734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Озмуни Стипендияи Президентӣ дар шаҳри Истиқлол

Санаи 15 ва 16 сентябр дар шаҳри Истиқлол даври якум ва дуюми Стипендияи Президентӣ баргузор гардид, ки дар озмуни мазкур 15 нафар довталаб аз муассисаҳои таълимии шаҳр ҳуҷҷат супорида буданд. Озмун ба таври шаффоф ва бо иштироки омӯзгорон ва волидони довталабон баргузор гардид. Аз натиҷаҳои довталабон ҳайати комиссияи озмун ду нафар довталабро ғолиби даври шаҳрии озмуни Стипендияи Президентӣ дар соли хониши 2020-2021 эълон намуданд.
Аз рафти баргузории озмун ва шаффофияти он иштирокчиëн ба пуррагӣ ризоият баëн намуданд. Номзадии ду нафар ғолибон ба Раëсат ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.


17.09.2020 Нет комментариев