734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ДДХ: Мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо ҷавонони фаъоли донишгоҳ

12-уми сентябри соли 2020 дар толори раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо ҷавонони фаъоли донишгоҳ сурат гирифт.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки имрӯз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва мусоидат ба беҳдошти шароити иҷтимоии аҳолӣ ба вилояти Суғд оғоз гардида, мо – ҷавононро дар қатори дигар сокинони вилоят руҳбаланд месозад. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки бо ҳидоят ва дастгириҳои Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар самти дастгирии ҷавонон тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса ва ҳамарӯза зоҳир мегардад.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи олӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон як қатор барномаву стратегияҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул гардида, босамар амалӣ шуда истодаанд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода доир ба нақши Пешвои миллат дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, хизматҳои тақдирсоз ва содиқона дар назди халқу Ватан баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ, эҳтирому гиромидошти арзишҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлат, таҳдиду хатарҳои замони муосир, хусусан, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва пайомадҳои ногувори онҳо ба саломатии аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, инчунин ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ибрози андеша намуд.

Имрӯз аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононе, ки дорои қобилияти баланд буда, ташаббускору донишманд ҳастанд, дастгирии ҳамаҷониба менамоянд. Ҳамарӯза ба ҷавонон муносибати ҷиддӣ равона шуда, қонеъ гардонидани талаботи ҷавонон дар меҳвари асосии сиёсати Президенти мамалакат қарор дорад ва бешубҳа ба ин қишри ҷомеа дар татбиқи сиёсатӣ давлати такя месозанд. Ҷавонони фаъол, донишманд, бедордили кишвари соҳибистиқлоли мо, ки масъулияти зиёдро ба дӯш дорем, бояд бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам бошем, бо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ташаббусу қобилиятҳои наҷиб ба хотири пешрафти Ватани азизамон саъю талош намоем.

Дар охир мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Хайёмиддин Исмоилов сухан гуфта, ба Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода барои мулоқоти судманд изҳори сипос намуд. Сипас, таъкид дошт, кидар партави дастуру супоришҳо ва сиёсати хирадмандонаву ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ ҳамаи иқдому ташаббусҳои ҷавононро мунтазам ва ҳаматарафа дастгирӣ намуда, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон ва фаъолгардонии иштироки онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.


14.09.2020 Нет комментариев