734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ширкат дар интихобот масъулияти ҳар як шаҳрванд аст

Санаи 16 сентябри соли равон  дар МТМУ№4-и шаҳри Истиқлол хониши сиëсӣ дар мавзӯи ширкат дар интихобот масъулияти ҳар як шаҳрванд аст баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масъулине, ки суханронӣ намуданд оиди дастовардҳои даврони истиқлол ва бедор намудани ҳисси меҳанпарастӣ дар ҷавонон бо хонандагон суҳбат оростанд.

Қайд гардид, ки  мо – шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Минбаъд дар хонишҳои сиëсӣ мавзуи интихоботи Президентӣ дар мадди аввал гузошта шуда, оиди иштироки ҷавонон дар интихоботи дар пеш истода суҳбатҳо ташкил ва гузаронида мешавад.

 


17.09.2020 Нет комментариев