734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


АКСИЯИ ТАШВИҚОТӢ-ТАРҒИБОТӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҚОВИМАТ БАР ЗИДДИ САВДОИ ОДАМОН”

“Рӯзи 29 июли “Рӯзи байналмилалии муқовимат бар зидди савдои одамон” соли равон бахшида ба “Рӯзи байналмилалии муқовимат бар зидди савдои одамон” бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомотҳои маҳаллии шаҳр аксияи ташвиқотӣ-тарғиботӣ доир намуданд.

Бояд қайд намуд, ки ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон дар шароити ҷаҳони муосир ҳамчун зуҳуроти манфӣ эътироф гардида, метавонанд ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи башарӣ зарари ҷиддӣ расонанд. Дар ин росто, барои ҷилавгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти нангин-савдои одамон ҷомеаи байналмилалиро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ муборизаи беамон ва оштинопазир барад.

Зимни баргузории аксияи мазкур аз ҷониби масъулин таъкид карда шуд, ки сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо назардошти вазъияти дохилӣ ва берунии муқовимат ба савдои одамон, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки ба мубориза бар зидди савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни ҷиноятҳои зикргардида равона шудаанд, ташаккул меёбад.

Бояд зикр намуд, ки бо мақсади ҷилавгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа нисбат ба вазъи ҷабрдидагон хариду фуруши одамон, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо бо Қарори Созмони Милали Муттаҳид аз соли 2013 инҷониб дар сартосари ҷаҳон қайд карда мешавад.

Дар охири аксия аз ҷониби волонтёрони Бахш маводҳои иттилоотӣ оиди масъалаҳои пешгирии хариди фуруш ва савдои одамон, буклетҳо оиди пешгирии паҳншавии (COVID – 19) миёни сокинон тақсим карда шуд.

 

 


30.07.2020 Нет комментариев