734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


КОНФЕРЕНСИЯИ XIV ФИЛИАЛИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ ДОИР ГАРДИД.

Нимаи дуюми рӯз 14 августи сои ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ Конференсияи XIV филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ҷавони ташкилоту муассисаҳо ва аъзоёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид.
Тибқи рӯзномаи конфронс нахуст ҳисоботи намояндаи Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Султонзода Мартаба ва намояндаи филиали ИҶТ дар шаҳри Душанбе Турсунзода Раҷабалӣ шунида шуда, баъда ҷиҳати иштирок дар конфронси шаҳри ва Анҷумани ҷумҳуриявии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон тибқи овоздиҳии дастаҷамъӣ 125 нафар аъзоён ҳамчун вакил интихоб карда шуданд.


14.08.2020 Нет комментариев