734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


“ЭҲЁ ВА РУШДИНАМУДҲОИМИЛЛИИВАРЗИШ – АРҶГУЗОРӢ БА АРЗИШҲОИМИЛЛИИ АҶДОДӢ!”

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии мамлакат эълон гардидааст.

Яке аз муҳимтарин воситаи устуворгардонии рушди соҳаи варзиш ин эҳтиром ва арҷгузорӣ ба бозиҳои миллии варзишӣ, ки ҳамчун рамзи матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоат баҳри ҳифзи арзишҳои волои миллӣ ва таъмини солимии ҷомеа равона гардидааст, зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат аз нав эҳё ва рушд ёфта истодаанд.

Дар замони муосир ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, махсусан бозиҳои миллии варзишӣ ҷалб намудани ќишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, он барои беҳдошти генофонди миллат арзиши калон дорад.

Миллати тоҷик аз ќадим вобаста ба фасли сол ва синну сол намудҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ дошт, ки ба воситаи онҳо солимии миллат мунтазам таъмин мегардид.

Эҳё ва рушди намудҳои миллии бозиҳои варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути баргузории Фестивалҳои миллии варзишӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”дар се марҳила дар сатҳи маҳаллӣ, минтаќавӣ ва ҷумҳуриявӣ, ҷиҳати фарогирии ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба таърих, фарҳанг, расму ойин ва анъанаву суннатҳои тоҷикона баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ аз арзишҳои миллӣ, ҳамзамон, тарғибу ташвиќ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ мегардад.

Хушбахтона дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП – 1140 (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020, №АП – 1332), ба Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021, баргузории Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ низ ворид гардид, ки барои арҷгузорӣ ба таърих ва фарҳангу анъанаҳои миллӣ ва аҷдодони варзишпарвари худ заминаи воќеӣ гузошт.

Тибќи таҳлилҳо муайян карда шуд, ки солҳои охир давлатҳои дунё барои муаррифии таъриху фарҳанги миллии худ, рӯ ба баргузории ҳар гуна фестивалу намоишҳои варзишии байналмилалӣ равона намуда, бо ин тартиб ҷомеаи ҷаҳониро аз таърих, фарҳанг, расму ойин, имкониятҳои сайёҳӣ ва анъанаҳои миллии варзишӣ ошно менамоянд.

Аввалин маротиба фестивали бозиҳоимиллӣ соли 2016 баргузор шуда, дар доираи он дар шакли намоиши намудҳои варзиши миллӣ аз ќабили гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ”, чавгонбозӣ, дастхобонӣ, сангбардорӣ, шоҳмотбозӣ, камонварӣ, гурзандозӣ, бандкашӣ ва намудҳои муосири варзиш муаррифӣ шуда, аз рӯи намудҳои “Гӯштингирӣ”, чавгонбозӣ, дастхобонӣ, сангбардорӣ, шоҳмотбозӣ, шиноварӣ, пойга ва бандкашӣ дар се марҳила шуруъ аз соли 2016 мусобиќаҳои варзишӣ баргузор карда шуданд.

Ҳамин тариќ зимни баргузории мусобиќаҳо дар маҷмуъ 96306 нафар варзишгарон иштирок намуда, 1423777 нафар мухлисону ҳаводорон аз муҳтавои бозиҳои миллии варзиш бархурдор шуданд.

Мавриди зикр аст, ки тайи чанд соли охир зери роҳбарии Президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардида, он ҳамчун воситаи муҳими эҳё ва рушди маҷмӯи бозиҳои миллии варзишӣ баромад менамояд.

Қобили ќайд аст, ки эҳё намудани намудҳоимиллииварзишаз ҷониби аҳолӣ хуб пазируфта шуда, дар рафти баргузории чорабиниҳо бештар наврасону ҷавонон бо маќсади ба таърих, фарҳанг, расму оийн ва анъанаву суннатҳои тоҷикона баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ аз арзишҳои миллӣ, ҳамзамон, тарғибу ташвиќ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим рӯ меоварданд.

Соли ҷорӣсанаибаргузориимарҳилаиякуми Фестивали бозиҳоимиллииварзишӣдарсатҳишаҳруноҳияҳоаз 20 то 31 марти мартисоли 2020 ба нақшагирифташуда буд.

Ҳамин тавр марҳилаи якуми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бо фарогирии 1870 варзишгар ва зиёда аз 12500 нафар мухлисону тамошобин, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо фарогирии 9250 варзишгар ва зиёда аз 44325 нафар мухлисону тамошобин, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо фарогирии 9682 варзишгар, аз ҷумла 1309 нафар бонувон ва зиёда аз 170000 нафар мухлисону тамошобин, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо фарогирии 7440 варзишгар ва зиёда аз 24800 нафар мухлисону тамошобин ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо фарогирии 6777 варзишгар ва зиёда аз 66300 нафар мухлисону тамошобин дар сатҳи баланд аз рӯи 8 намуди варзиш баргузор гардид, ки дар маҷмуъ 35019 варзишгарон ва 317925 нафар тамошобинону дӯстдорони намудҳои варзиш фаро гирифта шуданд.

Марҳилаидуюми Фестивалдарсатҳиминтақававилоятаз 20 майисоли 2020 муайянкардашуда, бо дарназардошти вазъи эпидемиологии кишвар ва ҷаҳон оид ба хуруҷи бемории сироятии коронавирус COVID – 2019, ки баргузории тамоми чорабиниҳои варзишӣ аз санаи 1 майи соли ҷорӣ мавқуф гузошта шуда буданд, доир нагардид.

Дар ин замина, бо мақсади иҷрои босифати Амри Президенти ҶумҳурииТоҷикистоназ 27 январисоли 2020, №АП-1332, Кумита баргузории марҳилаи дуюми Фестивал дар арафаи баргузории “Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон” аз 10 то 15 августи соли 2020 ба нақша гирифта шуда, дар доираи баргузории марҳилаи дуюм ва дастаҳои минтаќа ва вилоятҳо барои иштирок дар марҳилаи ниҳоии он, ки дар арафаи ҷашни Истиќлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, муайян карда мешавад.

Қурбонов Қурбонхуҷа

мутахассиси пешбари Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


14.08.2020 Нет комментариев