Ин дар ҳолест, ки тибқи як қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 30 апрели соли 2016 то инҷониб амал мекунад, ба роҳбарони ширкатҳои пост-терминалҳои шаҳри Душанбе дастур дода шудааст, ки аз ҳисоби муштариён дигар фоиз наситонанд. Вале бо вуҷуди ин, ширкатҳое, ки пост – терминал доранд, ин қарорро нодида мегиранд ва фоизгириро аз муштариён идома медиҳанд.

Сумбула як муштарии чунин хизматрасониҳо мегӯяд, ки воқеан ҳам аз ҷониби пост-терминалҳо ҳаққи хизмати муштарӣ рӯёнида мешавад. Ба гуфтаи ӯ, аз бозе, ки дар бораи нарӯёнидани фоиз аз муштариро эълон карда буданд, ҳеҷ тағйиротеро мушоҳида накардааст.

“Чанд маротиба аз пост-терминалҳои маблағгузаронӣ истифода бурдам, вале дидам, ки фоиз меситонанд. Аз ин рӯ, ба терминалҳои бонки Эсхата рӯ овардам, чун онҳо доимӣ бефоиз ва дар ҳама ҷо дастрасанд”,-гуфт ӯ.

Фирӯза як истифодабарандаи дигар аз шаҳри Душанбе низ шикоят аз он мекунад, ки аз суратҳисобаш маблағи барзиёд ситонида мешавад.

Ӯ ки чунин ҳолатро борҳо мушоҳида намудааст, дар суҳбат бо мо гуфт, ки воқеан ҳам ситонидани фоиз аз ҷониби ин хизматрасониҳо беинсофона аст.

Вай мегӯяд, чизе, ки ӯро нигорон кардааст, дар баробари фоиз ҳамзамон фиреби муштариён аст, ки дар терминалҳои худ, бе фоиз насб кардаанду лекин дар асл фоиз меситонанд.

“Ман чунин ҳолатро борҳост, ки мушоҳида мекунам, ки пост-терминалҳои маблағгузаронӣ бо роҳи фиреб аз истифодабарандагон пул мегиранд. Ин дар ҳолест, ки дар тани ҳар яки он ҳаққи хизматрасонӣ “0%” насб шудааст, вале вақте ба суратҳисобам маблағ мегузаронам, мебинам, ки аз ҳисобам фоиз ситонидаанд. Дар аввал, ки маблағ гузаронидам, мутмаин набудам, ки фоиз гирифтааст, вале чанд бори дигар мушоҳида карда, дидам, ки воқеан ҳам аз ҳисобам фоиз мегиранд. Ростӣ, дар ғазаб омадам, ки чаро ҳаққи хизматрасонӣ “0%” нишон дода шудаасту лекин дар асл маблағ ситонида мешавад”,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ин истифодабаранда пешниҳод мекунад, ки масъулин дар ин масъала чораҳои лозимаро пешбинӣ намоянд.

“Ба саҳми масъулин расониданӣ ҳастам, ки ин масъаларо дида бароянд ва соҳибони чунин ширкатҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”,-илова намуд Фирӯза.

Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки воқеан ҳам тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматрасониҳои пост-терминалҳо фоизгирӣ манъ карда шудааст, вале онҳо аз дастури Ҳукумат саркашӣ мекунанд. Ба гуфтаи директори хадамоти мазкур, Муъминзод Абдулмаҷид нисбати чанде аз ширкатҳои мазкур протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо маблағҳои ҳангуфт низ ситонида шудааст.

– Имрӯз дар ҳақиқат бештаре аз ширкатҳое, ки дар ин самт фаъ-олият мекунанд, фоизро, ки аз 1,5 оғоз мешавад, то 3-4 фоиз аз маблағи супоранда бо дарназардошти маблағҳо меситонанд. Мо тамоми чораҳоро дида истодаем ва аллакай протоколи маъмурӣ низ тартиб додем ва ҷаримаҳои ҳангуфт низ ба давлат пардохт карданд. Ғайр аз ин, баъзе аз онҳо пост-терминалҳои худро ба сифр баробар ҳам карданд. Вале дар миёни онҳо то ҳол ҳастанд пост-терминалҳое, ки қарори ҳукуматро нодида мегиранд,-гуфт, Муъминзод Абдулмаҷид.

Ҳамзамон ӯ гуфт, рӯйхати ширкатҳое, ки аз дастури ҳукумат саркашӣ кардаанд, дар даст доранд ва ба омма пешниҳод мекунанд.

Хадамоти зиддинҳисорӣ бо нашри як шарҳи муфассал дар сомонаи расмиаш таҳти унвони “Ситонидани фоиз ҳангоми пардохти маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо манъ аст!” гуфта буд, ки бар хилофи қарори Ҳукумат аз 30 апрели соли 2016 дар бораи “Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он”, аксари терминалҳо ҳаққи хидмати худро аз муштариён мерӯёнанд: “Мутаассифона, аз ҷониби аксарияти субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозори молӣ бо хизматрасонии терминалҳои пардохти пулӣ ба аҳолӣ машғул мебошанд, талаботи тартиби мазкур риоя нагардида, ҳангоми гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо (муштариён) то 3% ва баъзе мавридҳо то 10 фоиз маблағ ситонида мешавад. Амали мазкур ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро поймол намуда, боиси вайрон гардидани талаботи қонунгузорӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мегардад”.

Дар аксари кишварҳои дунё ҳаққи хидмати ширкатҳоеро, ки ба ҳисоби телефонҳои муштариён пул мегузаронанд, ширкатҳои мобилӣ пардохт мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон худи соҳибони терминалҳо вобаста ба инсофи худ ҳаққи хидмат муқаррар карда ва мустақиман аз пуле, ки муштарӣ барои гузарондан ба ҳисобаш месупоранд, мегиранд. Ин дар ҳолест, ки дар банди чоруми Қарори Ҳукумат дар бораи “Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” ба таври рӯшан гуфта шудааст ки: “фоиз барои қабули пардохт набояд ситонида шавад”.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳамчунин ба ширкатҳои мобилии – “Индиго”, “Таком”, “ТТмобайл”, “Вавилон Мобайл”, “Тоҷикмобайл”, “Телеком Технолоҷи” ва “ТК Мобайл” номаи расмӣ фиристода, аз онҳо хостааст, ки шартномаҳои хешро бо ширкатҳои соҳиби терминалҳо бозбинӣ кунанд ва дигар аз муштариён барои гузарондани маблағ фоиз нагиранд.

Аммо дар навбати худ, соҳибони терминалҳо мегӯянд, бояд масъала ба таври мутамаддин ҳал шавад. Онҳо мегӯянд, ки онҳо ба муштарӣ хидмат мерасонанд ва бояд ҳаққашонро бигиранд. Дар сурате, ки муштарӣ ҳақро пардохт накунад, пас бояд ширкати мобилӣ, ки маблағ ба ҳисоби он меравад, ҳаққашонро бидиҳад.