардум, беҳбуд бахшидан ба

сатҳи зиндагии аҳолии кишвар ва аз вартаи мушкилоти иќтисодӣ ва

иҷтимоӣ берун овардани халќ як силсила ќарору фармонҳо ќабул кард.

Бештари ин ќарору фармонҳо барои ҳаллу фасли масъалаҳои доѓи рӯз,

ба монанди афви умумӣ, халъи силоҳ, мубориза ба муќобили

ҷинояткорӣ, таъмини мардум бо хӯрокворӣ, зиёд намудани маош,

мустаҳкам кардани муносибатҳои байналмилалӣ равона шуда буданд.

Барои ба эътидоли комил овардани вазъияти дохилии кишвар

роҳбарияти Тоҷикистон кӯшиш намуд, ки маќомоти ҳокимияти

давлатӣ ва идорӣ, низоми судӣ ва маќомоти ҳифзи тартиботу ќонунро

ҳамаҷониба мустаҳкам намоянд.

Ҳадафи асосӣ аз ин иќдомот, амалан таҳти як парчам ва рамзҳои

давлати мустаќил гирд овардану минбаъд муттаҳид сохтани неруҳои

гуногуни сиёсӣ, гурӯҳҳои силоҳбадаст ва тамоми мардуми ошуфтаву

парешонгаштаи Тоҷикистон буд. Зеро дар он айём ќисми зиёди

одамоне, ки огоҳона ё ѓайриогоҳона ба сиёсат гаравида буданд,

пойбанди талошҳои афзалият додан ба манфиатҳои маҳдуди маҳаллӣ

буданд.

Дар чунин шароит ќабули рамзҳои давлатӣ – Нишон ва Парчами

миллӣ ва дар айни замон муайян кардани самтҳои минбаъдаи

пешрафти кишвар ба сӯйи ҷомеае, ки ҷавобгӯйи манфиатҳои тамоми

мардум ва мутобиќ ба меъёрҳои ҷомеаи муосир ва мутамаддин бошад,

аз ҷумлаи масъалаҳои умдатарини кори иҷлосия буд.

31

Баъд аз анҷо-

ми Иҷлосияи таъ-

рихии ХVI – уми

Шӯрои Олӣ Раиси

навинтихобшудаи

Шӯрои Олии Ҷум-

ҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ

Раҳмон тамоми ќув-

ва ва иродаю имко-

нияти хешро барои

таъмини сулҳ, бар-

гардондани муҳоҷи-

рин ба Ватан ва оғози музокирот бо мухолифини собиќ равона намуд.

Иҷлосияи ХVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти

таърихӣ дошта, дар бобати ҳалли маҷмӯи проблемаҳои ҷомеаи

оташгирифта ва роҳҳою усулҳои ба эътидол овардани вазъияти

мамлакат 74 санади ҳуќуќӣ, аз ҷумла, 15 ќонун, 52 ќарор, 6 фармон, 1

изҳорот ќабул намуд, ки, аз як тараф, салоҳияту ваколати онро собит

менамуданд, аз тарафи дигар он санадҳо барои солҳои баъдии мардуми

кишвари дорои собиќаи бузурги таърихӣ чун як барномаи мукаммал

ҳисоб меёфтанд. Зеро дар партави ќарорҳои иҷлосияи мазкур ва такя

ба соҳибистиќлолии давлатӣ рушди имрӯзу фардои кишвар ба чунин

дастури ҷиддан таҳиягардида эҳтиёҷ дошт.

Таҳлили татбиќи аснод ва маромномаҳои иҷлосияи таърихии ХVI

– уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зиндагии иҷтимоӣ ва

сиёсии кишварамон ва натиҷаҳои таърихии он то имрӯз ба хулосаҳои

зерин меоварад:

  1. Яке аз вазифаҳои асосие, ки дар Иҷлосияи таърихии ХVI – уми

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида буд, ба Ватан

баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар

буд.

Дар натиҷа дар давраи солҳои 1993-2000 ба ҷойҳои доимии зисти

худ дар саросари мамлакат ҳамагӣ 950 599 нафар бозгардонида

шуданд, ки аз ҷумлаи онҳо аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои

Мустаќил – 201 601 нафар, Афѓонистон 51 345 нафар, аз ноҳияҳои

гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон – 697 653 нафар буданд.

  1. Вазифаи муҳими дигар – таъмини сулҳу субот, ризоияти

саросарии ҷомеа, ваҳдату ягонагӣ буд. Дар натиҷаи музокироти

тӯлонии байни тоҷикон, ки аз 5-уми апрели соли 1994 то 27-уми июни

32

соли 1997 дар кишварҳои Афѓонистон, Покистон, Эрон, Ќазоќистон,

Ќирѓизистон, Русия, Туркманистон идома ёфт, муяссар шуд, ки дар 9

даври музокирот ва 6 мулоќоти сарон 40 санади барои миллат муҳим

ба имзо расонида шавад, ки бузургтарини он «Созишномаи умумӣ дар

бораи истиќрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» буд.

  1. Дар Иҷлосия фаъолияти ќонунгузории давраи навини

Тоҷикистони соҳибистиќлол баррасӣ ва тасдиќ гардид. Дар натиҷа

Сарќонун (Конститутсия)-и нави мамлакат 6-уми ноябри соли 1994

ќабул гардид. Ќабули Конститутсия, интихоби Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон, вакилони халќ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ

дар асоси конститутсияи нав ва тасдиќу таъйини ҳамаи сохторҳои

давлатӣ моро ба сӯйи таҳкими ҳокимият ва сохтмони ҷомеаи

демократӣ ва ҳуќуќбунёду дунявӣ дар мамлакат ҳидоят намуданд.

  1. Иҷлосияи таърихӣ масъалаи аввалиндараҷаи бозсозии Ватан ва

пешбурди рушди иќтисодиро ҳамчун вазифаи асосӣ нишон дод. Дар

натиҷа баъд аз барќарории сулҳу субот бозсозии Ватан шурӯъ шуд.

Дар ин давра иншооте, ба монанди сохтмони роҳи оҳани Ќӯрѓонтеппа

– Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб – Хоруѓ – Кулма – Ќароќурум, наќби

Истиқлол, сохтмони неругоҳи барќии обии Сангтӯда, азнавсозии

фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, таъмиру азнавсозии роҳу

пулҳои харобшуда дар водиҳои Рашту Вахш ва садҳо иншооти дигар

амалӣ гаштанд.

  1. Иҷлосияи ХVI – уми масъалаи гузаштан ба иќтисоди бозорӣ ва

рушду нумӯи иќтисоди Тоҷикистонро заруртарин масъала ҳисобида,

иҷрои онро таќозои замон номид.

  1. Иҷлосияи ХVI – ум заминаи таҳкими робитаҳои бисёрсамтаро

бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ гузошт.

Дар натиҷа, фаъолияти пешбаранда, пешбинишаванда, мутавозин ва

ташаббускоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо давлатҳои

дигар имкон дод, ки обрӯ ва эътибори он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тайи бисту

ҳафт соли охир бамаротиб биафзояд.

  1. Иҷлосияи ХVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти

конститутсиониро барќарор намуда, харобшавии пурраи низоми

иќтисодии мамлакатро пешгирӣ намуд ва ба татбиќи дигаргуниҳо дар

иќтисоди кишвар ибтидо гузошт. Ҳукумати ҷумҳурӣ ќадамҳои

нахустини худро аз таъмини рушду пешрафти устувори иќтисоди

миллӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии халќ дар заминаи татбиќ ва

инкишофи механизмҳои иќтисоди бозорӣ оѓоз намуд.

Баъд аз анҷоми иҷлосияи ХVI – уми Раиси нави Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоми ќувва ва иродаю

33

имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани гурезагони

иҷборӣ ба Ватан ва шурӯи музокирот бо мухолифини собиќ равона

намуд.

Бегонагоне, ки ин ҷангро ба сари миллат таҳмил карда буданд,

маҳз таназзулу нобудии давлатдории тоҷиконро мехостанд. Аммо

ҷонбозиҳои Сарвари бонангу номуси ватан, фарзанди фарзонаи

миллати тоҷик, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тири онҳоро ба хок

зад.

Бояд халќи тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунад, ки он замон баъзе аз

кишварҳои дуру наздик намехостанд дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ

бошад ва бо ҳар роҳ ба раванди сулҳу субот халал мерасонданд.

Тавре ки маълум аст, аз нахустин ќадамҳои истиќлолият

доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва

усулҳои озмудаи худ бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва

бозиҳои сиёсӣ давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии

шаҳрвандӣ гардонданд. Дар натиҷаи ин ҷанги бемаънии бародаркуш

беш аз сад ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ кушта ва нобуд шуданд, ќариб як

миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои

ҳамсоя фирор намуданд. Мувофиќи ҳисобҳо ҷанги таҳмилӣ ба

иќтисодиёти мамлакат дар маҷмӯъ беш аз 10 миллиард доллари

амрикоӣ зиёни моддӣ расонид, ки он замон 105 маротиба аз буҷети

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1995 зиёд буд. Зиёда аз 30 ҳазор хонаи

истиќоматӣ сӯзонда, садҳо биною иншоот, корхонаю фабрикаҳо,

муассисаҳои тиббӣ, мактабҳо ва идораҳои давлатӣ харобу валангор

гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад, зеро бар асари

он даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон, даҳҳо ҳазор занон аз

шавҳаронашон маҳрум гардида, зиёда аз 55 ҳазор кӯдак ятим монд.

Доираҳои сиёсии хориҷӣ ва шарикони дохилии онҳо наќшаи ќисмат

намудани Тоҷикистонро тарҳрезӣ намуда, бо ҳамин роҳ аз байн

бурдани давлати тоҷиконро ба наќша гирифта буданд.

Иҷлосияи таърихии ХVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон на танҳо Раҳмон Набиевро дар сари ќудрат барќарор

накард, балки умуман ниҳоди президентиро дар кишвар барҳам дод ва

сохтори нави ҳокимият ташкил карда шуд. Иҷлосия Раиси комиҷроияи

вилояти Кӯлоб марди ҷасуру чолок ва далери сарсупурдаи миллат

Эмомалӣ Раҳмонро раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуд, ҳокимияти

сиёсӣ дар кишвар ба дасти ӯ гузашт.

Маҳз дар Иҷлосияи таърихии ХVI – уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ

ҳукумати нав таъсис ёфт ва дар чунин лаҳзаи барои тамоми мардуми

кишвар вазнини таќдирсоз, созиш оид ба оташбас миёни

34

фармондеҳони саҳроии ҷонибҳои даргир ба даст оварда шуд, ки

минбаъд бояд барои оѓози оромии вазъияти Тоҷикистон замина

фароҳам меовард. Санаи 10 – уми декабри соли 1992 дастаҳои

мусаллаҳи тобеи Эмомалӣ Раҳмон вориди Душанбе шуданд. 29

Дарвоќеъ, зоҳиран Душанбе бо ҳамкории фаъоли ихтиёриёни ӯзбек,

баталиёни таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати

амнияти Тоҷикистон иҳота карда шуда буд. Ҳамчунин ҳавопаймоҳои

ҳарбии Ӯзбекистон истифода шуданд. 30 Дар ин ҳодисот ҷангиёни

кӯлобии Фронти халќӣ ҳам саҳм доштанд, ки минбаъд асоси ќувваҳои

нави мусаллаҳи Тоҷикистонро ташкил доданд.

Санадҳои зиё-

ди меъёрию ҳуќу-

ќӣ, ки Конститут-

сияро таѓйир ва

такмил дода, реҷа-

ҳои махсуси ҳуќу-

ќиро муќаррар ме-

карданд, ба андо-

заи муайян фазои

ҳуќуќии ҷумҳуриро

«дарбеҳ», яъне пур

мекарданд, вале аз

сабаби шитобко-

рии омодасозӣ дар фазои эҷоди ќонунгузорӣ, набудани тартиботи

аниќи ҳуќуќии мувофиќат ва ќабулкунӣ ба низоми ягона шомил

намешуданд ва аксаран ихтилофҳо ва иштибоҳҳои техникию ҳуќуќӣ

фарќ доштанд.

Ҳамзамон, ин давра дар Тоҷикистон вазъият хеле муташанниҷ

буда, мардум аз ҳукумати Раҳмон Набиев норозигӣ баён намуда, ба

воситаи саркардагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сар задании

ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ба миён омадаро маҳкум мекарданд.

Ҳукуматҳои маҳаллӣ оташи ҷангро дар самти Қӯрғонтеппа (Бохтар) ва

Кӯлоб хомӯш карда наметавонистанд.

Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар

рӯзҳои аввали муқовимати оғозшуда худро бетараф эълон намуда, ба

иҷрои фаъолона ва масъулиятнокии вазифаҳои худ хеле оҳиста ва

беѓаразона рӯй меоварданд, ќувваҳои мухолиф ба мисли пешина ба

29 Orr M. The Russian Army and the War in Tajikistan // Tajikistan: the Trials of Independence / Eds.

M.-R. Djalili, F. Grare, S. Akiner. Richmond, 1998.P. 154.

30 Ibid.

35

дастгирии лавозимоти ҳарбию иќтисодии як ќатор мамлакатҳои

исломӣ такя мекарданд.Ҷустуҷӯйи ҷавоб ба саволи ҳамешагии дар ин

вазъияти ногувор «Чӣ бояд кард?» ба ҷустуҷӯйи роҳҳои нигоҳдории

давлати тоҷикон ва аз даст додани генофонди миллат ва пешгирӣ

намудани фалокати миллӣ яке аз масъалаҳои муҳими таќдирсоз дар

назди миллати тоҷик буд. Ҳалли ихтилофи байни тоҷикон масъалаи

асосии ҳукумати нав, дар ҳаќиќат ба ибораи Асосгузори сулҳу ваҳдати

миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ

Раҳмон, парламенти «аз хоб бедоршуда» ба ҳисоб мерафт. 31

То лаҳзаи барқарор намудани мансаби президентӣ дар

Тоҷикистон ва ба ин мансаб интихоб шудани фарзанди фарзонаи

миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон самти умумии ҳалли имконпазири

ихтилоф, асосан, ба ҳеҷ як фарди тоҷик фаҳмо набуд, ҳеҷ кас

масъулияти роҳбаладии идораи давлатро ба уҳда намегирифт, аз

мансабҳои калони давлатӣ канорагирӣ менамуданд. Фақат иродаи

сиёсӣ ва устувор дар ҳалли масоили сиёсӣ намерасид ва тамоми

мардуми азияткашидаи тоҷик нигарони қарорҳои роҳбарияти нави

тозаинтихоби давлати соҳибистиќлол бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон

буданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси тозаинтихоби Шӯрои

Олӣ – фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар

оѓози ба ҳайси раис интихоб шуданашон, соли 1992 омодагии худро

ҷиҳати ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ арз намуда, масъулияти

ҳодисаҳои дар Тоҷикистон рӯй дода ва тақдири ояндаи сокинони

сершумори оддии онро, ки ба ин ё он андоза дар ҷанги шаҳрвандӣ

зарар дида буданд, дарк намуда буд.

бознашр аз китоби “МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: МАСЪАЛАҲОИ
ТАШАККУЛ ВА РУШД” Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


22.09.2020 Нет комментариев