Оила асоси наслҳои солими ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Зеро дар оилаи солим фарзандони солим ба дунё омада, оянда дар тараққиёти кишварамон саҳми худро мегузоранд. Гуфтан мумкин аст, ки ҳар як мутахассисе, ки дар рушди кишвар саҳми худро мегузорад, дар оилаи солим тарбия ёфтааст. Агар оила носолим бошад ва ё барҳам хӯрда бошад, баръакси ҳолро бе ягон муҳобот мунтазир шудан мумкин аст.

Мушкилие, ки на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷаҳон доғи рӯз ба шумор меравад, ин пош хӯрдани оилаҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, дар пайи он орзуҳои садҳо кӯдак барбод мераваду дар зиндагияшон зиндаятим мемонанд. Чаро оилаҳо ҷудо мешаванд? Пошхӯрии оилаҳо ба фарзандон чӣ таъсир дорад? Чӣ бояд кард? Ин саволҳоест, ки ҷавоб ва дар асоси ин ҷавобҳо амал мехоҳад.

Боиси таассуф аст, ки дар шаш моҳи ахири соли 2020 дар кишвар 5486 нафар никоҳи худро бекор карда, аз ҳам ҷудо шуданд. Ин рақамҳо ҳазорҳо кӯдаки бегуноҳро аз меҳру муҳаббати волидон дур кардааст. Пошхурии оилаҳо шикасти шишаеро мемонад, ки садпора шуда, дар оянда ҳамчун ханҷар ба қалби ин тифлакони бегуноҳ мехалад.

Дар ҷомеаи мо сафи чунин кӯдакон зиёд мебошад. Яке аз чунин нафарон Қурбон ном ҷавони 23-сола аз шаҳри Ҳисор мебошад, ки бо сабаби пош хӯрдани оилаашон ҳамеша руҳафтода мегардад. Баъди ҷудо шудани волидонаш ӯ дар хонаи бобояш зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки ҳангоми ҷудо шудани падару модараш хурд буд ва ин чизҳоро намефаҳмид.

“Хонаи бобоям омадем. Баъди гузашти ду рӯз, ба очаам гуфтам, ки кай хонаамон меравем? Модарам гиря мекард ва мегуфт, ки фардо бачам. Оҳиста-оҳиста фаҳмидам, ки бо сабабҳои номаълум ман ва хоҳаракам аз меҳри падар маҳрум гардидаем”.

Қурбон сабаби дар бисёр ҳолатҳо руҳафтода гардидану муваффақ нашуданашро маҳз дар зиндаҷудоӣ аз падар мебинад. Аз ҷумла, бо майлу хоҳишаш таҳсил накарданашро метавон зумрае аз ин номид. Ҳамчунин ӯ чандин мушкилии зиндагияшонро маҳз дар оилаи вайроншудаашон медонад.

“Дар баробари дигар зарбаҳо бепадарӣ иродаамро шикаст. Вақте падар дориву, сағераат мегӯянд, хеле мушкил аст, руҳияат мешиканад…”.

Ҷомеашиноси тоҷик Комилова Мавҷуда мегӯяд пошхӯрии оилаҳо хоҳ нохоҳ ба ҳолати равонии кӯдакон таъсири манфии худро мерасонад. Зеро дар тарбияи дурусти фарзандон волидон дар якҷоягӣ муваффақ хоҳанд шуд.

“Агар дар зиндагӣ яке аз волидон набошад, бешубҳа метавон гуфт, ки фарзандон руҳияи худро аз даст медиҳанд ва дар зиндагӣ ҳамеша худро аз дигарон каму маъюс эҳсос мекунанд. Ва ин ҳама, албатта таъсирии манфии худро ба кӯдакон мегузорад. Агар волидон, фарзандони худро бо як ахлоқи намунавӣ ба воя расонанд, албатта ҷамъият хуб мешавад”,- мегӯяд равоншинос.

Албатта, пошхӯрии оилаҳо дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ба назар мерасад, вале дар Тоҷикистон ин масъала доғ арзёбӣ мешавад. Сабабҳои пошӯрии оилаҳоро бошад коршиносон гуногун арзёбӣ мекунанд.

Ашӯриён Музаффар, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омилҳои ҷудошавиро чунин арзёбӣ намуд: “Омилҳои ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон гуногун аст. Аз ҷумла, якдигарнофаҳмӣ, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани яке аз ҳамсарон, ба маҳкама кашидани яке аз ҳамсарон, вазъи иқтисодии оилавӣ ва бефарзандиро метавон аз омилу сабабҳои ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Аммо яке сабабҳои асосии пошхӯрии оилаҳо ин паст будани маърифати оиладории ҷавонон ба шумор меравад”.

Вале Сироҷзода Саодатбибӣ, сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ мегӯяд, ки бекор кардан ақди нигоҳ дар шаш моҳи соли равон кам шудааст.

“Масалан, кам гардидани пошхӯрии оилаҳои ҷавонро дар шаш моҳи соли 2020, ки 579 ададро ташкил медиҳад, метавон дар баланд шудани маърифати оиладории ҷавонон арзёбӣ кард”,- гуфт ӯ.

Номбурда ҳамзамон илова намуд, ки дар ин самт корҳои лозимаро ба анҷом расонида истодаанд. Ӯ гуфт: “Тибқи нақша-чорабиниҳои Вазорати адлия мо бисёр чорабиниҳое мегузаронем, ки дар ин самт таъсири худро расонида истодаанд. Ин корҳои фаҳмондадиҳӣ, албатта метавонад, барои баланд бардоштани маърифти оиладории ҷавонон саҳми бориз гузорад”.

Коршиносони соҳа бар он назаранд, ки роҳҳои кам кардани пошхӯрии оилаҳо ин таълиму тарбияи хуб ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ мебошад. Бояд ҷавон донад, ки барои чӣ оиладор мешавад ва барои оила барпо кардан омода ҳаст ё не. Зеро ҳар як тифле, ки бо сабаби пошхӯрии оилаҳо шикаст мехӯраду тарбия намеёбад, дар оянда зарар ба ин давлату миллат мешавад. Дар ин бора Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо зикр намудаанд, ки “Бетарафӣ нишони марг аст”. Пас, биёед бетараф набошем!