734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ШИРКАТ ДАР ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ!

Санаи 16 сентябри соли равон дар шаҳри Истаравшан баҳри иҷроиши барқияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории аксияи тарғиботиву ташвиқотӣ таҳти унвони “Ширкат дар интихобот масъулияти ҳар як шаҳрванд аст” баргузор гардид. Дар аксияи мазкур аъзоёни Филиали Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан, кормандони бахши кор бо чавонон ва варзиши шаҳр ширкат варзида , зиёда аз 500 маводҳои иттилоотӣ дар байни аҳолӣ тақсим , дар девори биноҳои ҷойҳои ҷамъиятӣ ва автомобилҳои мусофиркаш насб карда шуд.
Бояд зикр намуд ки рӯз аз рӯз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат ба қишри чомеаи ҷавонон беш аз беш афзуда истодааст. Чунончи зиёда аз 70%-и аҳолии кишварамонро наврасону ҷавонон ташкил медиҳад. Пайваста ба ин ғамхориҳои Ҳукумати Кишвар ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа дар маъракаи пеш аз интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида истодаанд.


17.09.2020 Нет комментариев