734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ширкат дар интихобот масъулияти ҳар як шаҳрванд аст!

Нимаи дуюми рӯзи 15 сентябри соли 2020 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи тарғиботиву ташвиқотӣ таҳти унвони “Ширкат дар интихобот масъулияти ҳар як шаҳрванд аст!” вобаста ба иштироки фаъолонаи ҷавонон ва сокинону меҳмонони пойтахт дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, бо тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ аз ҷониби аъзоёни фаъоли филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дар хиёбону боғҳои фархангию фарогати худуди ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид.
Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани ин чорабинӣ ба таври дурусту фаҳмо расонидани моҳият ва муҳимияти иштирок дар Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми қишри ҷомеа, махсусан ҷовонон мебошад.
Дар доираи баргузории чорабинии ташвиқотию таблиғотӣ таҳти унвони “Овози мо – барои ояндаи дурахшони кишвар” беш аз 600 адад варакахои иттилоотӣ барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе тақсим карда шуд.


16.09.2020 Нет комментариев