734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Нишасти матбуотӣ

Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2020 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти № АП-1729, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни соли 2020, № 26/10-218 тасдиқ шудааст, санаи 28 июли соли 2020 соати 15:00 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии Рохбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

 

 

 

 

 

 

 

 

КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАХШИ ТАҲЛИЛ ВА ИТТИЛООТ

 

 

 

ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ

 

 

 

Натиҷаи

фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва

 варзиш дар нимсолаи аввали соли 2020

Фаъолияти Кумита дар шашмоҳаи аввали соли 2020

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш, дар заминаи Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Кумита ҳамчун роҳнамову дастурамали рўи мизии кории ҳамарўзаи худ ба асос гирифта, баҳри татбиқи сифатнокии он дар шашмоҳи соли 2020 чораҳои амалӣ андешид.

Дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Кумита бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусию соҳибкорони ватанӣ ва ВАО дар самти татбиқи амалии сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш дар шашмоҳаи аввали соли 2020, 18887 адад чорабинӣ бо фарогирии 2 миллиону 694 ҳазору  994 нафар сокинони ҷумҳурӣ баргузор намуд, ки дар самти кор бо ҷавонон 13 ҳазору 941 чорабинӣ ва дар самти соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила оммавигардонии варзиш 4946 чорабиниҳои варзишӣ бо фарогирии 676 ҳазору 581 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 184868 нафар бонувон баргузор карда шуд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешида аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои система дар давраи ҳисоботӣ 335 чорабинии варзишӣ, аз қабили чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, мусобиқаҳои интихобии вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, дохилимактабӣ, мусобиқаҳои оммавӣ-солимгардонӣ бо фарогирии 29083 нафар наврасону ҷавонон ва аҳолӣ, аз ҷумла 5196 нафар бонувон баргузор карда шуд.

Ҳамзамон, баҳри таҳкими идеяи миллати солим дар ин давра 1043 адад машқҳои пагоҳирўзӣ бо фарогирии оммаи васеи ҷомеа баргузор гардидааст.

ДАР САМТИ КОР БО ҶАВОНОН

Баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли мушкилотҳои умдаи ҷавонон дар ҷомеа Кумита аз рўи 10 самти афзалиятноки Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон фаъолияти соҳаро роҳандозӣ намуда истодааст.

Корҳои тарѓиботӣ-ташвиқотӣ

Аз ҷониби Кумита ва сохторҳои маҳаллӣ бо мақсади расонидани мазмуну моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаву кўчаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил ва баргузор гардид, ки дар маҷмўъ дар шашмоҳи соли 2020, 1503 мулоқоту вохўриҳо ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо фарогирии 252418 нафар ҷавонони касбу кори гуногун ва аҳолӣ баргузор карда шуд.

Самти ободкорӣ

Бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рўҳияи меҳнатдўстию созандагӣ, ободкорию хуррамгардонӣ, бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таҳти унвони “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем” ва “Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!” аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои система 970 маротиба ҳашарҳои дастаҷамъона ташкил карда шуд, ки дар он 204176 бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда ва гулу буттаҳо бо иштироки 147941 нафар ҷавонон фаъолона шинонда шуд.

Кор дар самти волонтёрон

Тибқи омори сиёсати давлатии ҷавонон шумораи волонтёрон, аъзоёни маҳфили “Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат” дар кишвар 315 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби волонтёрон дар давраи ҳисоботӣ 1590 адад силсилаи чорабиниҳои маърифатию машваратӣ, омўзишию илмӣ, фарҳангиву фароѓатӣ ва варзишию солимгардонӣ доир гардида, иштирок ва саҳми 18182 нафар таъмин карда шуд.

Баргузории аксия ва ҳамоишҳо

Яке аз механизмҳои ҷалби ҷавонон вобаста ба қабули қарор ва иштироки фаъолонаи онҳо дар амалигардонии иқдомҳои созанда ва муосир, ин баргузории аксия ва ҳамоишҳои дастаҷамъона ба ҳисоб меравад, ки ба ин васила метавон мавқеъ ва муҳимияти масъаларо аз нуқтаи назари сиёсӣ арзёбӣ намуд.

Дар маҷмуъ аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллии он ва ташкилотҳои система вобаста ба таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ 3999 чорабиниҳо бо иштироки 678615 нафар ҷавонон баргузор гардида, 149319 адад маводҳои иттилоотӣ миёни аҳолӣ тақсим карда шуд.

Конфронс ва мизҳои мудаввар

Бо мақсади таъмини ҳамаҷонибаи рушди имкониятҳои зеҳнию эҷодии ҷавонон дар ҳалли мушкилоти ҷавонон ва вусъат бахшидан ба имкониятҳои фароҳамгардида дар нимсолаи аввали соли 2020, 12 конфронс ва мизҳои мудаввар баргузор гардид.

Шуғлнокӣ

Бо шуѓл фаро гирифтани ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷавонони бешуѓл, бекор ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии ин қишри ҷомеа яке аз масъалаҳои умдаи рўз ба ҳисоб меравад, ки Кумита дар ҳамкорӣ бо сохторҳои масъули соҳа дар давраи ҳисоботӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Бо мақсади амалигардонии ин самти афзалиятнок дар назди Кумита КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон» фаъолияти босамар менамояд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар давраи ҳисоботӣ 5 нафар тавассути роҳхат ба таври муташаккилона ба Федератсияи Россия, шаҳри Волгоград равона карда шуданд. Маврид ба зикр аст, ки тибқи шартнома барои интиқоли муҳоҷирон тавассути қатора барои ҷойи кор ба совхози Карповка ба таври ройгон роҳандозӣ карда шудааст.

Инчунин, дар ин давра, дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии шуѓли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатии шаҳри Душанбе 6 адад ярмаркаҳои муштарак баргузор карда шудааст, ки дар онҳо ба хоҳишмандон, муроҷиаткунадагон ва корҷўён оид ба ҷойҳои кор дар Федератсияи Россия ва хизматрасониҳои корхона аз қабили курсҳои омўзишӣ барои ҷавонон маълумот пешниҳод карда мешавад.

Дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021”, 16 курси омўзишӣ аз ҷумла курси қаннодӣ, кадбонугӣ, дӯзандагӣ, рассомӣ, забономўзӣ, компютер, ороишгари рўй ва мўй, адрасбофӣ, қолинбофӣ ва кулолгарӣ  амал намуда истодааст. Дар ин росто, дар курсҳои омўзишӣ  320 нафар донишҷуён ва ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ва имконияташон маҳдуд фаро гирифта шудаанд.

Ҳамзамон, баҳри баланд бардоштани маърифату ҳувияти миллии шахсони корҷўй ва ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо мавриди буду бош дар хориҷи кишвар дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби КВД “Биржаи меҳнатии ҷавонон” 20 мулоқоту вохўриҳо, 6 барномаи телевизионӣ, 4 семинар – машваратҳои омўзишӣ баргузор карда шуд, ки дар натиҷа 4900 нафар ба маълумотҳои зарурию саривақтӣ фаро гирифта шуданд.

Дар натиҷаи ҳамкориҳо дар шаҳри Душанбе 50 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо 7226 ҷойи корӣ пешниҳод гардид ва 22240 нафар барои дарёфти кор муроҷиат намуданд, ки аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 445 нафар ба ҷойи кор таъмин гардида, 740 нафар ба курсҳои бозомўзӣ сафарбар карда шуданд.

Инчунин, дар вилояти Хатлон 129 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо 14116 ҷойи кори пешниҳод гардида, 13157 нафар барои дарёфти кор муроҷиат намуданд аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 1766 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, 1102 нафар ба курсҳои бозомўзӣ фаро гирифта шуданд.

Дар вилояти Суғд 73 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо 5534 ҷойи кори пешниҳод гардид ва 8998 нафар барои дарёфти кор муроҷиат намуда, аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 1842 нафар ба ҷойи кор таъмин ва 1570 нафар ба курсҳои бозомўзӣ фаро гирифта шуданд.

Дар ВМКБ 21 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо 471 ҷойи кори пешниҳод гардида, 1215 нафар барои дарёфти кор муроҷиат намуда аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 316 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Дар ШНТҶ 36 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо 4230 ҷойи кори пешниҳод гардид ва 7232 нафар барои дарёфти кор муроҷиат намуданд аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 1994 нафар ба ҷойи кор таъмин гардида, 723 нафар ба курсҳои бозомўзӣ фаро гирифта шуданд.

Умуман дар ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, 315 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо 33612 ҷойи кори пешниҳод гардид ва 4235 нафар барои дарёфти кор муроҷиат намуданд, аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 5693 нафар ба ҷойи кор таъмин гардида, 4235 нафар ба курсҳои бозомўзӣ фаро гирифта шуданд.

Ҳамзамон, баҳри баланд бардоштани маърифату ҳувияти миллии шахсони корҷўй ва ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо мавриди буду бош дар хориҷи кишвар дар давраи ҳисоботӣ 394 чорабиниҳои мухталифи омўзишию иттилоотӣ баргузор карда шуд, ки дар натиҷа 55209 нафар ба маълумотҳои зарурию саривақтӣ фаро гирифта шуданд.

Курсҳои омўзишӣ:

Дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021”, 16 курси омўзишӣ аз ҷумла курси қаннодӣ, кадбонугӣ, дӯзандагӣ, рассомӣ, забономўзӣ, компютер, ороишгари рўй ва мўй, адрасбофӣ, қолинбофӣ ва кулолгарӣ  амал намуда истодааст. Дар ин росто, дар курсҳои омўзишӣ  320 нафар донишҷуён ва ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ва имконияташон маҳдуд фаро гирифта шудаанд.

Чорабиниҳои маърифатию ватандўстӣ:

Дар маҷмуъ вобаста ба ин самт аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои система дар давраи ҳисоботӣ 2178 чорабинӣ бо иштироки 277326 нафар ҷавонон ва афсарону сарбозон баргузор карда шуданд.

Таъмини иҷтимоии ҷавонон:

Умуман, дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои система дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои маҳаллӣ ва соҳибкорони хайрхоҳ ба 15026 нафар шахсони эҳтиёҷманд аз тамоми сарчашмаҳо дар ҳаҷми 983876 сомонӣ кўмакҳои моддӣ, молӣ ва маишӣ расонида шуд.

Фарҳангию фароѓатӣ:

Анъанаҳои миллӣ ва расму ойин яке аз нишондиҳандаҳои муҳим ва муқаддас барои ҳар як миллату давлат ба ҳисоб меравад.

Дар умум, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Кумита ва  сохторҳои маҳаллии он вобаста ба ахлоқи ҳамида ва фарҳангдўстии ҷавонон 999 чорабинӣ бо иштироки 136597 нафар наврасону ҷавонон доир карда шуд.

 

          Ҳифзи саломатии ҷавонон:

 

Танҳо аз ҷониби Дастгоҳи марказии Кумита дар нимсолаи аввали соли 2020, 54 чорабинӣ дар самти пешгирии ВНМО/БПНМ, сил, нашъамандӣ, майзадагӣ, тамокукашӣ ва пешгирии паҳншавии бемории “COVID- 19” доир гардид, ки дар натиҷа 23211 нафар фаро гирифта шуда, дар доираи чорабиниҳо 7000 маводҳои иттилоотӣ дастраси иштирокчиён карда шуд.

Дар робита ба ин, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо бахшҳои ноҳиявии он давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар самти пешгирии таъмини тарзи ҳаёти солими ҷавонон ва эмин будани ҷавонон аз хатарҳои паҳншавии нашъамандӣ ва бемориҳои сироятӣ 199 чорабинии хусусияти тарѓиботиву ташвиқотидошта бо фарогирии 59124  нафар ва тақсими 14190 маводи иттилоотӣ, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1724 чорабинӣ бо фарогирии 219474 нафар ҷавонон бо тақсими 105052 маводи иттилоотӣ – тарѓиботӣ, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суѓд 1034 чорабинӣ бо фарогирии 179243 нафар ҷавонон бо тақсими 28400 маводҳои иттилоотӣ – тарѓиботӣ, дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 245 чорабинӣ бо фарогирии 56572 нафар ҷавонон бо тақсими 2273 маводӣ иттилоотӣ, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби зерсохторҳои Кумита 849 чорабинӣ бо фарогирии 136960 нафар ҷавонон бо тақсими 29551 маводи иттилоотӣ -тарѓиботӣ доир карда шуд.

Умуман дар дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ дар натиҷаи тадбирҳои роҳандозигардида ҷиҳати татбиқи босамари ин самти афзалиятнок 4105 чорабинӣ бо фарогирии 674584 нафар сокинон, наврасону ҷавонон доир карда шуда, дар рафти баргузории чорабиниҳо 186466 маводҳои иттилоотӣ ба иштирокчиён тақсим карда шуданд.

СОҲАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ИНКИШОФИ ВАРЗИШ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ мувофиқи маълумотҳои оморӣ 10071 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 122 варзишгоҳ, 7212 майдончаи варзишӣ, 1803 толорҳои варзишӣ, 93 ҳавзҳои шиноварӣ ва  37 маҷмааҳо ва 804 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 58 иншооти варзишӣ бо харҷи зиёда аз 13 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки 1 миллиону 148 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблаѓҳои буҷавӣ ва 12 миллиону 352 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон мебошад.

Дар вилояти Хатлон 17 иншооти варзишӣ аз ҷумла, 16 майдончаи варзишӣ ва 1 толори варзишӣ бо харҷи зиёда 4 миллиону 156 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблаѓҳои ѓайрибуҷавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кўлоб, Ёвон, Ҷайҳун, Н.Хусрав, Восеъ, Дӯстӣ, Ш.Шоҳин, Панҷ, Қубодиён, Вахш ва Данғара сохта ба истифода дода шудааст.

Дар вилояти Суѓд 21 иншооти варзишӣ бо харҷи 4 миллиону 934 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла, 878 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблаѓҳои буҷавӣ ва 4 миллиону 56 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон, аз ин 5 толори варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Спитамен, Ҷ.Расулов ва Б.Ғафуров, инчунин 16 майдончаи варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Спитамен, Мастчоҳ, Конибодом, Исфара, Б.Ғафуров ва Ашт сохта ба истифода дода шудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 20 иншооти варзишӣ бо харҷи 4 миллиону 410 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла, 270 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблаѓҳои буҷавӣ ва 4 миллиону 140 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сарпарастон, аз ин 3 толори варзишӣ дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Турсунзода ва 17 майдончаи варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Ҳисор ва Рашт сохта ба истифода дода шудааст.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҷумҳурӣ 128 мактаби варзишӣ амал менамоянд, ки аз ин 1 Маркази ҷумҳуриявии омодагии олимпӣ, 4 мактаби маҳорати олии варзишии ҷумҳуриявӣ, 1 Маркази омодагии олимпӣ дар шаҳри Хоруѓ, 2 мактаби маҳорати олии варзишии вилоятӣ, 3 мактаби махсуси варзишии ҷумҳуриявӣ, 12 мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ (10 мактаб дар ш.Душанбе, 1 мактаб дар ш.Хуҷанд ва 1 мактаб дар н.Рӯдакӣ), 95 мактабҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 10 мактабҳои варзишӣ дар тобеияти Иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҳосилот” мебошанд.

Дар мактабҳои варзишӣ дар ин давра дар 3992 гуруҳҳо (3 гуруҳҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёд) 48251 машқварз (321 машқварзи нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёд), аз ҷумла 5787 нафар бону (171 бону нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 кам) ба машқу тамрин фаро гирифта шудаанд.

 

  • Оммавигардонии варзиш ва ҷалби аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ

Дар нимсолаи якум баҳри пешгирии амалҳои номатлуб, таъмини тарзи ҳаёти солим ва зебогии ҷомеа бахусус наврасону ҷавонон дар асоси банди 3 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013 баён гардидаанд (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2013, №264), Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2019, № 252875(26.7) шуруъ аз 8 феврали соли 2020 ҳар рўзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ машқҳои пагоҳирўзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, тавонӣ ва доноӣ аз варзиш аст” ташкил ва баргузор гардида истодаанд.

Ҳамин тавр, тибқи нақшаи чорабиниҳои мазкур, дар шаҳри Душанбе машқҳои пагоҳирўзӣ дар боѓҳои “Парчами давлатӣ”, “Ба номи А.Дониш”, “Ба номи А. Рўдакӣ”, “Ба номи А.Фирдавсӣ”, “Ба номи С.Айнӣ”, “Кули ҷавонон”, назди шаршараи “Наврўзгоҳи пойтахт” ва майдончаҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоати миёнаи умумӣ, хобгоҳҳои донишкадаву донишгоҳҳо, коллеҷу литсейҳо ва маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва оммаи васеи хоҳишмандон доир гардида истодаанд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар ин давраи ҳисоботӣ дар 1043 машқҳои пагоҳирўзӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 517 машқ кам (аз сабаби аз 1 май инҷониб доир нагардидани чорабинӣ), ки аз ин 95 машқи пагоҳирўзӣ (нисбат ба соли гузашта 33 машқ кам) дар ВМКБ, 267 машқи пагоҳирўзӣ (нисбат ба соли гузашта 259 машқ кам) дар вилояти Хатлон, 342 машқи пагоҳирўзӣ (нисбат ба соли гузашта 164 машқ кам) дар вилояти Суѓд, 98 машқи пагоҳирўзӣ (нисбат ба соли гузашта 20 машқ зиёд) дар шаҳри Душанбе ва 241 машқи пагоҳирўзӣ нисбат ба соли гузашта 81 машқ кам) дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар қаламрави ҷумҳурӣ 278535 нафар (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 151392 нафар кам), аз ҷумла 73143 нафар бону (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26428 нафар бону кам) ширкат варзидаанд.

Мусобиқаҳои варзишӣ – солимгардонӣ ва ҳаваскорона

Дар маҷмӯъ дар доираи таҷлили иду ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ аз ҷониби Кумита ва сохторҳои маҳаллии он дар ҷумҳурӣ 1874 чорабинӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 96 чорабинӣ зиёд) бо фарогирии 335160 нафар наврасону ҷавонон ва аҳолӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156255 нафар кам), аз ҷумла 54711 нафар бонувон (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67276 нафар бонувон зиёд) баргузор карда шуд.

Ҳамзамон, бо мақсади боз ҳам ҷалби бештари наврасону ҷавонони сатҳи маҳал тибқи нақшаи кории Кумита мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар чор марҳила аз рӯи ду синну сол, байни ҷавонони аз 16 то 20 сола ва 21 то 35 солаи деҳа ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шуда, баргузории мусобиқаҳои мазкур аз 1 марти соли ҷорӣ ифтитоҳ ёфт.

Тибқи ҳисоботҳои манзурнамудаи сохторҳои маҳаллӣ то санаи 26 апрели соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар 1417 мусобиқаҳои варзишӣ бо фарогирии 29992 нафар ҷавонони деҳаҳо ва маҳаллаҳо баргузор карда шудаанд.

 

  • Мусобиқаҳои варзишии касбӣ дар сатҳи маҳал:

Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ ва ҷалби тамоми хоҳишмандон ба варзиш дар заминаи иҷрои фармоиши раиси Кумита аз 21 декабри соли 2018, №284-в оид ба таъмини риояи талаботи Дастурамал оид ба марҳила ба марҳила ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои расмии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нимсолаи якуми соли ҷорӣ мусобиқаҳои варзишӣ дар се марҳила ба нақша гирифта шудаанд.

Ҳамин тавр дар доираи баргузории марҳилаҳои интихобӣ дар қаламрави кишвар 1994 мусобиқаҳаи интихобии марҳилаи якум ва дуюм (нисбат ҳамин давраи соли гузашта 278 адад кам) дар сатҳи дохилимактабӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва минтақавӣ доир гардиданд, ки дар онҳо 216165 нафар (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43844 нафар кам), аз ҷумла 57014 нафар бонувон (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7540 нафар кам) иштирок намуданд.

Аз ин, дар шаҳри Душанбе 193 мусобиқаҳои интихобӣ ба фарогирии 29252 нафар, аз ҷумла 5024 нафар бонувон, дар вилояти Хатлон 763 мусобиқаҳои интихобӣ ба фарогирии 44446 нафар, аз ҷумла 5074 нафар бонувон, дар вилояти Суғд 581 мусобиқаҳои интихобӣ бо фарогирии 108162 нафар, аз ҷумла 40337 нафар бонувон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 126 мусобиқаи интихобӣ бо фарогирии 5514 нафар, аз ҷумла 1230 нафар бонувон ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 331 мусобиқаҳои интихобӣ бо фарогирии 28791 нафар, аз ҷумла 5349 нафар бонувон баргузор карда шуданд.

Дар натиҷаи чорабиниҳои доиргардида ѓолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи маҳал ва минтақаҳо барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат пайдо намуданд.

  • Мусобиқаҳои варзишии касбии сатҳи ҷумҳуриявӣ

Бо мақсади ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, пешгирии амалҳои номатлуб ва тарѓибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, дар асоси нақшаҳои кории Кумита давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ (ба ҳолати 28 апрели соли 2020) 35 чорабиниҳои варзишии мухталиф баргузор карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019, 54 чорабинӣ кам ба қайд гирифта шуд.

Аз шумораи умумии чорабиниҳои доиргардида 8 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз намудҳои лижаронии куҳӣ, варзиши сабук, шоҳмот, вазнабардорӣ ва дзюдо байни маъюбон, шоҳмот, гўштини миллӣ, самбо, дзюдо, шиноварӣ, ҳендбол, чавгонбозӣ, теннис, акробатикаи варзишӣ, каратэ – до, таеквондо ВТФ, волейбол байни бонувон ва мардон баргузор карда шуд, ки дар натиҷа 5872 варзишгар, аз ҷумла 992 бону фаро гирифта шуд.

 

  • Сатҳи байналмилалӣ

Қобили зикр аст, бо мақсади муаррифии варзиши тоҷик ва кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ дар давраи ҳисоботӣ 186 нафар варзишгарони ҳайати дастаи мунтахаби кишвар ба 25 мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бо харҷи 298 ҳазору 927 сомонӣ, аз ҷумла 189 ҳазору 707 сомонӣ маблағҳои буҷавӣ сафарбар гардиданд, ки аз ҷониби Кумита ба 7 мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ варзишгарони дастаи мунтахаби кишвар дар ҳайати 26 нафар бо харҷи 177065 сомонӣ сафарбар гардиданд.

Натиҷаҳои варзиши тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ:

  1. Медали тилло 27 ( соли 2019, 108) – 81 медал кам;

Медали нуқра 27 (соли 2019, 12 ) –15 медал зиёд;

Медали биринҷӣ 38 (соли 2019, 111) – 73 медал кам.

Дар маҷмуъ, дар давраи ҳисоботӣ варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзиши кишвар 92 медал ворид намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 – 97 медал кам мебошад.

Хушбахтона дар ин давра ду нафар варзишгарони тоҷик тавонистанд роҳхати бозиҳои олимпии Токио –ро ба даст оваранд.

Корҳои анҷомшуда дар самти пешгирии бемории коронавирус “COVID-19”

Дар асоси дастуру супоришҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 дар асоси фармоиши раиси Кумита ситоди дохилиидоравӣ таъсис дода шуда, корҳои пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ дар тамоми муассисаҳо ва зерсохторҳои Кумита роҳандозӣ карда шуда истодааст.

Қобили қайд аст, ки Кумита ҷиҳати босифат татбиқ намудани супориши мазкур ва пурзўр намудани риояи чораҳои пешгирикунандаи сирояти нави коронавирус (COVID-19) нақшаи мушаххасро таҳия ва тасдиқ карда, дар ин замина дар байни шаҳрвандон, бахусус ҷавонон як қатор чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунандаро баргузор намуд.

Дар раванди татбиқи нақшаи болозикр бо мақсади риояи чораҳои пешгирикунандаи сироят аз ҷониби аҳолӣ бо дарназардошти истифодаи ҳатмии ниқоб, риояи фосилаи иҷтимоии бехатар, маҳлули антисептикӣ дар ҷойҳои корӣ ва ҷамъиятӣ, терминалҳои мусофиркашонӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, бозору маѓозаҳо, кўчаву маҳаллаҳо, боѓҳои истироҳатӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ чорабиниҳо ҷиҳати истифодаи усулҳои “маҳал ба маҳал”, “кўча ба кўча”, “хона ба хона” ва “рў ба рў” роҳандозӣ гардиданд. Дар ин давра 51700 адад ниқобҳои бисёркарата ва яккарата, 92030 маводҳои тарѓиботӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирии сирояти нави коронавирус ва 10060 адад дастпўшакҳо байни аҳолӣ тақсим карда шуданд. Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ шиорҳои тарѓиботӣ бо дизайни махсус ва ҳамарўза видео-роликҳои тарѓиботӣ тариқи саҳифаи расмии Кумита ва зерсохторҳои он дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Инчунин бо дастгирии Кумита дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” Маркази машваратию хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо “COVID-19” дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суѓд ва Хатлон,  шаҳру ноҳияҳои Турсунзода ва Рашт таъсис дода шуда, ба таври шабонарўзӣ тариқи телефонҳои боварӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба  сокинони кишвар машваратҳову корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Бахши таҳлилу иттилоти Кумита ва Маркази машваратию хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо “COVID -19” мақолаҳои таҳлилӣ, хабару гузоришҳои иттилоотӣ, маводҳои видеоӣ, дизайнҳои тарғиботӣ ва роликҳои тарғиботию ташвиқотӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ёрӣ ба муроҷиаткунандагон ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳа ба сомон расид.

Дар заминаи ташкилотҳои системаи Кумита барои таъмини самараноки риояи қатъии реҷаи ниқоб дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 зиёда аз 10 ҳазор ниқобҳои бисёркарата аз ҷониби КВД “Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” бо ҷалби ҳунармандони ҷавони пойтахт омода карда шуда, дар бозору мағозаҳо, терминалҳову истгоҳҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ, боғҳову хиёбонҳо тақсим карда шуд

 

 

 

 

 

 

 

 


27.07.2020 Нет комментариев