Ҳамин дастгириҳост, ки имрӯз варзиши тоҷик нисбат ба солҳои қаблӣ хеле пеш рафтааст ва варзишгарони шоиста низ хеле зиёданд. Вале дар баробари ин, то ҳол дар соҳаи варзиш мушкилиҳое ҳастанд, ки ҳалли худро мехоҳанд. Пас, барои боз ҳам рушд кардани риштаи варзиш ва бартарафии мушкилоти варзишгарони тоҷик чӣ бояд кард?

Зебуннисо Рустамова, камонвари машҳури тоҷик, мегӯяд, пешрафт дар сохтмон ва ба истифода додани иншооти варзишӣ дар ноҳияҳо афзудааст.

“Хеле хуб аст, ки имрӯз соҳаи варзиш рушд кардаву ба он аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Инрӯз пешравиҳо дар соҳа хеле зиёданд, чун таъсиси шуъбаи дастаи мунтахаб, таъсиси маркази омодагии дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва захиравӣ. Ҳамаи ин пешравӣ дар давлати мо аввалин маротиба аст, лекин афсӯс то ҳол пурра фаъолият намекунанд”, – гуфт З. Рустамова.

Ба андешаи ин камонвари тоҷик, ғалаба дар Бозиҳои олимпӣ тавоноии давлатро нишон медиҳад. Бинобар ин вақте расидааст, ки ба монанди давлатҳои ҳамсоя ва Русия, Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар алоҳидагӣ фаъолият намоянд. Ин барои пешравии соҳа кумаки калон мерасонад.

Мавсуф мегӯяд, барои пешрафти соҳаи варзиш бояд мураббиён ҳавасманд гардонида шаванд. Ӯ гуфт: “Мутахассисони соҳа бисёр кам ҳастанд ва бисёриҳо рафтаанд. Чунки маблағи мураббие, ки бо наврасон кор мекунад, бисёр кам аст. Барои дарсҳои иловагӣ оид ба намудҳои варзишӣ дар мактабҳои миёна иловапулӣ додан лозим ва албатта барои натиҷаҳои баланд нишон додан, варзиши касбӣ доштан ҳатмӣ аст. Яъне барои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва захиравӣ воҳиди кории дастаи мунтахаб бояд таъсис дода шавад”.

Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо варзишгарони тоҷик табиатан паҳлавон ва ватандӯстанд. Барои роҳхат гирифтан ба Бозиҳои олимпию натиҷаи ҷаҳонӣ нишон додан, шароити хуб фароҳам овардан даркор аст. Варзишгар бояд аз 8 то 10 соат дар як рӯз машқ намояд ва мунтазам хӯроки пурғизо истеъмол кунад.

-Инчунин варзишгар дар зери назорати табиби варзишӣ машқу тамрин намуданаш даркор аст. Бояд дар мусобиқаҳои расмӣ иштирок намояд. Ҷамъомадҳои тамринӣ дар як сол то 260 рӯз барқарорсозӣ ва албатта дар баробари он бояд касб омӯзад. Инчунин бояд маркази омодагии варзишгарон бо ҳамаи шароити машқ таъсис додан лозим, то варзишгарон тавонанд, давоми сол дар он ҷо машқу тамрин намоянд”,-илова намуд З. Рустамова.

Ба андешаи мутахассисони соҳа дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳамаи намудҳои варзиш аз ҷониби давлат то 80 -90 фоиз маблағгузорӣ карда мешавад. Вале дар ин ҳол Саидҷалол Саидов, варзишгари тоҷик, мегӯяд варзиши тоҷик айни ҳол дар сатҳи хуб қарор дорад.
“Имрӯз варзишгарони мо ягон мушкили ҷиддӣ надоранд. Ҳамаи варзишгарон стипендияи молӣ аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпӣ гирифта истодаанд. Тамринҳо дар сатҳи баланд гузаронида шуда истодааст. Мо-варзишгарон озодона дар мусобиқаҳо иштирок мекунем, тамринҳоямонро идома дода истодаем, ки барои ин миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мерасонам”.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, айни ҳол ягона мушкилӣ ин вабои каронавирус ҳаст, ки варзишгарон наметавонанд, дар мусобиқаҳо ширкат варзанд. Ба гуфтаи ӯ, ин танҳо мушкили варзишгарони тоҷик набуда, балки тамоми варзишгарони дунё низ ба он дучоранд.
“Баъди поён ёфтани вабо мо-варзишгарон ба мусобиқаҳо сафарбар хоҳем гашт ва кӯшиш мекунем, ки давлату миллати худро муаррифӣ кунем”,-илова кард ҳамсуҳбати мо.

Бояд гуфт, ки варзишгарон муаррифгари кишвар миёни кишварҳои дигар мебошанд. Бинобар ин барои пешрафт ва инкишофи варзишгар ҳамаҷониба бояд мусоидат кард, то як варзишгари сатҳи байналмилалӣ омода созем. Боиси зикр аст, ки имсол ду нафар варзишгари тоҷик тавонистанд, роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст биёранд.

Нуралӣ Хоркашов, сармутахассиси шуъбаи робита бо ҷомеаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, бар он назар аст, ки воқеан солҳои охир бо ташаббусу ибтикор ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар соҳаи варзиш ҳам рӯ ба рушд оварда истодааст.
Ба таъкиди ӯ ҳамин дастгириҳост, ки варзишгарони мо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дастовардҳои намоёнро соҳиб шуда истодаанд. Бахусус, дар намудҳои футбол ва гӯштини навъи ҷудо дастовардҳо назаррасанд. Дар Тоҷикистон барои ба варзиш машғул шудан шароитҳои хуби замонавӣ муҳайё буда, шумораи дӯстдорони варзиш низ дар ҳоли афзоиш аст.

– Барои боз ҳам муваффақтар баромад намудани варзишгаронамон дар мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ пеш аз ҳама дастгирии молиявӣ ёфтани онҳо лозим аст. Хушбахтона, мо мутахассисону мураббиёни ботаҷрибае дорем, ки дар омода намудани варзишгарон маҳорати хуб доранд ва маҳз ҳамин мураббиёну мутахассисон варзишгаронамонро барои хуб баромад намудан дар мусобиқаҳо омода мекунанд”, -илова намуд Нуралӣ Хоркашов.

Ҳамзамон ӯ қайд намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҳамаи федератсияҳои варзишии кишвар аз ин баъд низ варзишгарон ба таври зарурӣ дастгирӣ ёфта, ватани моро дар арсаи байналмилалӣ ба таври сазовор намояндагӣ мекунанд.

Варзишгарон муаррифкунандаи миллату давлатанд. Бинобар ин барои боз ҳам хубтар рушд кардани соҳаи варзиш бояд Ҳукумати кишвар шароит ва ҳавасмандгардонии мураббиён ва варзишгаронро зиёд намояд.

Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ 10071 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст. Дар шашмоҳаи аввали соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 58 иншооти варзишӣ бо харҷи зиёда аз 13 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки 1 миллиону 148 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва 12 миллиону 352 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон мебошад.

Садбарг СУЯРОВА,
“Ҷавонони Тоҷикистон”.