734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ҶАВОНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

Имрӯз дар ноҳияи Сангвор бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Назарзода Ризо Шодӣ  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор дар толори Қасри фарҳанги ноҳия мулоқоти судманд  вобаста ба интихоби тарзи хаёти солим, ҷиҳати пешгирии бемориҳои  сироятӣ , аз он ҷумла НМО/БПНМ ва Коронавирус баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки дар вохӯрӣ бо чавонон ва сокинон мухтавои мурочиатномаи Хукумати Чумхурии Точикистон вобаста ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ фаҳмонида шуд. Инчунин баьд аз баргузории суҳботу вохӯриҳо бо мақсади пешгирии мавҷи дуюми бемории Коронавирус аз ҷониби волонтёрон дар бозори марказии ноҳия ба сокинон ниқобҳои ройгон тақсим намуданд


30.07.2020 Нет комментариев