734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ФУТБОЛ. Ғолибони даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд

ДУШАНБЕ, 14.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. 12-13 август дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ  хеле ҷолиб баргузор шуданд. 12 август дастаҳои футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода  бо КМВА  ва 13 август  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  бо «Душанбе-83»-и Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар байни  ҳам рақобат карданд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Бозии дастаҳои футболи  КМВА  ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода рақобати марказии даври 11-уми Лигаи олӣ ба шумор мерафт. Сабқати  ин  дастаҳо хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби калони 5:1 бар нафъи дастаи  КМВА хотима ёфт. Дар ҳайати дастаи ғолиб Нодирбек Иброҳимов ду тӯб, Билол Сулаймонов, Шамсиддин Қосимов ва Шодибек Ғаффоров якголӣ ба ҳадаф расонданд. Голи дастаи «Регар-ТадАЗ» —и Турсунзодаро  Нозим Бобоҷонов ба нишон расонид.

Бозӣ миёни дастаҳои футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби мусовӣ, яъне бидуни гол анҷом ёфт. Дар бозии дигари  даври мазкур чемпиони феълии Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе ғалабаи навбатиро ба даст овард. «Истиқлол» ин бор ба дарвозаи дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ се голи беҷавоб зад. Рақобати ин  дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дар   сатҳи баланд  доир гашт. Дар ин вохӯрии ҷолиб голҳоро Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов  ба ҳадаф расониданд. Бо баргузор шудани ду бозӣ бо иштироки дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Душанбе 83»-и шаҳри Душанбе рақобатҳои даври 11-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон ҷамъбаст шуданд.

Дастаи футболи «Кӯктош», ки дар майдони худ яке аз пешсафони мавсимро қабул кард, бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд ва мавқеи худро дар зинаи 5-ум мустаҳкам намуд. Дар ҷараёни бозӣ ҳисоб дар дақиқаи 20-ум кушода шуд. Дарвозабони мизбонон Қурбоналӣ Бобоев иштибоҳан тӯбро вориди дарвозаи худ намуд. Қисми якуми бозӣ бо натиҷаи 0-1 хотима ёфт. Бо шуруи қисми дуюми рақобат мизбонон пеналти кор карданд ва Муҳаммадшарифи Саидхоҷа бо истифода аз он ҳисобро баробар кард. Голи дуюми мизбононро бошад Далер Ёдгоров зад. Пас аз ин пирӯзӣ шумораи имтиёзҳои дастаи  «Кӯктош» ба 16 баробар шуд.Дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бошад, бо 21 хол дар зинаи 3-юм боқӣ монд.

Сабқати  дигари ин давр, ки дар шаҳри Истаравшан миёни дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо  «Душанбе 83»-и шаҳри Душанбе  сурат гирифт бо ҳисоби 2:0 ба суди мизбонон хотима ёфт, ки дар ин вохӯрӣ ҷолиб  голҳоро Салам Ашурмамадов ва Илҳом Баротов ба нишон расониданд.


14.08.2020 Нет комментариев