734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти Раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — Раиси  Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия Қоҳир Расулзода  ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ аз ҷараёни баргузории ҷаласа гузориш медиҳад, қабл аз оғози кори ҷаласа ҳамраисони  Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуда, масоили марбут ба кори ҷаласа ва ҳолати кунунии ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сипас дар ҳайати васеъ ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ доир гардид, ки дар кори он вазъи кунунии ҳамкории тиҷоративу  иқтисодии Тоҷикистону Россия ва дурнамои он дар шароити паҳншавии бемории сироятии коронавирус  мавриди  баррасӣ қарор дода шуд.

Бо натиҷагирӣ аз муҳимияти сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба Федератсияи Россия дар соли 2019 таъкид  гардид, ки ин сафар ба рушди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун заминаи воқеӣ гузошт.

Ҷонибҳо аз рушди бемайлони ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла комплекси энергетикӣ, саноат, нақлиёт ва кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар баробари пешравиҳо дар гардиши молу маҳсулот байни ду давлат тамоюли коҳишёбӣ ба назар мерасад.

Аз ҷумла, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат дар шаш моҳи аввали соли 2020 ба 492,7 млн доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 0,1 фоиз кам мебошад.

Доир ба тақвияти ҳамкорӣ дар давраи паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва коҳиш додани таъсири он ба иқтисодиёти давлатҳо фикру мулоҳизаҳо ва таклифу пешниҳодҳои судманд баён карда шуд.

Дар кори ҷаласа доир ба чор самти муҳим- ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои молия ва бонкдорӣ, тандурустӣ ва фарҳанг табодули афкор карда шуд.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, молия ва бонкдорӣ таъмини рушди ҳамкории байни минтақаҳо, иқтисодиёти рақамӣ, беҳтар гардондани нишондиҳандаҳои савдои хориҷӣ, ҷалби сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва тақвияти  амалиёти муштараки байнибонкӣ аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ карда шуд.

Тавре таъкид карда шуд, рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ дар шароити паҳншавии бемории сироятии COVID-19  дар  пешгирӣ аз хуруҷи   мавҷи дуюми ин беморӣ мусоидат карда, барои табодули таҷрибаи байниҳамдигарии кормандони соҳа шароит фароҳам меоварад.

Дар охири кори ҷаласа доир ба баргузории ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории тиҷоратву иқтисодӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.


13.08.2020 Нет комментариев