734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


“МУЛОҚОТИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АБДУЛЛО РАҲМОНЗОДА БО САФИРИ ФАЛАСТИН ДАР ТОҶИКИСТОН ЛУАЙ ИСО”

Санаи 13 августи соли ҷорӣ мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо Сафири Фаластин дар Тоҷикистон Луай Исо баргузор гардид.

Мулоқоти мазкур ташрифотӣ сурат гирифта, зимни он масъалањои густариш додани ҳамкориҳо дар самти ҷавонон ва варзиш, муҳокимаи лоиҳаи “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Фаластин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар иртибот ба ин, аз ҷониби Сафири Фаластин омодагӣ ҷиҳати ба имзо расонидани Созишномаи мазкур баён гардид.

Дар интиҳо, ҷонибҳо барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти татбиқи сиёсати давлатии қавонон ва варзиш ба мувофиқа расиданд.

Мулоқоти мазкур бо ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.

????????????????????????????????????


13.08.2020 Нет комментариев