734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


РУБРИКА: ЧАРО МАН БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОВОЗ МЕДИҲАМ!!! БА ДАСТ ОВАРДАНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА ОҒОЗИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ

Ҳама муноқишаҳои дохилию минтақавӣ дар қаламрави

давлатҳои худмухтори пасошӯравӣ, ба мисли муноқишаҳои

Чеченистони Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон,

Қирғизистон, Арманистону Озарбойҷон, Гурҷистон, Приднестровеи

Молдова ва Украина дар баробари аломатҳои фарқкунандаи миллӣ ва

ҳудудӣ, инчунин нишонаҳои муштараку шабеҳ доранд.

Аввал, сабабҳои муноқишаҳо дар ҳамаи онҳо оқибати пош

хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии

Сотсиалистӣ буда, ғояи асоси ин тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ, ташкили

ҷумҳуриҳои худмухтори миллӣ ва аз байн рафтани ташкилоти

худмухтори шӯравӣ, суқути низоми сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ ва

идеологии шӯравӣ мебошад, ки тайи ҳафтод сол ба туфайли ҳокимияти

марказии қавӣ ва дастгоҳи тавонои муҷозотӣ суботи умумиро дар ин

иттиҳоди абарқудрат таъмин менамуд.

Бинобар ин, ҳама ҷидду ҷаҳди ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар

чаҳорчӯбаи СММ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)

ва ИДМ, оид ба танзими ҳолатҳои буҳронӣ дар Федератсияи Русия,

Тоҷикистон, Гурҷистон, Қарабоғи Кӯҳӣ, Приднестровеи Молдова ва

19

дар Украина аз лиҳози сиёсӣ – аз ҷустуҷӯйи омили арзёбикунандаи

суботкоронаи шӯравӣ, аз нигоҳи ҳуқуқӣ – аз ҷустуҷӯйи механизмҳои

ҳуқуқии танзими масъалаҳои баҳсноки давлатдории мустақил иборат

мебошанд.

Дуюм, сабаби муноқишаҳо аломати муштараки якхелаи ин

давлатҳои соҳибистиқлол, ки солҳои тӯлонӣ аз маркази тавоно

роҳбарӣ карда мешуд ва хеле мушкил будани танзими ин давлатҳо дар

парокандагӣ мушоҳида гардид, то ҳадде ки дар САҲА онҳоро

муноқишаҳои «карахт кардашудаи Иттиҳоди Шӯравӣ» номидаанд.

Пас аз фурукашии қисмати фаъоли ин муноқишаҳо дар нимаи

аввали солҳои 90-уми асри ХХ, ин даргириҳо чун низоми мураккаби

тағйирёбанда ба як ҳолати устувори қароргирифта гузаштанд, ки

зимни он бидуни таъсири берунӣ метавонанд, гоҳе бедору гоҳе

оромшуда муддати дуру дароз дар ҳамон ҳолат боқӣ монанд.

Ризояти миллӣ ва имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ дар

Тоҷикистони соҳибистиқлол истиснои хушбахтонае аз ин «қоидаи

умумии» пасошӯравӣ мебошад, вале ин барои таскин додани худ ё

бехатарии ҷомеа асос шуда наметавонад, чунки нигоҳ доштани сулҳу

ризоят ва оштии миллӣ ҷидду ҷаҳдҳои доимии сиёсӣ ва ҳуқуқиро аз

тарафи давлат талаб менамуд. Дар ин ҷода ба мисли Асосгузори сулҳу

ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон фарзандони бонангу номус ва сарсупурдаи миллат

лозим буд.

Сеюм, муноқишоти дохилии давлатҳои қаламрави пасошӯравӣ ба

ин ё он андоза проблемаи ҷаҳонии марҳилаи кунунии рушди

тамаддуни инсониро бо проблемаҳои зерин инъикос мекунанд:

 фарқияти рӯзафзуни байни қутбҳои дорову камбизоати ҷомеаи

ҷаҳонӣ;

 таркиши демографӣ ва тағйири назоратнашавандаи таркиби

этнодемографии инсоният ва вобаста ба он тағйир ёфтани низоми

истеҳсолот ва бозори қувваи корӣ; 10

 ҷаҳонишавӣ ва байналмилалӣ шудани ҷинояткорӣ, пайдоиши

терроризми байналмилалӣ; 11

 ихтилофи шадиди ҷаҳонбинии масеҳӣ ва мусалмонӣ; 12

10 Ниг.: Тревоги мира. Социальные последствия глобализации мировых процессов: Доклад ЮНРИСД

(НИИ социального развития при ООН). М., 1997.

11 Ниг.: Овчинский В.С. XXI век против мафии. Криминальная глобализация и Конвенция ООН против

транснациональной организованной преступности. М., 2001.

12 Ниг.: Малашенко А . Политический ислам: Мирное сосуществование или глобальное противостояние //

Отечественные записки. 2001. № 1; Скосырев В . Ислам без принуждения // Время-MN. 2002, 5 нояб.;

Сюкияйнен Л. О российской государственной политике в отношении ислама // Щит. 2003. № 1. 23 окт.

20

 таҳдиду

хатарҳои нави ҷаҳонӣ ба

монанди экстремизм,

терроризм, савдои ода-

мон, муомилоти ҷаҳо-

нии ғайриқонунии маво-

ди нашъаовар, ҷиноят-

ҳои иттилоотӣ (киберӣ-

террористӣ) ва ғайра.

Чорум, фалаҷ гар-

дидани сохти идораку-

нии ҳокимияти давлатии

кишварҳои нави соҳибистиқлол, набудани консепсияи ягонаи

конститутсионии сохти давлатдории худ ва ҷой доштани муносибати

беғаразонаи сарҳадӣ бо кишварҳои ҳамсоя.

Ҳанӯз, поягузори фалсафаи классикии немис И. Кант дар хусуси

сохтмони ҷомеаи шаҳрвандӣ чунин навишта буд: «Вазъияти байни

одамоне (маҳалҳое), ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунанд, ҳолати табиӣ

(status naturalis) нест. Баръакс, ҳолати табиӣ, ҷанг, лоақал таҳдиди

ҳаракатҳои душманонаву ҷангӣ мебошад. Пас, вазъияти сулҳ бояд

муқаррар карда шавад». 13

Хусусияти асосии вазъияти инқилобӣ ва таҳдиди ҷанг,

дигаргуншавӣ ва ташаккули давлатҳои миллӣ дар қаламрави

пасошӯравӣ, як навъ саргармии пешвоёни роҳбарияти ҳизбҳои сиёсӣ аз

дарки озодию истиқлол ва саргарми мубориза барои ба даст овардани

салоҳияти васеи ҳокимият аз ҷониби онҳо, масъалаи муқаррарнамоии

ҳудудии сулҳ бо ҳамсоягонро ба мадди дуюм гузошта, имкон дод, ки ин

масъала то проблемаи тезутунди иҷтимоӣ ва байнидавлатӣ табдил

ёбад.

Панҷум, суръати баланду бештари ташаккули давлатҳои миллӣ

нисбат ба раванди ташаккули марказҳои ҳокимияти болоии миллӣ

мебошад. Ҳатто ташкили нисбатан зуданҷоми сохтори болоии давлатӣ

– дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил натавонист, ҳамин гуна равандро

ҳарчи зудтар ба ниҳоди ҳокимияти воқеие табдил диҳад, ки дорои

малакаи зарурии бартарафкунии муноқишоти қавмию сиёсӣ дар

ҳудуди собиқ шӯравӣ бошад.

Мисоли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё ҳукуматҳои миллии

онҳо дар бунёди давлати миллии худ истисно нестанд. Қисмати

13 Кант И. К вечному миру // Сочинения: в 6 т. М., 1965. Т. 6. – С. 266.

21

хатарноктарини буҳрони ҷаҳонии тамаддун маҳз буҳрони сохторҳое

мебошад, ки мебоист фаъолияти муътадили тамоми шаклҳои

фаъолияти сохторӣ ва ташкили давлатдорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро

дар сатҳи миллӣ ва инчунин дар сатҳи ҷомеаи байналмилалӣ низ

таъмин намоянд.

Санаи 24-уми августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии

Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Эъломия дар бораи

истиқлолияти давлатии ҶШС Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Бояд гуфт,

ки дар муҳтавои ин Эъломия низ раванди марказгурезӣ вуҷуд надошт

ва Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ҷойи Тоҷикистонро дар чаҳорчӯбаи ИҶШС-

и навшуда медид ва бовар бар он дошт, ки «пайванди озодона ва

баробарҳуқуқии миллатҳои шӯравӣ рушди ҳаматарафаи онҳоро

кафолат медиҳад». Ин Эъломия замоне таҳия гардид, ки дар шаҳри

Маскав мақомоти марказии Иттиҳоди Шӯравӣ лоиҳаи Шартномаи

нави умумииттифоқиро баррасӣ ва омода мекарданд. Барои ҳамин ҳам

дар банди 19-и «Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии ҶШС

Тоҷикистон» (24-уми августи соли 1990) омадааст, ки: «Эъломияи

мазкур заминаест барои танзими Конститутсияи нави ҶШС

Тоҷикистон ва бастани Шартномаи умумииттифоқӣ».

Ҳарчанд Эъломияи мазкур истиқлолияти нопурра ва нокомили

давлатиро ба кишвар ва халқамон дода бошад ҳам, дар он замон ва дар

он шароити таърихӣ ин як иқдоми хеле боҷуръатона буд. Шӯрои Олии

ҶШС Тоҷикистон Иҷлосияи ғайринавбатиашро ҷиҳати баррасии

вазъияти баамаломада даъват намуд ва дар рафти он як қатор санадҳои

сарнавиштсоз ва муҳимро қабул кард.

Ин ҳуҷҷатҳо иборатанд аз: Қарори Шӯрои Олии ҶШС

Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Эъломия

дар бораи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон», Қарори Шӯрои Олии

ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи эълони истиқлолияти давлатии ҶШС

Тоҷикистон», «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии

Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид

намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии

Тоҷикистон», «Изҳорот дар бораи амнияти давлатии Ҷумҳурии

Тоҷикистон».

Санадҳои мазкур аз лиҳози ҳуқуқӣ истиқлолияти комил ва пурраи

кишварамонро асоснок намуда, Тоҷикистонро бо ҷаҳони озод васл

карданд.

Мутобиқи банди 15-уми такмилу таҳриршудаи Эъломияи

истиқлол «Ҷумҳурии Тоҷикистон субъекти мустақили ҳуқуқи

байналмилалӣ буда, бо кишварҳои хориҷӣ робитаҳои дипломатӣ,

22

консулӣ, иқтисодӣ ва ғайра барқарор менамояд, бо онҳо табодули

намояндагони мухтор мекунад ва созишномаҳои байналмилалӣ

мебандад» ва дигар масълаҳоро ба танзим медарорад.

Гирдиҳамоиҳои зиддиҳукуматӣ дар кишвар моҳи марти соли

1992, пас аз кӯшиши сабукдӯш кардани вазири корҳои дохилӣ аз нав

оғоз ёфтанд. Ҳизбҳо ва созмонҳои расман манъшуда (ҲНИ, Растохез,

Ҳизби демократ, Лаъли Бадахшон) бо талаби истеъфои Р. Набиев

гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Ҳангоми яке аз чунин гирдиҳамоиҳо

аввали моҳи майи соли 1992 аскарони ҳукуматӣ ба сӯйи

гирдиҳамомадагон оташ кушода чанд нафарро куштанд.

Нақши му-

ҳимро дар ин рӯй-

додҳо он омил иҷ-

ро кард, ки ҳанӯз

қабл аз оғози му-

ноқиша рӯҳониёни

Тоҷикистон дар за-

мони шӯравӣ дар

Осиёи Марказӣ

эътибори аз ҳама

бештар доштанд.

Онҳо ифротга-

роёнро, ки ҳадаф-

ҳои комилан равшани сиёсӣ доштанду аз ҳеҷ гуна воситаҳои нораво

рӯй наметофтанд, дастгирӣ накарданд. Гурӯҳҳои мусаллаҳи

бунёдгароёни исломӣ аҳли хонаводаҳои дигарандешонро мекуштанд,

террор зери парчами сабзи исломӣ қисмати калони қаламрави

Тоҷикистонро фаро гирифта буд. Имрӯз бо далелҳои муътамади

таърихӣ ва сарчашмаҳои бадастомада гуфтан мумкин аст, ки

рӯйдодҳои Тоҷикистон нақшаҳои пешакӣ тарҳрезишудаи ифротгароёни

исломӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва ҳам берун аз он буданд, фош гардиданд.

Эътилофи неруҳои бунёдгаро бо миллатгароёни тундрав, ки аз

шиорҳои исломгароӣ истифода мебурданд, бо пуштибонии ошкори

ҳарбӣ ва пинҳонии молиявию иқтисодии ҳукумати Толибони

Афғонистон (эҳтимол ҳатто Эрон, Арабистони Саудӣ ва Покистон 14 )

мекӯшиданд барои ҳамлаи минбаъда ба Ӯзбекистон, Қирғизистон,

Туркманистон ва Қазоқистон замина фароҳам созанд, то ки Осиёи

14 Ниг.: Старченков Г., Махкамов М. Таджикская трагедия: финал или антракт? // Азия и Африка. 1993. №

  1. – С.29.

23

Миёнаро аз иртибот бо Русия ва дигар давлатҳои Аврупо ҷудо намуда,

онро ба доираи нуфузи исломӣ дароваранд. 15

Дар бештари асарҳои таърихию фарҳангии ба мо маълум, ки оид

ба таҳқиқи муноқишаи байни тоҷикон, пеш аз ҳама, таҳлили таркиби

иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ ва этникии он гузаронида мешавад ва ин

дуруст аст, чунки берун аз ин мафҳумҳо фаҳмидану баҳо додани

рӯйдодҳои даҳсолаи охирини асри гузашта душвор аст. Аммо

муноқишаи этникии сиёсӣ дар Тоҷикистон таркиботи ҳуқуқии худро

ҳам дорад, ки он ба таври бояду шояд тавзеҳ наёфтааст.

Зимни арзёбии ҳуқуқии воқеаҳои дар Тоҷикистон рӯйдода аз

дидгоҳи ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама қайд бояд кард, ки муноқишаи байни

тоҷикон муноқишаи зиддиҳуқуқӣ мебошад. Ба андешаи академик В. Н.

Кудрявтсев мо ҷонибдори онем, ки ҳама гуна муноқишаеро, ки дар он

баҳс ба ин ё он тарз бо муносибати ҳуқуқии тарафҳо алоқаманд аст,

муноқишаи ҳуқуқӣ бояд донист, аз ин рӯ субъектони муноқиша,

ангезаи онҳо ва объекти низоъ дорои аломатҳои ҳуқуқианд ва худи

муноқиша паёмадҳои ҳуқуқӣ дорад, 16 гарчанде ки бар хилофи ҳама

гуна қонунҳои амалкунанда амал мекунанд.

Ҷиноятнокии муноқишаи тоҷикон, унсури асосии бавуҷудоии

инкишофи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки дар он

омилҳои динӣ, миллӣ, идеологӣ, тадриҷан ба мадди дуюм гузашта,

дигар нақши намоён намебозиданд. Ноҳияе бар зидди ноҳия, қавме

муқобили қавми дигар, мафия муқобили мафия – чунин аст, ба

андешаи мо, неруи таҳрикдиҳандаи муноқишаи байни тоҷикон. 17

Ҳодисаҳои сершумори ғорат, кушторҳои бераҳмонаи

хешовандону ҳамқавмони гурӯҳҳои даргир аз стратегия ё тактикаи

муборизаи дохилии сиёсӣ ва гузашта аз ин, аз ихтилофоти мазҳабӣ

барнамеомаданд, зеро ихтилофи динӣ, аслан вуҷуд надошт  мусалмон

мусалмонро мекушт.

Имрӯз мардуми тоҷик якҷо таҳти роҳбариву ҳидояти Асосгузори

сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон талоши зиёд доранд, ки маҳз дар тамоми

қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлоламон тафаккури

авлодпарастиву қавмпарастӣ ва маҳалгароӣ комилан аз байн бурда

шавад.

Бо ин мақсад барномаи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ кӯчонидани аҳолӣ (аз як маҳал ба

15 Ниг.: Титоренко В. Исламизм и интересы России // МЭМО. 1995. № 1. – С.39.

16 Ниг.: Основы конфликтологии / Под ред. В. Н. Кудрявцева. М., 1997. – С.55.

17 Ниг.: Зоиров Д. М. Преступность: этносоциальный срез … – С.110.

24

маҳали дигар) амалӣ шуда истодааст ва ин ҷойивазкунии маҳалли зист

бевосита дар шуури мардум ҳисси ватандӯстӣ, ватанпарастӣ ва

давлатдориро пайдо намуда, тафаккури маҳалгароиву қавмпарастиро

аз байн хоҳад бурд.

Омили муҳими тезутунди муноқишаи тоҷикон ҳамчунин

хусусияти ташкили ҷамъияти анъанавии тоҷикон аст. Он хусусияти

миллии баръало ифодашуда дорад. Воҳидҳои ҷомеаи тоҷикон маҳалла-

ноҳия-ҷомеаи шаҳрии дорои унсурҳои худмухторӣ ва худидора, дар

деҳот бошад, қишлоқ аст. Барои ҷомеаи суннатӣ маҳалла доираи

марказии ҳаёт, маъво ва маркази он мебошад.

Итоат ва риояи қоидаҳои маҳалла дар ҷойи аввал қарор дошта, ҳеҷ

кас наметавонад ақидаҳо ва афкори ҷамъиятии дар он бударо рад

намояд, қоидаҳои иттифоқ будан ва кӯмаки ҳамдигарӣ бояд

бечунучаро риоя карда шаванд. Аз ин ҷо итоати тартиби болотар –

минтақавӣ ба вуҷуд меояд, ки он тамоми моҳияти системаи

муносибатҳои ҷамъиятӣ-сиёсиро ба дараҷаи бештар муайян мекунад ва

аҳамияташ аз омилҳои синфӣ, миллӣ ё идеологӣ васеътар аст.

Ҳукумати нав зери роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолият дар бораи

омодагии ҳамкории зич бо ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, «тақсими

масъулият барои рӯйдодҳои Тоҷикистон, барои қисмати сокинони

оддии зарардидаи он» 18 изҳорот дод. «Зимнан, – қайд мекунад Эмомалӣ

Раҳмон, – эътибору нуфузи раҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ

метавонист барои эътидоли ташаннуҷ дар марзи Тоҷикистону

Афғонистон, ки он ҷо чандин ҳазор гурезагон ҷамъ омада буданд,

мусоидат намояд». 19

Санаи 27-уми апрели соли 1992 Шӯрои Олӣ муроҷиати

Президенти Федератсияи Русия ва хоҳиши Шӯрои Олии Тоҷикистонро

баррасӣ намуда, ҷудо намудани доираи ҳарбии шуморааш то 500

нафарро барои нигоҳдории сулҳ дар Тоҷикистон бо дастгирии

Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон

тасдиқ кард. 20

Моҳи майи соли 1992 дар Тошканд давлатҳои иштирокчии ИДМ

Протокол дар бораи тартиби муваққатии ташкил ва кӯмаки гурӯҳи

нозирони ҳарбӣ ва қувваҳои дастаҷамъӣ оид ба нигоҳдории сулҳ дар

18 Рахмонов Э. Ш. Долгий путь к миру. -Душанбе, 1998. – С.9.

19 Ҳамон ҷо.

20 Ниг.: Постановление Верховного Совета Российской Федерации от 27 апреля 1993 г. № 4864-I «Об

участии военного контингента России в Коллективных силах по поддержанию мира в Таджикистане» //

ВСНД и ВС РФ. 1993. № 21. – С.743.

25

минтақаҳои ихтилофи байни давлатҳо ва дар давлатҳои Иттиҳоди

Давлатҳои Мустақил ба имзо расониданд. 21

Тоҷикистон таҷрибаи муайяни ҳамбастагии воситаҳои сиёсӣ ва

ҳуқуқии ҳалли ихтилофро андӯхтааст. Масалан, ихтилофи шадиди

ҷамъиятию сиёсӣ дар Душанбе моҳҳои сентябр-октябри соли 1991 бо

ба даст овардани ризоияти байни тарафҳои ихтилофнок ва аз тарафи

Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудани

қарор аз 6-уми октябри соли 1991 «Дар бораи баъзе аз чораҳое, ки ба

демократикунонии ҳаёти ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона

карда шудаанд» ҳалли худро ёфт.

Ҳангоме ки моҳҳои апрел-майи соли 1992 муқовимати қувваҳои

ҷамъиятию сиёсӣ ба ҳадди буҳронӣ расид, дар ин ҳолати ногувор барои

сар назадани ҷанги байни ду майдон чунин санадҳои созишкунанда

қабул карда шуданд: Протоколи созиши байни намояндагони Шӯрои

Олӣ, Ҳукумати Тоҷикистон ва Президиуми гирдиҳамоикунандагони

майдони Шаҳидон дар Душанбе аз 22-юми апрели соли 1992,

Протоколи созиши байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Девони

вазирон ва ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои халқии Тоҷикистон аз 7-уми

майи соли 1992, Протокол дар бораи татбиқи созишнома аз тарафи

Сарвазир, раисони ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои халқӣ, ки дар майдонҳо

ҷамъ омада буданд ва ҷамоаҳои миллии Тоҷикистон 22 ва минбаъд

чунин ҳуҷҷатҳои созишкунанда минбаъд дар Хоруғ ва Қӯрғонтеппа

байни ду тарафи бо ҳам зид қабул карда шуданд. Дар ин ҷо аз тарафи

хонандаи азиз саволи аввал пайдо мешавад, ки дар ин вазъияти

муташанниҷ мақоми ҳуқуқии «Президиуми дар майдон

гирдиҳамоикунандагон» чӣ гуна буд ва вобаста ба ин эътибори

ҳуқуқии созишномаҳои имзошуда чӣ тавр аст? Ҷавоб маълум аст:

«Президиуми гирдиҳамоикунандагон ҳеҷ гуна мақоми ҳуқуқӣ надошт

ва созишномаҳои имзонамудаи онҳо аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ ҳеҷ гуна

оқибатҳои ҳуқуқиро ба вуҷуд оварда наметавонистанд».

Айнан бо ҳамин мазмун, ба фикри мо, А. Имомов барҳақ розӣ

шуда қайд менамояд, ки «пайдо шудани ҳуҷҷатҳои созишкунанда

хусусияти тасодуфӣ надошт. Онҳо моҳиятан аз сабаби изҳори иродаи

тарафҳои мухолиф ё ба он сабаб сар мезананд, ки тавассути

механизмҳои конститутсионию ҳуқуқӣ мақомоти қонунии ҳокимияти

давлатӣ ихтилофи пайдошударо ҳал карда наметавонанд». 23

21 Ниг.: Содружество. Информационный вестник СГГ и СГП СНГ. 1992. № 5.- С.34.

22 Народная газета. 1992. 9 октября.

23 Имомов А. Укрепление государственности … – С.242.

26

Аз ин сабаб, – идома медиҳад муаллиф, – «ҳуҷҷатҳои

созишкунанда – ин ҳуҷҷатҳои «замони тира»-и бемасъулиятӣ ва

беҳокимиятӣ мебошанд, ки он бо ихтилофҳои гуногуни раванди

ҷамъиятию сиёсӣ тавлид шуда, мақсади онҳо хомӯш намудани авҷи

шавқу рағбатҳои сиёсӣ мебошад ва барои ҷустуҷӯйи ҳалли барои

якдигар қобили қабул мусоидат мекунанд», пайдоиши онҳо бошад,

маънои «муваққатан пур кардани фазои холии низоми миллии

ҳуқуқиро дорад.» Ҳуҷҷатҳои созишкунанда сарчашмаи қабул

намудани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии он бандҳое мебошад, ки тарафҳо оид ба

он ба созиш омаданд». 24 Ин ҷо ба ақидаи А. Имомов розӣ шудан лозим

аст, чунки ӯ дуруст қайд менамояд, ки: «Ҳуҷҷатҳои созишкунанда,

моҳиятан ҳуҷҷатҳои ифодакунандаи изҳори иродаи мардум

мебошанд».

Бо вуҷуди ин, аксаран дар рафти низои байни тоҷикон ин ирода

бар дӯши ҳокимияти қонунӣ бо роҳи зӯрӣ бор карда мешуд. Аз ин ҷо

ҳадди ақал чунин хулоса баровардан мумкин аст: – худи механизми

ташаккули ҳайати шахсии институтҳои ҳокимияти давлатӣ дар

шароити давраи гузариш ва ноустувории сиёсӣ наметавонанд

инъикоси мувофиқатии манфиатҳои тамоми ҷамъиятро ифода

намоянд. Аз ин сабаб сиёсати аз тарафи сохторҳои давлатӣ

гузаронидашаванда наметавонад ба таври баробар ба пешбиниҳои

иҷтимоии тамоми (электорат) мардум мувофиқ бошад;

– пайдо шудани ҳуҷҷатҳои «замони тира» дар бораи қафо мондани

системаи ягонаи миллии ҳуқуқӣ аз болоравии рушди ҷамъиятию

сиёсии ҷамъият дар бораи зоҳирӣ будани муқаррароти

конститутсионию ҳуқуқӣ, нишондодҳои қонунҳо ва ҳуҷҷатҳои

зерқонунӣ шаҳодат дода, ҳамчун шохисҳои «носозии ҳуқуқӣ»-и низоми

танзими меъёрию ҳуқуқӣ баромад мекунанд ва барои нав кардани

(модернизатсия) меъёри қонунгузорӣ, аз ҷумла Конститутсия

заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам меоранд;

– ҳукумати расмӣ дурандешии кофии сиёсӣ зоҳир намудааст, ки ба

вазъи шубҳаовари ҳуқуқии на фақат «Президиуми

гирдиҳамоикунандагон», балки умуман ба Иттиҳоди мухолифини

тоҷик чашм пӯшида, формулаҳои қадимаи ҳуқуқшиносони римию

англосаксониро дар бораи ҷаҳони илмӣ ва аз ҳуқуқи тантанакунанда

авлотар донанд;

– раванди гуфтушунид бо гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, вале воқеии

мухолифин ба сулҳ оварда расонд ва барои «ба ҳалокат расидани

24 Ҳамон ҷо.

27

адлия» роҳ надод, чунки созишномаҳои бадастомада пайдарҳам бо

иштироки мақомоти салоҳиятдори ҳокимияти давлатӣ қонунӣ

гардонида шуда, эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекарданд ва низоми

ҳуқуқиро таҳким мебахшиданд.

Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар

дилу дидаи пиру ҷавони тоҷик умед ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат ва

ваҳдати ногусастаниро зинда намуд. Расидан ба сулҳ кори басо душвор

ва ниҳоят мураккаб буд.

Ба раванди гуфтушуниди байни тоҷикон адабиёти зиёди илмӣ

бахшида шудааст, ки моро аз зарурати муфассал тасвир намудани ин

раванди мураккаб ва тӯлонӣ озод менамояд. Ҳамзамон як қатор

ҷанбаҳои муҳими ин раванд, ки таркиби ҳуқуқии онро мекушоянд,

ҳанӯз пурра омӯхта нашудаанд. Аз ин сабаб мехоҳем ба масъалаҳои

зерин диққат диҳем:

Идеяи ба консенсус (созиш) расидани байни ду гурӯҳи ба ҳам

омада дар назария ва амалияи ҳуқуқӣ худ аз худ маълум аст. Ҳанӯз

Арасту оғози созиши тартиботи дунёро асоснок намуда, қайд карда

буд: «Давлат, ҳуқуқ, адолат – тарафҳои гуногуни сохти давлатӣ, чунин

саъю кӯшише мебошад, ки табиат дар вуҷуди тамоми одамон онро бо

пуррагӣ ҷойгир намудааст. 25

Ихтилоф ва созиш – тавсифҳои муҳимтарини низоми меъёрҳои

ҳуқуқ ва фаъолияти сохторҳои идоракунии давлат мебошанд.

Созиш, чӣ хеле ки маълум аст, ба ризоияти босуботи тарафҳое

асос ёфтааст, ки ба ҳалли мусбати ихтилоф манфиатдор мебошанд ва

он ҳалли мусбатро дар асоси ризоияти мавқеъҳо, созиш, ҳамкорӣ талаб

мекунанд. 26

Тартиботи муайяни созиш ҳамчун воситаи инструменталии 27

ҳалли ихтилофи байни субъектҳои ҳуқуқ сараввал дар меъёрҳои

ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ инъикос ёфтааст, ки

ҳолатҳои гуноҳро сабуккунанда – иқрор ба гуноҳ, аз таҳти дил

пушаймон шудан, фаъолона мусоидат намудан барои кушодани

ҷиноят ва ғайраро пешбинӣ мекунанд (моддаи 61 Кодекси ҷиноятии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 61-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи

Русия).

Дар мавриди мазкур имконияти сабук намудани иштироки худ

барои қонунвайронкунанда маҷмӯи аз рӯйи самти ҳуқуқии худ

25 Ниг.: Аристотель. Политика // Сочинения: в 4 т. М., 1984. Т. 4. – С.378–379.

26 Ниг.: Основы конфликтологии / Под ред. В. Н. Кудрявцева. М., 1997. – С.162–164.

27 Ниг.: Сапун В. А. Инструментальная теория права в юридической науке // Современное государство и

право. Вопросы теории и истории. Владивосток, 1992. – С.20; Малько А. В . Проблемы правовых средств //

Проблемы теории государства и права: Учеб. По с./ Под ред. М. Н. Марченко. М., 1999. – С.321.

28

ҳавасмандкуниро барои ҳамкорӣ бо тафтишот ва суд, ба маънои

нисбатан васеъ – бо давлат ба вуҷуд меорад, чунки ҳам тафтишот ва

ҳам суд дар ихтилофи байни ҷинояткор бо ҷамъият давлатро

намояндагӣ мекунанд.

Аз ин сабаб воситаи ҳуқуқӣ имкониятҳои умумии аз тарафи

давлат кафолатдодашударо барои пурзӯр намудани омилҳои мусбати

танзимкунанда ва ҳамзамон барои бартараф намудани монеаҳои

(омилҳои манфӣ) ба тартиб андохтани робитаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд

меорад.

Дар фасли пешин тавсифи асосии ихтилофи байни тоҷиконро

муайян намуда, мо хусусияти ҷиноии (криминалии) онро ҷудо намудем,

чунки ақидаҳои дохилии идеологӣ, сиёсӣ, динӣ ифодаи комилан

муайяни комилҳуқуқи худро дар шакли ҷиноятҳои тривиалӣ

(разилона) ва қонунвайронкуниҳои маъмурӣ ёфтанд.

Аз ин сабаб раванди гуфтушунид байни ҳокимияти давлатӣ ва

мухолифини тоҷик, бо ҳама гуногунрангии лаҳзаҳои инъикоскунандаи

худ, дар ниҳояти кор бояд бо технологияҳои ҳуқуқӣ мусаллаҳ бошад –

ҳуҷҷатҳои муайяни татбиқи ҳуқуқ ва вазифаҳое, ки марҳилаҳои

фосилавӣ ва марҳилаи интиҳоии ихтилоф, ба даст овардани ҳадафҳо ва

қонеъ намудани манфиатҳои мувофиқро ифода мекунанд 28 .

Агар технологияи сиёсии ба танзим даровардани ихтилофи байни

тоҷикон, ки аз бисёр ҷиҳат ба таҷрибаи бисёрсолаи ҳалли чунин

масъалаҳо аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид такя мекунад,

шубҳаеро ба вуҷуд наорад, пас технологияҳои ҳуқуқӣ масъалаҳои

зиёди, пеш аз ҳама, хусусияти назариявӣ доштаро ба вуҷуд меоранд.

Вазъияти зикршуда он вазни сиёсӣ ва оқибатҳои ҳуқуқиеро

равшан месозад, ки созишномаҳои гуногуни байни ҳукумати расмӣ ва

мухолифин ба даст оварда буд. Онҳо вохӯриҳои сершумори сарвари

давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин Абдулло Нурӣ,

ҳамчунин вохӯриҳои сершумори тарафҳои даргир ва миёнравони

байналхалқиро дар Маскав, Алмаато, Теҳрон, Исломобод, Ашкобод

дарҷ мекарданд, ки дар рафти гуфтушуниди онҳо созишномаҳо,

протоколҳо, шартномаҳо ва механизми татбиқи иҷрои онҳо таҳия

мегардиданд.

28 Ниг.: Алексеев С. Теория права. 2


22.09.2020 Нет комментариев