734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ИДОМАИ ХОНИШҲОИ СИËСӢ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Имрӯз тибқи нақша чорабиниҳои Бахш дар МТМУ №15 воқеъ дар деҳаи Сӯфиорифи Ҷамоати деҳоти “Зарҳалол” хониши сиëсӣ таҳти унвони “Ҷавонон, интихобот ва манфиатҳои миллӣ” бо иштироки мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ҳотамзода Аскар, корманди КДАМ ҶТ дар ш.Истаравшан Ширинбек Амиров, Корманди шӯъбачаи кор бо ноболиғони ШКД-и ш.Истаравшан Назарзода Давлат, роҳбори намояндагии ФИҶТ дар раёсати маорифи шаҳри Истаравшан Маҳкамов Ҷаҳонгир, сармутахассиси маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи ш.Истаравшан Салимов Мансур ва маъмурияти муассисаи таълимӣ баргузор гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин хониши сиëсӣ ҷавонон ва падару модарони ин деҳа фаъолона иштирок намуда, таҳти шиори “Иштирок дар интихобот- муаррифгари маданияти сиëсии ҷавонон” фикру ақидаи худро иброз намуданд.


16.09.2020 Нет комментариев