734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дар ноҳияи Муъминобод гурӯҳи сайёр ташкил карда шуд

Дар асоси Нақша- чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021”, рӯзи 30 июли соли равон дар ноҳияи Муъминобод семинар-машваратӣ омӯзиши баргузор гардид.

Дар семинари мазкур намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Маркази пешгирии ВНМО/БПНМ, ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин аз ҷониби масъулин таъкид карда шуд, ки ин бемориҳо мисли баъзе бемориҳои дигар, касалии рафтори мебошад. Яъне, ки дар бештари ҳолатҳо шахс аз сабаби бад будани рафтори худ ба бемории мазкур дучор мешаванд. Барои пешгири намудани сирояти ВНМО/БПНМ бояд сатҳи маълумотноки аҳолиро вобаста ба роҳҳои сироят ва пешгирии ин бемори баланд бардорем, тағйир додани рафтори хатарнок, яъне ки паст намудани рафтори хатарноке, ки барои сирояти ВНМО мусоидат мекунад, масалан (пешгирии нашъамандӣ, истифодаи сузандоруҳои яккарата ҳангоми истифодаи маводи муххадир, пешгирии сирояти кудак аз модари ВНМО сироятшуда) ва дигар роҳҳо эҳтиёт намоем .

Ҳамчунин дар охир саволу ҷавоб доир шуда, иштирокчиён бо гувоҳнома ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби волонтёрони фаъоли ноҳия гурӯҳи сайёр ташкил карда шуда, аксияи ташвиқотию тарғиботӣ вобаста ба ташаккули тарзи ҳаёти соли доир гардид.

 


30.07.2020 Нет комментариев