734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТОЗАГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “МО ҶАВОНОН ИН ВАТАНРО САБЗУ ХУРРАМ МЕКУНЕМ”

Пагоҳ дар кишвар аз ҷониби сохторҳои маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи ҷумҳуриявии тозагӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон ин Ватанро сабзу хуррам мекунем” бо доираи васеи ҷавонону наврасон ва сокинони маҳаллӣ доир карда мешавад.
Аксияи мазкур дар доираи Нақша чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” дар доираи истиқболи ҷашни умумимиллӣ 29 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуда, ҳадаф аз баргузории аксияи мазкур сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намудани насли ҷавони кишвар роҳандозӣ карда мешавад.
Пагоҳ аксияи мазкур бо доираи васеи ҷавонон дар марказҳои маъмурии ВМКБ, Суғду Хатлон низ доир карда шуда, ҷавонон дар пайравӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистқилол саҳмгузорӣ менамоянд.
Аксияи тозагии мазкур дар 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ карда мешавад.


24.07.2020 Нет комментариев