734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ЭЪЛОНИ ОЗМУН ҶУМҲУРИЯВИИ МАҚОЛАИ БЕҲТАРИНИ ПУБЛИСИСТӢ ДАР МАВЗӮИ “ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ”

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси барномаҳои соҳавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади талқин ва таҳкими ҳувияти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарварии ҷавонон озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарини публисистиро миёни ҷавонон дар мавзӯи “Ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ” эълон менамояд. Зикр менамоем, ки мақолаҳои публисистӣ ба унвонии Кумита то санаи 5 ноябри соли ҷорӣ тариқи почтаи электронии tjavononi@gmail.com ва тариқи хаттӣ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кучаи Варзишгарон 6 қабул карда мешаванд. Ғолибони озмуни мазкур дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд


25.08.2020 Нет комментариев