734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ҶАЛАСАИ КОРӢ ВОБАСТА БА ДАЪВАТИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРАИ ТИРАМОҲӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДОИР ГАРДИД.


Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ зери роҳбарии муовини Раиси шаҳр, Раиси комиссияи даъвати шаҳри Душанбе, муҳтарам Гуреззода Умед ҷаласаи корӣ вобаста ба иҷрои қорои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 9 июни соли 2020, №327 ҷиҳати омодагӣ ба даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992 – 2002 ба хизмати ҳарбӣ дар давраи тирамоҳӣ доир карда шуд.
Зимнан, дар ҷаласаи мазкур раисони комиссияи даъватии ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино, сардорони Сарраёти маориф, РВКД, раёсатҳои тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, комсариятҳои ҳарбии шаҳриву ноҳиявӣ, комиссияи даъватии тиббӣ, ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофия”, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, ТВ “Душанбе” ва дигар масъулини комиссияи даъватӣ ҳузур доштанд.
Дар рафти љаласаи корї, оид ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳисоботи раисони комиссияҳои даъватӣ ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино аз рафти корҳои анҷомдодаашон дар самти тарғибу ташвиқ миёни ҷавонони синни даъвати ва волидайни онҳо шунида шуда, ҳамзамон сардорони Сарраёсати маориф, РВКД, раёсатҳои тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, комсариятҳои ҳарбии шаҳриву ноҳиявӣ, комиссияи даъватии тиббӣ, ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофия”, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, ТВ “Душанбе” аз ҷониби Раиси Коиссияи даъвати шаҳри Душанбе вобаста ба фаъолияташон дар самти муташакклиона сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурсиш карда шуданд.
Дар фарҷоми ҷаласаи мазкур барои дар сатҳи баланди ташкили ва бо рояи беҳдоштӣ баргузор намудани маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси Комиссияи даъвати шаҳри Душанбе, муҳтарам Гуреззода Умед ба тамоми масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.


14.09.2020 Нет комментариев