734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ширкат дар интихобот масъулияти ҳар як шаҳрванд аст!

Имрӯз санаи 16 сентябри соли ҷорӣ дар кишвар бо мақсади иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар аксияи тарғиботӣ – ташвиқотӣ таҳти унвони “Ширкат дар интихобот масъулияти ҳар як шаҳрванд аст!” бо доираи васеи волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла, дар 8 шаҳру ноҳияи ВМКБ, 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд, 13 шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ ва дар шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳиро миёни навинтихобкунандагон, сокинони маҳаллӣ ва ҷавонони касбу кори гуногун ба роҳ монда, варақаҳои иттилоотӣ, маълумотномаҳо ва дастурҳои истифодаи умумро ба сокинон тақсим менамоянд ва дар ҷойҳои серодам насб менамуданд
Дар маҷмуъ, дар қаламрави кишвар пагоҳ зиёда аз 7500 нафар волонтёрон бо мақсади иштироки сокинони кишвар дар чорабинии муҳими сиёсӣ – интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони маҳаллӣ бо усули “Деҳа ба деҳа”, “Хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, зиёда аз 43500 адад маводҳои таблиғотиро тақсим ва дар ҷойҳои серодами шаҳру навоҳии кишвар насб гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон зиёда аз 10 ҳазор нафар волонтёронро барои хизматрасонӣ дар рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ омода намуда, волонтёрон дар санаи 11 октябри соли 2020 дар тамоми қаламрави кишвар дар участкаҳои интихоботӣ хизматрасониҳои гуногунро миёни сокинон ба роҳ мемонанданд.


16.09.2020 Нет комментариев