734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – КАФИЛИ ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН АСТ

 

(Эмомалӣ Раҳмон – шахсияти таърихиву  Пешвои асили тоҷикон аст)

 Халқи тоҷик дар арафаи боз як руйдоди муҳими сиёсӣ –интихобот ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки рушду ояндаи кишварамон аз ин маъракаи муҳим вобастагии зич дорад.  Интихобот дар кишвармон дар даврае доир мегардад, ки  дар шароити ҷањони имрӯза воқенаву ҳодисањои пуртазод ба вуқуъ мепайванданд ва хоҳ-нохоҳ вазъи мазкур ба Тоҷикистон чун як узви ҷудонашаванда таъсири худро мерасонад. Аз ин рӯ, тақозо мегардад, ки  ҳар нафар, ҳар сокини кишвар нисбати тақдири ояндаи кишвар мавқеи дурбинона дошта бошад. Хушбахтона, сокинони кишвар давоми 29 соли соҳибистиқлолӣ таҷрибаи бои гузаронидани интихоботро доранд ва имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳизбҳои зиёди сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолияти пурсамар доранд. Имрӯзҳо пешбарии номзадҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар кишвар идома доранд, албатта сокинони кишвар ба тарафдории номзаде овоз хоњанд дод, ки  барномаи интихоботиаш  фарогири масъалаҳои муҳим, дар навбати аввал тањкими амнияту оромии сиёсӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии боз ҳам шоистаи мардум  бошад.

         Боиси хурсандист, ки дар қатори дигар номзадҳо номзадии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст. Тавре шоҳид будем, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ, Иттифоқи ҷавонони Тољикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, яъне аз ҷониби се ниҳод ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардидаанд. Ёдовар шудан бомаврид аст, ки ҳанӯз соли 1994-ум низ, дар интихобот яке аз аввалинҳо шуда Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ  намуда буд. Дар интихоботҳои минбаъда низ ҷавонони кишвар бо намояндагӣ аз ташкилоти худ номзадии  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ ва дастгирӣ намуданд. Худи ҳамин далел аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷавонон бо дарки баланди сиёсӣ мавқеи устувори худро нишон дода, дар маъракаи интихобот фаъолона ширкат меварзанд.

   Тавре аллакаӣ ишора гашт, дар маъракаи пешбарии номзадҳо дар интихоботи кунунӣ ҷавонони кишвар бори дигар мавқеи устувори сиёсии худро собит намуданд ва ба сифати номзади хеш  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ин мақоми олӣ  пешбарӣ намуданд. Ҷавонони кишвар, ки нуфузи асосии аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, њанӯз аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар сокинони кишвар дар симои Эмомалӣ Раҳмон  кафили оромиву осудагӣ, сулҳу субот, ниҳоят ғамхору пуштибони худро пайдо намуданд.  Бо як   шукргузорӣ  метавон зикр намуд, ки мањз ба шарофати сиёсати дурбинона ва талошњои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муаззами кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ва дар ин замина оромиву осудагӣ, сулҳу субот, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ  дар кишварамон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷӯуҳи махсус зоҳир гардид.  Дар яке аз баромадҳои аввалинашон Пешвои муаззами миллат дар баромадшон  мавқеи ҷавононро чунин муайян намуда  буданд:  “..Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ба истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи дастовардҳои беназир мебошад…»

Инак, бо гузашти 29 сол ва дар натиљаи сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат имрӯз барои ҷавонон, иштироку фаъолияти онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ҳамаи шароитҳо фароҳам гаштаанд.   Ғамхориҳое, ки ҳамарӯза  дар соҳаҳои  маориф, ҷавонон ва варзиш ва аксари дигар соҳаҳо зоҳир гашта истодаанд, дар навбати аввал барои ҷавонон равона гаштаанд. Танҳо қайди ҳамин нукта кифоя аст, ки имрӯз ҳангоми ҳар як сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар Роҳбари  давлат ба ташвишҳои зиёд нигоҳ накарда, ҳатман аз аҳволи ҷавонон бохабабар мегарданд, бо онҳо сӯҳбату мулоқот анҷом медиҳанд, пешниҳоду дархостҳояшонро мешунаванду баҳри иҷрояшон масъулонро вазифадор менамоянд.

         Аз ҷониби дигар агар таҳлил намоем, ояндаи Тоҷикистон маҳз дар дасти  ҷавонони лаёқатманду навовар, баору номуси кишварамон аст  ва ҳеҷ як нафари дигар  сарзамини моро ободу шукуфо намекунад. Њамин аст,  ки ин табақа   пайваста зери назорату ғамхории Сарвари давлат қарор гирифтааст   хурсандиовар аст, ки дастоварду истеъдоди ин гуна ҷавонон аз мадди назари Сарвари давлат дур намемонад ва пайваста масъулонро вазифадор месозанд, ки ғамхорињоро нисбати љавонони боистеъдод афзун намоянд. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатии ҷавонон  ҷалби онҳоро  аз мадди  назар  дур намегузорад ва дар ин раванд тамоми  чораҳоро амалӣ намуда истодааст,  то љавонону наврасони мамлакат ҳамқадами замон  ба камол расанд. Давра ба давра қабул гардидани барномањои дурнамои давлатӣ,  таъсис додани стипендияњои Президентӣ, љоизаву имтиёзњои зиёди дигар барои љавонони лаёқатманд  аз љумлаи чунин ғамхорињо мањсуб меёбанд. Давоми солњои охир дањњо мактабњои оливу муассисањои касбу њунаромӯзӣ қариб дар тамоми гӯшаву канори кишвар дари худро барои љавонон боз намуданд, ки аз ин  тадбирњо њамарӯза њамагон худ шоњид гашта истодаем. Имрӯз дар кишварњои ИДМ, Чину Амрико, Малайзияву Љопон, мамолики Араб ва давлатњои зиёди дигар беш аз 30.000 љавонони тољик касбу њунар меомӯзанд.  Дар мавриди он шароиту имкониятњое, ки дар кишвар барои љавонон муњайё гаштаанд, метавон боз дањњо мисол овард.

            Тавре коршиносони соња дар мавриди нақши давлатдории мӯњтарам Эмомалӣ Раҳмониброз медоранд, Пешои миллат  дар давраи нињоят мушкилу њассос, дар давраи љангу бесарусомонӣ  тақдири миллатро   ба зимма гирифтанд, ки ин худ қањрамонист…  Албатта, таърих сиёсатмадоронеро зиёд дидааст, ки давлати худро дар љањон муаррифиву машњур кардаанд. Аммо аксари онњо ё бо пулњои њангуфт, ё бо мањсулоти пешрафта, ё бо зӯрӣ силоњ ва ё бо роњу василањои дигар нақши худро дар сиёсат гузоштаанд, аммо Пешои миллати мо бошад дар давраи нињоят мушкилу њассос корро аз сифр оғоз намуданд.

                Ӯ   дар муддати кутоњтарин вазъи сиёсии кишварро осуда намуда, пастравии сатњи истењсолотро боз дошт ва дар муддати на чандон тулонӣ Тољикистон ба рушди босуботи иқтисодӣ муваффақ гашт. Бо гузашти њамагӣ 8-10 соли вазнин, шурӯъ аз соли 2000-ум бо талошњои Сарвари давлат марњилаи сифатан нави иқтисодиёти мамлакат оғоз шуда, иқтисодиёти кишвар рӯ ба пешрафт овард. Қарорњои   Пешвои миллат  дар муддати кутоњ боиси коњиш додани сатњи  камбизоатӣ гардид.  Илова ба ин, барои таъмин намудани ањолии қобили мењнат бо љойи кори доимӣ яке  тадбирњои саривақтӣ роњандозӣ гаштанд.  Мањз бо зањмату талошњои Пешвои миллат дар мамлакат дањњо корхонањои истењсоливу саноатӣ солњои охир дар љумњурӣ,  чӣ бо маблағњои дохилӣ ва њам бо љалби сармояи хориљӣ бунёд карда шуданд.   Пешвои миллат Сиёсати «Дарњои боз»-и Пешвои миллат самараи хуб дод.  Рушди њамгироии иқтисодии Љумњурии Тољикистонро бо созмону ташкилотњои бонуфузи байналмилалӣ,  барқарор гардидани  робитањо бо зиёда аз 160 кишвари дунё ин њама натиљаи сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат аст.   Бунёд ва азнавсозии  роњњои Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Қарақурум; Душанбе – Қурғонтеппа – Кӯлоб; нақбњои Истиқлол, Озодӣ, Шањристон, Чормағзак; роњњои Душанбе – Нуробод – Љиргатол – Саритош; Айнӣ –Панљакент; Душанбе –Турсунзода  аз тадбирњои дигари анљомдодаи Пешвои миллат  мебошанд. Ғамхорињо ба соњаи маорифу фарњан, варзишу љавонон мақсади њамешагии Сарвари давлат аст.

              Дар маљмуъ, бо саъю талошњои ин абармарди сиёсат  бо гузашти  солњо Тољикистони азиз ба сарзамини сулњу салоњ табдил ёфт ва  давоми  29 сол, ба баракати  сулҳу суббот,  Ваҳдати бебозгашт, якдигарфаҳмию хиради азалии мардуми тоҷик  дар тамоми соҳаҳои ҳаёти  мамлакат ислоҳоти бавусъату фарогир роҳандозӣ карда шавад.    Дар муддати на чандон тулонӣ Тољикистон ба рушди босуботи иқтисодӣ муваффақ гашт.  Дар ин давра анқариб Тољикистон  симои худро ба тамом дигар  кард ва бемуболиға, мо њамарӯза  шоҳиди  ободу зебо гаштани кишварамон,  бунёдкорию созандагӣ дар ҳар гӯшаи кишвар гардида истодаем. Бунёди иншоотњои соњаи маориф, тандурустӣ, варзишию солимгардонӣ, сохтмону баистифодадињии осорхонаву китобхонањои бошукуњ,  технологикунонии муассисањои таълимиву пажуњишӣ, бунёди  иншоотњои бузурги миллӣ,  бунёди нақбњо ва  садњо иқдомоту ташаббусњои дигари созанда, ин  њама навгониву дастовардњо моро ба ояндаи боз њам нек роњнамоӣ мекунанд.

           Бешубња, Пешвои муаззами миллат Эмомалй Рањмон шахси таърихӣ ва хизматњояшон барои миллати тољик бечинаканд.   Њамин аст, ки дар фурсати кутоњ  Эмомалӣ  Рањмон ба боварии халқ сазовор ва соњиби аз њама унвони баланд –“Сарвари-Президенти мардумӣ” ноил гардид.  Дар ин муддат  на танњо дар дохил ва минтақа, балки дар сатњи љањон  чун шахсияти тавонои сиёсӣ маъруфият пайдо намуд. Сарвари давлат   дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ худшиносу хештаншиносӣ будани хешро исбот намуд.

          Тавре дар боло ишора гашт, кулли сокинони кишвар, бахусус ҷавонон ба Пешвои асили миллат эҳтироми хоса доранд, бо меҳр нисбаташ сухан мегӯянд, амалҳояшро на танҳо дастгирӣ, балки пайравиву пуштибонӣ менамоянд ва бевосита худ саҳм мегузоранд.  

       Ҳамин аст, ки дар симои ин марди  асил роҳбари ояндаи худро мебинанд, дар симояш ояндаи Тоҷикистон, ояндаи ҳар сокини кишварро мебинанд.

 Искандар  МИРАЛИЕВ,  муовини декани факултаи  ____________ Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, устоди кафедраи ҷомеашиносӣ.


14.09.2020 Нет комментариев