734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Шумо ҷавонон захираи миллат ва ояндаи давлат ҳастед!

Дар давоми сафари корӣ  ба минтақаи Рашт муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Назарзода Ризо Шодӣ бо ҷавонони фаъоли ноҳияи Тоҷикобод вохӯрии судманд анҷом дод, ки меҳварии асосии мулоқотро мавзӯҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар бар мегирифт.

Зимни суҳбат муҳтарам Назарзода Ризо қайд намуданд, ки имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳад. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерӯи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатмамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст, ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Шумо  ҷавонон муаррификунандаи давлату кишвар ба шумор меравед,  Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил меёбад. Шумо  ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозӯи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан хоҳед шуд.

Ҳамчунин, Назарзода Ризо Шодӣ муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон аз аҳли  толор даъват ба амал овард, ки шумо ҷавонони шуҷоъи кишварро месазад, ки ба эҳтиромҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳиссиёти амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани худ вафодор бошед, фалокати бегонапарастӣ ва фиребу маккории созмонҳои террористиву ифротгароӣ ба хусус амалҳои пурфоҷиаи онҳоро ғофил намонед ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, зеро шумо ҷавонони миллат захираи миллат ва ояндаи давлат ҳастед.

 

 


30.07.2020 Нет комментариев