734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ВАРЗИШ- шахсро аз амалҳои нопок дур месозад

Инсоният дар тӯли таърих ба бисёр дастовардҳои бузурги фарҳангӣ ва илмиву иҷтимоӣ муваффақ шудааст, ки ҳамаи онҳо ба пешрафти зиндагӣ, саодати мардум ва сарҷамъии халқу миллатҳо равона гардидаанд. Яке аз ин дастовардҳои башарият варзиш мебошад, ки аз қадимулайём то ба имрӯз ба хотири солиму тавоно нигоҳ доштани инсон хизмат мекунад. Варзиш яке аз воситаҳои беҳтар гардонидани вазъи саломатӣ ва  муаррифгари  давлату миллат мебошад.

Ниёгони мо барои беҳдошти саломативу неруи ҷисмонӣ ва ҳамеша омода буда, ба дифои марзу бум ва мардуми хеш усулҳои гуногуни варзишро инкишоф медоданд. Ҳакими машриқзамин нобиғаи соҳаи тиб Абуалӣ ибни Сино усулҳои назариявию амалӣ ва аҳамияти варзишро дар саломатии инсон васеъ талқин мекард. Ӯ зикр карда буд, ки агар ҳар фард пайваста ба варзиши бадан машғул шавад ва ба меёрҳои он риоя намояд, барои истеъмоли дору ягон ниёзе намемонад.

Варзиш барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсон, аз қабили дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни халқу миллатҳо хизмат мекунад. Имрӯз яке аз ҳадафҳои асосии варзиш ҳамчун қосиди сулҳ дар ҷаҳон арзёбӣ мегардад.

Аз касе пӯшида нест, ки дар замони ҷаҳонишавӣ варзиш на танҳо ҷанбаи иҷтимоӣ, балки ҷанбаи иқтисодӣ ва сиёсиро низ дарбар мегирад. Зеро мардум ҳар қадар бештар ба варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар ваъзи саломативу ҳолати руҳиву равонии онҳо беҳтар гардида, барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва амнияти давлату ҷомеа имконияту заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Таҷрибаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҳадафҳои соҳаи варзиш зимни қабулу татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бунёду таҷдиди иншооти замонавии варзишӣ, васеъ ба роҳ мондани корҳои тарбиявию тарғиботӣ ба хотири густариши тарзи ҳаёти солим амали мегардад

Ҳадафи асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ  барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни варзиш ва ҷалби бештари аҳолӣ ба тарбияи ҷисмониву варзиш, гузашта аз ин барои оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона шудааст.

Беҳуда нагуфтаанд, ки варзиш-гарави саломатӣ ва саломатии миллат шарти муҳимтарини бақои имрузу фардои давлат мебошад. Варзиш яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ буда, барои беҳдошти саломатии аҳли ҷомеа ва парвариши насли солиму неруманд аҳамияти бузург дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи варзиш як силсила қонуну қарорҳо ва барномаҳо қабул ва амалӣ карда, кӯшиш менамояд, ки барои мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи варзиш ҳамаи шароити заруриро фароҳам овард.

Баъди ба даст омадани Истиқлолият дар кишвари мо муносибат ба варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард.

Замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва ғамхории Ҳукумати кишвар дар ин ҷода варзишгорони тоҷик ба дастовадҳои зиёде ноил гардидаанд. Пешвои муаззами миллат вобаста ба ин зимни ироаи Паёми навбатӣ ёдовар шуданд, ки “Мо то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем”.

Ноҳияи Ишкошим яке аз қисматҳои ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соҳаи варзиш дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба рушди соҳаи варзиш бо дастгирии Ҳукумати кишвар сол то сол инфрасохтори соҳаи варзиш рушд ёфта истодааст.

Ҷавонони ноҳия дар чорабиниҳои варзишии сатҳи ҷамоатҳои деҳот, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ иштирок дошта, аксар вақт бо муззафариятҳо ноил гардида истодаанд.

Дар иртибот ба ин масоил метавон дарҷ намуд, ки ҷавонони ноҳия зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, дар пешрафт ва рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия саҳмгузор мебошанд. Дар фарҷом қайд менмоям, ки машғул гардидан бо варзиш ба саломатӣ манфиатбор буда, инчунин касро аз амалаҳои нопок дур месозад.

Давлатқадамов Раҳмиддин,  мудири Бахши кор бо ҷавонон ва

варзиши ноҳияи Ишкошим


13.08.2020 Нет комментариев