734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, инчунин оммавӣ гардонидани варзиш миёни занҳои хонашин ва ҷихати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти  Кумитаи кор бо ҷавонон ва  варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ноҳияи Деваштич бо ташаббуси Бахши  кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия миёни сокинон машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст!” баргузор гардид.

Қайд намудан ба маврид аст, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ҷиҳати рушди варзиш, бахусус байни духтарон назаррас аст. Ба варзиш машғул шудани занҳо танҳо хосси бонувони  варзишгар нест. Бояд ҳар як зан барои саломатии хеш ҳамеша ба варзиш машғул шаванд.

Дар чорабинии мазкур занони хонашин ва кудакон фаъолона иштирок намуда, бо анҷом додани машқҳои бадан дар рушд ва ҳифзи солимии хеш саҳм гузоштанд. Гуфта шуд, ки машғул гардидан ба машқҳои пагоҳирӯзӣ омили солимии ҳар шахс буда, бояд ҳар нафар барои саломатии хеш ба он машғул шаваду дар тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми худро гузорад.

 


30.07.2020 Нет комментариев