734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


РУШДИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ.

Дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва тадбиқу амалии барномаҳои соҳавӣ дар шаҳри Душанбе назаррас арзёбӣ мегарданд.
Бояд тазаккур намуд, ки дар раванди дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии пойтахт соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш низ рушд гардида, як аз самтҳои афзалиятнок эътироф гардидааст.
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги 30 – солагии истиқлолиятӣ давлатӣ бо роҳнамоӣ ва ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ даҳҳо иншоотҳои бузурги варзишӣ бунёд мегарданд, ки ин тадбир барои таҳкими тарзи ҳаёти солим заминаи босамар хоҳад гузошт.
Бояд гуфт, ки тайи се соли охир дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва соҳибкорону ташаббускорон беш аз 255 майдончаи варзиш ва бозии кӯдакон ба маблағи умумии зиёда аз 205 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шуд.
Ҳамзамон бо ин, мақсад дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе калонтарин варзишгоҳ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст бунёд шуда истодааст, ки боз як тӯҳфаи беҳтарин ба ҷашни 30-солагии истиқлолиятӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варзишгарон ва сокинони пойтахт мегардад.
Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани варзишгарони умедбахш ва ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чораҳои дахлдор рӯи кор омаданд, ки мунтазам амалӣ карда мешаванд.
Ёдовар бояд шуд, ки шаҳри Душанбе ба макони баргузории тамоми чорабиниҳои сатҳи байналмиллалӣ табдил ёфта ҳамасола дар доираи дастгирӣ ва сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ мусобиқаҳои байналмилалӣ аз қабили Ниммарафони байналмиллалии Душанбе, Ҷоми Президент оид ба теннис, Ҷоми Президент оид ба гӯштини дзю-до, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба пойгаи аспдавонӣ, мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба футбол ва ба ин монад дигар чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмиллалӣ доир карда мешаванд.
Мо кормандон ва масъулини соҳаи варзиши пойтахт аз таваҷҷӯҳу дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, кӯшиш ба он медиҳем, ки ҷиҳати омода намудани варзишгарони касбӣ дучанд талош варзида барои муаррифи намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ва баланд бардоштани Парчами азизамон чораҳои даъхилнопазир андешем.

Раҷабалӣ Турсунзода,

мудири Бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе


14.08.2020 Нет комментариев