734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ҲАЁТ ДАР ОҒӮШИ САРД

Беандешагии волидон сабаби ятим мондани 5356 кӯдак дар ним сол

Беш аз панҷ ҳазор кӯдаке, ки замирашон моломоли орзуҳои ширини ҳаёт аст. Беш аз панҷ ҳазор кӯдаке, ки орзуҳояшонро аз даст додаанд. Беш аз панҷ ҳазор кӯдаке, ки мехостанд, дар муҳити гарми оилавӣ бузург шаванд. Беш аз панҷ ҳазор кӯдаке, ки ҳамеша ба меҳру муҳаббати волидон ниёз доранд. Беш аз панҷ ҳазор кӯдаке, ки ҳоло ташнаи силаи дасти падар ва ё модаранд. Беш аз панҷ ҳазор кӯдаке, ки муштоқи муҳити нотакрори оилавианд. Беш аз панҷ ҳазор кӯдаке, ки мехоҳанд, давлат ва биҳишти дунё – падару модарро якҷо дошта бошанд. Беш аз панҷ ҳазор кӯдаке, ки маҳруми меҳри модар ва ё навозишҳои падаранд. Беш аз панҷ ҳазор кӯдаке, ки мехоҳанд, монанди дигар ҳамсолонашон муҳити рангини оилавиро доро бошанд. Беш аз панҷ ҳазор кӯдаке, ки айёми рангинии ҳаёташон ба берангӣ бадал шудааст. Беш аз панҷ ҳазор кӯдаке, ки ҳар шом ба ёди падар ва модар бо чашмони намнок мехобанд. Беш аз панҷ ҳазор кӯдаке, ки ҳеҷ гоҳ ин гуна сарнавиштро намехостанд. Беш аз панҷ ҳазор кӯдаке, ки ҳаргиз намехостанд, нимятим монанд. Беш аз панҷ ҳазор кӯдаке, ки намехостанд қурбонии нофаҳмии волидонашон гарданду аз боарзиштарин ва амнтарин муҳити дунё – оила маҳрум шаванд. Аммо қисмату сарнавишт ё иштибоҳи наздиктарин нафаронашон онҳоро ба ин кӯи навмедӣ расонидааст.

Сад афсус, ки ин шумори кӯдакон имрӯз бо айби волидонашон маҳруми муҳити гарми оилавианду ҳар гоҳе сухан атрофи оилаи хушбахту ҳаёти беғам меравад, қалбашонро сиёҳӣ фаро мегираду гиря гулугирашон менамояд. Зеро дар ин маврид ҳеҷ ҳарфи хуберо наметавонанд, ба забон биёранду аз доштани ҳаёти саршори шодиву сурур бо ҳаяҷон қисса кунанд. Вақте кӯдаке дар бораи ширинии давронии кӯдакияш дар муҳити рангини оилавӣ ҳарф мезанад, онҳо танҳо бо чашмони пур аз алам ба нуқтае чашм медӯзанду дар умқи қалбашон танҳо як орзу мекунанд, ки кош дубора муҳити солими оилавӣ муяссарашон гардад. Вале ин орзуяшон овардани ситора аз осмонро мемонад, ки он ҳам ғайриимкон аст.

Ҳаётеро, ки ба сар мебарем, ҳеҷ гоҳе бе шебу фароз, гармию сардӣ ва шириниву талхӣ набуду нест ва нахоҳад буд. Қонуни зиндагӣ он гунае нест, ки мо мехоҳему орзуяш менамоем. Дар зиндагӣ ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо каме душворӣ, бо каме сахтӣ, бо каме якдигарнофаҳмӣ ва бо каме азобу машаққат ҳеҷ ҷои зарурат надорад, ки дарҳол муҳити бо муҳаббат барпо сохтаамон – оиларо вайрон созему фариштаҳои маъсуму бегуноҳ – фарзандонро аз лаззати ҳаёт маҳрум созем. Зеро аз шикасти муҳити оилавӣ зарбаи аз ҳама сахту дарднок ба фарзандон мерасаду орзуҳои зиёди ширинашонро аз даст медиҳанд.

Агар имрӯз дар сахтие қарор доред, агар имрӯз душворие даст ба гиребонатон аст, агар имрӯз муаммову нофаҳмие боиси талхии ҳаётатон гардидааст, агар имрӯз аз интихоби хеш андӯҳгину пушаймонед, пас, дар ин ҳама мушкилиҳоятон фарзандон гунаҳкор нестанду шумо низ ҳуқуқ надоред, ки онҳоро аз муҳити гарми оилавӣ маҳрум созед. Зеро ҳеҷ гоҳ кӯдакон намехоҳанд, ки падару модарашон бо сабаби якдигарнофаҳмӣ ва ё мушкилоти ҳаёти оилавӣ аз ҳам ҷудо шаванду онҳо дар чорсӯи зиндагӣ сарсону саргардон монанд.

Онҳо низ мисли дигарон мехоҳанд, ки дар ҳаёт беғаму ғусса бошанд. Онҳо низ мисли дигарон мехоҳанд, ки ҳар шом дар фазои оилаашон бо сабаби комёбиҳои кӯдакиашон садои хандаҳои самимии волидонашон садо диҳад. Онҳо низ мисли дигарон мехоҳанд, ки барои ҳар бурдборияшон аҳсану офарин бишнаванд. Онҳо низ мисли дигарон мехоҳанд, ки ҳар гоҳе аз чизе андӯҳгин гарданд, суханони таскинбахши падару модар шодашон созаду ба лабҳояшон табассумро тақдим созад. Онҳо низ мисли дигарон мехоҳанд, ки волидон бузург шуданашонро бубинанду ҳамнафаси тамоми умрашон бошанд. Онҳо низ мисли дигарон мехоҳанд, ки падару модарашон дар якҷоягӣ аз хушбахтии онҳо дар ҳаёти мустақилонаву кору фаъолият биболанду аз доштани чунин фарзандон ифтихор намоянд. Онҳо низ мисли дигарон мехоҳанд, ки азоби бемодарӣ ва ё бепадариро набинанд. Онҳо низ мисли дигарон мехоҳанд, ки ҳаргиз нимятим намонанду барои ин касе таънаашон назанад. Онҳо низ мисли дигарон мехоҳанд, ки оилаи иборат аз падару модар, додару хоҳар ва фазои самимии оиларо дошта бошанд. Онҳо ҳамаи инро мехоҳанд, вале мутаассифона хатои ночизе ин ҳама хостаҳоро дар ҳаёти кӯдакии онҳо ба таври ҳамешагӣ барбод додааст.

Агар онҳо имкони интихоби оиларо медоштанд, ҳар оина оилаи солиму комили хушбахтро интихоб менамуданду аз доштани волидайне, ки бо иллате дар чорроҳаи ҳаёт танҳояшон гузоштаанд, даст мекашиданд. Аммо сад афсус, ки чунин имкониятро надоранду дар натиҷаи ҷудошавии волидонашон аз муҳити солими оилавӣ маҳрум гардидаву имрӯз ба гунае ҳаёт ба сар мебаранд, ки ҳеҷ интизорашро надоштанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки онҳо низ рӯзе бузург мешаванду роҳи хешро дар зиндагӣ меёбанд, хушбахту некном мегарданд. Аммо дарди бепадарӣ ва ё бемодарӣ ҳамеша дар кунҷи қалб азобашон медиҳаду аз ин камбуди ҳаёт ҳамеша бо таассуф ёд мекунанд ва сабабгори он – волидонашонро ҳеҷ гоҳ намебахшанд.

Бисёр бад аст, ки имрӯз оилаҳо аз ҳам мепошанду дар натиҷаи он фарзандон ятим мемонанд. Зарбаи сахттарин ҳангоми вайрон шудани оилаҳо танҳо ва танҳо ба кӯдакон мерасад, ки боиси нигаронист. Ёдовар шудани рақами зерин боиси тафаккур асту бояд сари он андешид ва ин зуҳуроти номатлуб – вайроншавии оилаҳоро пешгирӣ намуд. Тибқи иттилои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 дар ҷумҳурӣ 5486 ақди никоҳ бекор гардида, дар натиҷаи он 5356 кӯдак аз муҳити оилавӣ маҳрум гардидаанд.

Пеш аз оне, ки оила барпо месозем, бояд ояндаро хуб фикр карду тасмими ҷиддӣ гирифту дар бораи ояндаи худу ҳамсар ва фарзандон андешиду чи гуна ташкил кардани оилаи хушбахтро тарҳрезӣ кард. Вақте ба худ боварӣ ҳосил кунем, ки аз уҳдаи ин ҳама баромада метавонем, баъдан бояд оила барпо кунему равонаи ҳаёти мустақилона гардем. Зеро оиладорӣ пироҳане нест, ки бо каме гард гирифтан, ивазаш намоему пироҳани тоза ба бар созем. Аз ин рӯ, оилаҳои худро бояд дӯст дорему муҷиби дарднок гаридани ҳаёти фарзандонамону ятим гардидани онҳо нагардем. Зеро онҳо ба хушбахтӣ ва оилаи солим ҳақ доранд.

Имрӯз дар самти тарбияи ятимон тамоми шароитҳоро Ҳукумату давлат муҳайё сохтааст. Ҳатто он шароите, ки дар мактаб-инернатҳост, дар аксарияти хона нест. Он гуна ғамхорӣ барои нигоҳбини ятимону бепарасторон зиёд аст, ки бешак ҳеҷ камбуду мушкилӣ дар ин самт ба чашм намерасад. Вале боз ҳам таъкид мекунем, ки дилхоҳ кӯдак як навозиши падар ва як ғамхории модарро ба кулли боигарии дунё намедиҳад ва ҳеҷ ғамхорию дилсӯзӣ ҷои оғӯши гарми волидонро иваз карда наметавонад. Ҳарчанд дигарон ба онҳо муҳаббат варзанду дӯсташон доранд, вале яқинан ин ҳама барои онҳо дар баробари навозишҳои волидон сарду бемеҳрона менамояд.

Ҳамаи мо аз таҷрибаи рӯзгор ва диду мошоҳидаҳоямон хуб медонем, ки нози тифлона ва эркагии кӯдакона зеби оила асту бас. Аз ҳамин нукта бунёди ин кохи зебову пурҳашамат ва дар айни ҳол бисёр қимат – оила, масъулияти бешро мехоҳад. Чун зебову муҷалло нигоҳ доштани он боиси хушбахтии тифлакон ва ояндаи дурахшони онҳо мегардад. Баръакси он саргардониеро ба бор меорад, ки ҳамагӣ ба бунёдгузори он ангушти маломат дароз мекунанд. Пас, дар бунёди оилаи хушбахт ва ояндаи тифлакон андешамандона амал кунему кӯдаконеро ба дунё оварда, парвариш созем ва нигоҳбин намоем, ки ҳеҷ гоҳ заҷри танҳоӣ накашанд.

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ,
“Ҷавонони Тоҷикистон”,
№29 (9663), 16.07.2020.


17.07.2020 Нет комментариев