734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


НЕЪМАТЕ БЕҲТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ!


Ба ҳамагон хуб маълум аст, ки ниёгони тоҷикон мардуми фарҳангсолору тамаддунофар буданд. Аз ин ҷост, ки имрӯз мо идҳо ва ҷашнҳои зиёде дорем. Вале ҷашни Истиқлол тоҷи сари ҳамаи онҳост. Истиқлоле, ки аз назари муҳтаво, арзиш, аҳамият ва ифтихор дар ҳаёти мо мақоми хосе дорад. Истиқлоле, ки ҷомеаи Тоҷикистонро чун як ҷомеаи огоҳ ва пешрафта, худшиносу худбовар бо дили гарму умед ба ояндаи дурахшон ба роҳи созандагиву ободкориҳо ҳидоят мекунад. Зеро маҳз Истиқлолият чун моя ва пояи пешрафти шукуфоии мардум ба мо имкон додааст, ки худамон номаи сарнавишти худро муайян созему аз касе вобаста набошем.
Ҳамин аст, ки ҳангоми шунидани каломи истиқлол пеши назар корнамоиву қаҳрамониҳои гузаштагон, меҳру муҳаббати Ватан, гул-гул шукуфоии сарзамини азизи Тоҷикистони биҳиштосо ҳувайдо мегардад. Зеро калимаҳои истиқлолу озодӣ ва Ватан ҳамтавъам буда, дар ин ҷода қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели ҳамаи ин гуфтаҳост. Чунки халқи тоҷик аз қадим аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медошт ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекард.
Воқеан, Ватан – зодгоҳ калимаи зебо ва ҳуҷастае ҳаст, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд. Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғуш кушодааст.
Дар ин замина, шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шералӣ ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар донистааст:
Ватан сар мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохтааст дастони модар.
Дар асл, муҳаббат ба Ватан муҳаббатест, ки аз давраи кӯдакӣ дар вуҷуди мо ҷой гирифта, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хок ва ҳар қатра оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Маҳз ҳамин ҳисси Ватандӯстӣ аст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонем.
Модоме, ки чунин аст, набояд фаромӯш кард, ки оромиву шукуҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста аст. Агар Ватан орому осуда буда, дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гаштаву муҳаббати мардум меафзояд. Ва дар он ҷое, ки пояҳои маънавиёт устувор набошад, акси ин ҳол ба миён меояд.
Мо насли саодатманду хушиқболи замон шукрона аз он мекунем, ки имрӯз дар Тоҷикистони азизамон тинҷиву оромӣ ҳукмфармост. Кабӯтари сулҳ дар парвоз аст. Ҳазорон шукр аз ин неъмати бузург, аз истиқлолият, аз ин Ватану аз ин сарзамини биҳиштосо – Тоҷикистон.
Вале барои ҳар як фарзанди бонангу ори кишвар ҳиссиёти ванадӯстӣ бояд на танҳо дар қалби ӯ бошаду, ин эҳсосро бояд бо садоқату самимият ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи он бояд эҳдо кард.
Бо ибораи дигар, агар ҳамаи мо аз олами расму русум ва анъанаҳои милливу башарӣ баҳраманд гардем, ватани соҳибистиқлоли мо низ ба шумори давлатҳои тараққикарда ва мутамаддин боз ҳам ворид хоҳад гашт ва дар арсаи ҷаҳонӣ Тоҷикистони азиз кишвари маҳбубамонро боз ҳам бештар пазироӣ хоҳанд намуд. Ва дар ин раванд дастовардҳои волои Истиқлолиятро таҳким бахшида, ҳар якки мо метавонем дар назди Ватан вазифаи виҷдонии худро иҷро намоем.
Чуноне, ки ҳаким Фирдавсӣ дар асари “Шоҳнома”-и безаволи худ, ки саршори эҳсоси ватандӯстӣ ва адолатхоҳӣ аст, ҳифзи Ватанро аз баҳои ҷон болотар гузошта, таъкид намудааст:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Дар ҳошияи гуфтаҳои боло итминон бар он дорам, ки насли ояндасози Ватан – ҷавонони сарбаланди диёр чун меросбарони фарҳанги қадиму тамаддунофар, сипари боъэтимод дар роҳи ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ роҳи пурифтихори поягузори истиқлоли тоҷик – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро идома бахшида, ҳар зарра хоки ин кишвари биҳиштосоро чун гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ менамоянд.
Мисраҳои зерин, шаҳодати гуфтаҳои боло буда, ҳар як фарди баобрӯманди миллатро дар таҳкими Истиқлолият ва ҳифзи арзишҳои волои он ҳидоят месозад.
Чист истиқлол? Иззат доштан,
Бар диёри худ муҳаббат доштан
Дар замини шӯҳрати озодагон
Донаи меҳру садоқат коштан.

Шоҳзод Раҳимзода,
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе


14.09.2020 Нет комментариев