734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мулоқоти муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза дар Гвардияи миллӣ

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои низомии 051052, 051055 ва 051064 – и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносиву худогоҳии сарбозон ва иштироки фаъолона дар Рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозону афсарон мулоқот доир намуданд.

Лозим ба ёдоварист, мулоқоту вохӯриҳои мазкур дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, он аз санаи 16 сентябр то 6 октябри соли ҷорӣ дар тамоми қисмҳои низомии ҳудуди ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд. Дар рафти чорабинии имрӯза муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза, коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудов Иззатулло, намояндагони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда вобаста ба муҳимияти иштироки онҳо дар маъракаи муҳими сиёсӣ Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дақиқ доданд.

Дар рафти мулоқот муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза қайд намуданд, “иштироки ҳар яки шумо дар интихоботи Президентӣ ва раъйи шумо барои интихоби сарвари кишвар зарур аст. Ман ба боварти комил гуфта метавонам, ки шумо барои интихоби Президени ояндаи кишвар омода ҳастед ва ба номзади арзандаи хеш овоз медиҳед”.

Дар фарҷоми мулоқот ба як қатор афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ва китобхонаҳои қисмҳои низомии болозикркитоби “Забони миллат – ҳастиии миллат ”, ки асари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад тақдим карда шуда, ба ҳар як сарбоз варақаи иттилоотӣ вобаста ба иштирок дар Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим гардид.

Аксҳо аз рафти чорабинӣ.

Untitled-3.jpg
Untitled-1.jpg


16.09.2020 Нет комментариев