734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


«Истиқлол» ва КМВА дар даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон бар ҳарифонашон ғолиб омаданд

ДУШАНБЕ, 13.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. 12  август се бозии даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бозии дастаҳои футболи  КМВА  ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода рақобати марказии даври 11-уми Лигаи олӣ ба шумор мерафт. Сабқати  ин  дастаҳо хеле ҷолиб баргузор шуда, бо ҳисоби калони 5:1 бар нафъи дастаи  КМВА хотима ёфт. Дар ҳайати дастаи ғолиб Нодирбек Иброҳимов ду тӯб, Билол Сулаймонов, Шамсиддин Қосимов ва Шодибек Ғаффоров якголӣ ба ҳадаф расонданд. Голи дастаи «Регар-ТадАЗ» —и Турсунзодаро  Нозим Бобоҷонов ба нишон расонид.

Бозӣ миёни дастаҳои футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби мусовӣ, яъне бидуни гол анҷом ёфт.

Дар бозии дигари  даври мазкур чемпиони феълии Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе ғалабаи навбатиро ба даст овард. «Истиқлол» ин бор ба дарвозаи дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ се голи беҷавоб зад. Рақобати ин  дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дар   сатҳи баланд  доир гашт. Дар ин вохӯрии ҷолиб голҳоро Манучеҳр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов  ба ҳадаф расониданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз ду бозии дигари даври ёздаҳуми Чемпионати  Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор мешаванд. Дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истарвшан бо «Душанбе-83»-и шаҳри  Душанбе  ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  бо «Хатлон»-и шаҳри  Бохтар  байни  ҳам рақобат мекунанд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 11-ум

«Регар-ТадАЗ» – КМВА – 1:5

Голҳо: Нодирбек Ибрагимов, 6 (0:1). Нодирбек Ибрагимов, 68 (0:2). Нозим Бобоҷонов, 77 (1:2). Билол Сулаймонов, 84 (1:3). Шамсиддин Қосимов, 87 (1:4). Шодибек Ғаффоров, 90+2 (1:5).

«Хуҷанд» – «Локомотив-Помир» – 0:0

«Истиқлол» – «Файзканд» – 3:0

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 24 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 52 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 69 (3:0)


13.08.2020 Нет комментариев