Афсарону сарбозони мо дар шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистӣ – террористӣ рисолати ҷавонмардии хешро сарбаландона адо менамоянд.

Феълан ҷавонони мо аз ҳамаи гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба ҳам омада, бародарона хизмат мекунанд ва таъминоти моддиву маънавии ҷузъу томҳо, шароити зиндагиву хизматии низомиён ҳамаҷониба тақвият ёфтааст.

Инак, нӯҳ моҳ мешавад, ки банда ҳамчун хизматчии ҳарбӣ дар сафи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ адои вазифа намуда, баъди чор моҳи бозомӯзӣ дар Маркази таълимии шаҳри Хоруғ интиқол ёфтам.

Албатта сарҳадбон будан бароям мояи ифтихору шарафмандӣ аст. Зеро дар миёни хазорон ҷавон қасам ёд кардаам, то охирин нафас ба халқу Ватани худ содиқ монда, меҳанро моҳиронаву мардонавор мудофиа менамоям ва аз ҳомиёни хақиқии ин марзу бум боқӣ мемонам. Бароям ҳамин кофист, ки шабонарӯзӣ дар марзи Ватан дилпурона гом бардорам,

Ин даъватҳои ватандӯстонаю ватанпарастонаро бояд ҳар ҷавонмард дарк намояд ва барои хидмат кардан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамеша омода бошад. Зеро хизмат як мактаби мардонагӣ, омӯзиши низоми дурусти зиндагӣ буда, бо шарофати он инсон ба қадри ҳаёт, падару модар, ҷомеа, соҳибистиқлоливу ваҳдат, касбу кор ва умуман маънавиёту моддиёт мерасад.

Қаблан дар соҳаи кор бо ҷавонон яке аз фаъолони кишвар будам, вале арзишу муҳиммияти хизмати ҳарбиро ба пуррагӣ фақат дар рафти хизмат кардан дарк кардаам. Ҳоло аҳсан ба навҷавононе мегӯям, ки баъди хатми мактаби миёна ба сафи артиш мепайванданд. Ҳақиқат аст, ки дар ин синну сол онҳо ба мушкиливу маҳрумиятҳои хизмати харбӣ нигоҳ накарда, мардонавор ба ҳамаи сахтиҳо тоб оварда, ниҳоят муқобили душман сина сипар менамоянд.

Бинобари ин, аз дигар ҷавонони кишвар даъват мекунам, ки аз хизмат наҳаросида, қарзи фарзандии хешро дар баробари дигар шермардони Ватан иҷро намоянд. Бо шарофати Истиқлолият ва сулҳу суботи сартосарӣ ҳоло хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ аз афзалиятҳои хосса буда, таъминоти моддиву маишӣ, варзишӣ ва дигар ниёзҳои сарбозон зери таваҷҷуҳи ҳамешагии давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Пас, дӯстони ҷавон, ҳомиёни меҳан, биёед, хизмати Ватан – Модарро шарафмандона ба ҷо орем, то дар оянда фарзандони мову Шумо ифтихор кунанд ва бигӯянд, ки он аз бузургону гузаштагоне чун Исмоили Сомонӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Восеъву Муқаннаъ ва дигарон ба мо мерос мондааст. Хизмати ҳарбӣ барои ҳар ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ аст.

Юсуф АСАДБЕКОВ,
сарбози Отряди сарҳадии 0411-и
Раёсати ҚС КДАМ ҶТ-и Ишкошим