734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мусобиқи футбол ва хонишҳои сиёсӣ дар ноҳияи Деваштич

Санаи 16 сентябри соли ҷорӣ дар асоси нақшаи баргузории мусобиқаи футбол байни деҳаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди футбол миёни деҳаҳои  Ҷамоати деҳоти Далёни Боло баргузор гардид.Мусобиқаи мазкур бо сароидани Суруди миллӣ оғоз гардида, ҳамчунин хонишҳои сиёсӣ дар мавзуи ба қадри муқаддасоти миллӣ расидан миёни ҷавонон доир гардид.

Қайд гардид, ки ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам таълошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии он шахсро бо инкори ҳакикат гузашта, ба бегонапарастию кадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Аз ин рӯ шумо ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳед.


17.09.2020 Нет комментариев