734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Абдулло Раҳмонзода: Донишҷӯёни ДДҲБСТ ҷавонони серғайрат ва пайравони асили Пешвои миллатанд

Санаи 12-уми сентябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо ҷавонони фаъоли донишгоҳ баргузор гардид. Нахуст, ҳайъати меҳмонон дар даромадгоҳи маҷлисгоҳ бо китобҳои тозанашри устодони донишгоҳ ва дастовардҳои донишён шинос гардиданд.

Саравал сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ҳидоят ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар самти дастгирии ҷавонон тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Мирзоқосим Каримзода илова намуд, ки вазъи ҷаҳони муосир мураккаб гардида, гуруҳҳои манфиатҷу ба ҳар роҳу восита хостори амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопокашон мебошанд. Хуруҷи бемориҳои сироятӣ аз мушкилии дигари доғ гардидааст. Бинобар ин мо ҷавононро зарур аст сарҷамъу муттаҳид гардида, дар солимии миллат ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои давлатӣ саҳмгузор бошем.
Сипас, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода доир ба нақши Пешвои миллат дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, хизматҳои тақдирсоз ва содиқона дар назди халқу Ватан баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ, эҳтирому гиромидошти арзишҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлат, таҳдиду хатарҳои замони муосир, хусусан, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва пайомадҳои ногувори онҳо ба саломатии аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ, зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, инчунин ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ибрози андешакард. Дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вусъатёбии таҳдиду хатарҳои нав ба амнияти давлатҳо ва сокинони сайёра, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мо-ҷавонон бояд ҳушёру фаъол ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату халқи худ ҳамеша омода бошем, илова кард Абдулло Раҳмонзода.
Дар идомаи мулоқот гуфта шуд, ки шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи туризм», «Консепсия миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои меъёрию ҳуқуқии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати донишгоҳ, шуъбаи корҳои тарбия фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар фаъолияти ҳаррӯзаи хеш ба тарбияи миллӣ, ватанпарастӣ, симои маънавӣ, ахлоқи ҳамида, тарбияи ғоявию сиёсӣ, хештаншиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, боло бурдани маърифатии ҳамаҷиҳатаи донишҷӯён эътибори зарурӣ равона намуда истодааст.
Ҳамчунин дар идомаи мулоқот дар мавриди дастовардҳои донишҷӯёни донишгоҳ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, зикр шуд, ки донишҷӯёни донишгоҳ Каримова Нозила Асламовна – донишҷӯи курси 4 факултети бизнес ва идоракунӣ дар озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол – 2019» ва Ҳоҷиева Дилфуза Мирзоевна – донишҷӯи курси 3 факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол – 2019» иштирок ва ҳарду сазовори ҷойи якум гардиданд, ки ин натиҷаи меҳнати самарабахши тамоми аҳли ҷомеаи донишгоҳ маҳсуб меёбад.
Дар интиҳо қайд гардид, ки донишҷӯёни ДДҲБСТ ҷавонони ташаббускору серғайрат буда, дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои милливу дастовардҳои даврони Истиқлолият нақши муассир доранд.


14.09.2020 Нет комментариев