734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ширкат дар интихобот масъулияти ҳар як шаҳрванд аст!

Санаи 16 сенябри соли равон  бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва нақшаи кории Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, гурӯҳи волонтёрони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр аксияи тарғиботӣ таҳти унвонӣ “Ман ба тақдири имрӯзу фардои миллат бетараф нестам”, “Нақши ҷавонон дар интихобот ҳалкунанда аст”, “Ояндаи худро интихоб намо” ва монанди инҳо баргузор карда шуд. Зикр кардан ба маврид аст, ки волонтёрони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр маводҳои тарғиботиро дар ҷойҳои ҷаъиятию серодам, мағозаву қаҳвахонаҳо, ва муассисаву ташкилотҳо насб намуда, дар баробари ин низ, ба сокинони шаҳр маводҳои лозимаро, дастрас намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳоло бошад аксияи тарғиботӣ дар ҷамоати шаҳракҳои шаҳри Гулистон бомаром идома дошта, аз натиҷаи корҳои ба анҷомрасида мунтазам маълумоти муфассал ва суратгузориш интишор хоҳем кард.


17.09.2020 Нет комментариев