734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Бо Пешвои муаззами миллати худ ифтихор дорем!

Соҳибистиқлолии давлат ва таваҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон боиси он гардид, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар 29 – соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ёбад.

Маҳз дар ин солҳои Истиқлолият варзишгарони мо имконият ба даст оварданд, ки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ чемпионатҳои Осиё, Ҷаҳон, Бозиҳои осиё ва бозиҳои олимпӣ иштирок намуда давлати соҳибистиқлоли азизамонро муаррифӣ намоянд. Дар қатори варзишгарони дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ варзишгарони вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд низ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилали ширкат варзида шарафи ҷумҳурии азизамонро боло бардошта истодаанд.

Ман ҳамчун Сармураббии вилояти Суғд оид ба бокс байни калонсолон бодастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи варзишгарон оид ба намуди бокс саҳми худро гузоштаам, аз ҷумла варзишгар Қурбонов Ҷаҳон иштирокчии бозиҳои олимпии  2004 – Пекин ва 2012 Лондон, Асрор Воҳидов ғолиби чемпионати ҷаҳон байни наврасон, Сулаймонов Ҳамза ва Ҳусейнов Далер ҷоизадорони чемпионати Осиё байни наврасон, ки ин шукри истиқлолият мебошад.

Дастгирии шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи милли олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки дучанд меҳнат намуда барои тарбияи варзишгарони муввафақ саҳмгузор бошем. Мо варзишгарони шаҳри Хуҷанд дар атрофи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат муттаҳидем.

Директори Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №4»-и шаҳри Хуҷанд Усмонов Баҳром


30.07.2020 Нет комментариев