734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ҶАВОНОНИ ВМКБ ТАҲТИ УНВОНИ ” ИНТИХОБИ МО – ПЕШВОИ МИЛЛАТ! “

Дар маркази  ВМКБ шаҳри Хоруғ ҳамоиши ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони ” Интихоби мо – Пешвои миллат” баргузор гардид, ки дар он Дилшод Назаров – муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони варзиш ва Носирзода Умедҷон – муовини раиси вилоят иштирок намуданд. Ҳамоиш бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, сипас Сураҷ Чоршанбиев – сардори раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят оид ба иқдомоти Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати соҳаи варзиши вилоят дар солҳои соҳибистиқлолӣ баромад намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки айни ҳол дар вилоят зиëда аз 300 адад майдончаҳои варзишӣ ва 30 адад толорҳои варзишӣ фаъолият доранд. Дар шаҳри Хоруғ бо иқдоми Федератсияи Футболи Тоҷикистон тайи ду соли охир се адад майдончаҳои варзишии замонавӣ бунëд гардиданд. Дар идомаи ҳамоиши мазкур ҷавонони вилоят аз пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Федератсияи мустақили иттифоқи касаба, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ намудаанд, изҳори хушнудӣ намуда, ин пешниҳодро бо самимият ҷонибдорӣ намуданд. Дар охири ҳамоиш аз номи ҷавонон изҳороти ҷавонони вилоят аз ҷониби аъзои фаъоли Иттифоқи ҷавонон Анвар Акрамов қироат гардида, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун номзади арзанда ва беназир ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии Президентӣ эътироф ва ҷонибдорӣ гардид. Дар охири ҳамоиш аз ҷониби Дилшод Назаров ва Умедҷон Носирзода ба як қатор мураббиëни варзиш ва варзишгарон унвони варзишии ” Устоди варзиш ” тақдим гардид.
ШАРАФ БА ПЕШВОИ ҶАВОНПАРВАРИ МИЛЛАТ!


16.09.2020 Нет комментариев