734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Фарбеҳӣ: сабабҳои гирифторӣ ва оқибатҳои он

Агар инсон дорои тамоми неъматҳо бошаду саломатӣ надошта бошад, пас зиндагӣ ҳеҷ маъное надорад. Зеро солимӣ омили хушбахтӣ буда, танҳо тавассути он метавон баҳри расидан ба комёбиҳо талош намуду ҳаёти хуберо барои худу атрофиён муҳайё сохт. Инсон то он даме, ки ба беморие гирифтор нашавад, қадри тандуруст буданро на­медонад. Баъзан бисёр нигаронкунанда аст, ки дидаву дониста, кор ва ё амалеро иҷро менамоем, ки оқибаташ гирифтор шудан ба бемориҳост. Аз ҷумла, ба бемории фарбеҳӣ.

Фарбеҳӣ солҳои охир ба яке аз бемориҳои хавфноки сайёра мубаддал гардида, он тамо­ми кишварҳои ҷаҳонро нигарон кардааст. Зеро оқибати он ба камумрӣ оварда мерасонад. Фарбеҳӣ беморие мебошад, ки бо чарбан­дии ҷисм алоқаманд буда, зиёдшавии ваз­ни бадан нисбат ба меъёрҳои қабулгардида арзёбӣ мешавад. Тибқи иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар саросари ҷаҳон ҳар сол на камтар аз 2,8 миллион на­фар дар натиҷаи вазни зиёдатӣ ё фарбеҳӣ ва­фот менамоянд. ТУТ пешниҳод менамояд, ки ҳукуматҳо, шарикони байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва бахши хусусӣ бояд ҳама дар пешгирии бемо­рии фарбеҳӣ саҳмгузор бошанд.

САБАБҲОИ БЕМОРИИ ФАРБЕҲӢ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН

Ба таъкиди мутахассисони соҳаи тиб сабабҳои гирифтор шудан ба бемории фарбеҳӣ гуногунанд. Ба гуфтаи Ҳотамбек Хай­ров, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо”: “Аввалин сабаби дучор гардидан, ба бемории фарбеҳӣ ин пурхӯрӣ мебошад. Яъне аз меъёр зиёд истеъмол на­мудани маҳсулоти хӯрокворӣ ва таомҳои дорои миқдори зиёди неру, аз қабили гӯшту маҳсулоти гӯштии серравған, ширу маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд, шакар, кон­фет, торт ва маҳсулотҳои қаннодӣ. Дуюм са­бабаш камҳаракатӣ. Камҳаракатӣ дар ҳолати пурхўрӣ яке аз сабабҳои асосии фарбеҳӣ ме­бошад. Ҳангоме ки миқдори зиёди кислотаҳои чарбӣ ва карбогидратҳо оксид мешаванд, агар фаъолияти мушакҳо заиф бошад, кислотаҳои чарбӣ ва карбогидратҳо ба чарби бадан мубаддал мегарданд. Гурӯҳи аҳолие, ки камҳаракатанд, ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Дар баробари ин, одатҳои номат­лубе, ки омили инкишофи бемории фарбеҳӣ мегарданд, инҳо тамокукашӣ ва аз меъёр зиёд истеъмол намудани машрубот мебошанд. Гу­зашта аз ин бояд гуфт, ки бемории фарбеҳӣ омили ирсӣ низ ҳаст. Агар падару модари шахс ба бемории фарбеҳӣ гирифтор бошад, алла­кай замина барои инкишофи бемории мазкур дар фарзандони онҳо вуҷуд дорад”.

Дар идома мавсуф изҳор дошт, ки оқибатҳои дигари бемории фарбеҳӣ инҳоянд: гурӯҳи аҳолие, ки ба ин беморӣ гирифторанд, онҳо нисбат ба ба гурӯҳи аҳолие, ки ба бемо­рии мазкур гирифтор нестанд, бештар ба ҳар гуна бемориҳо дучор мегарданд. Аз он ҷумла, ба бемориҳои фишорбаландӣ, диабети қанд, саратон ва ғайра. Ғайр аз ин нафароне, ки ба бемории фарбеҳӣ гирифторанд, умри онҳо кӯтоҳтар аст. Дар баробари ин, зиёд шудани фиссади аҳолии мубталои бемории фарбеҳӣ сатҳи иқтисодии оила, сатҳи иқтисодии соҳаи тандурустӣ ва дар маҷмуъ сатҳи иқтисодии давлатро паст мекунад.

БЕМОРИИ ФАРБЕҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бемории фарбеҳӣ мавҷуд буда, вақтҳои охир зиёд шу­дани он Ҳукумати кишварро нигарон кардааст. Бино ба оморҳои мавҷуда бемории фарбеҳӣ дар миёни аҳолии кишвар 11,3%-ро ташкил менамояд. Дар байни мактаббачагон бошад, 4,7%-ро дар бар мегирад. Ҳамин 11,3%-е, ки гуфта гузаштем, агар тақсимбандӣ намоем, паҳншавии бемории фарбеҳӣ нисбат ба занҳо миёни мардон як фоиз зиёд аст.

Ҷиҳати пешгирии ин беморӣ бо дастги­рии Ҳукумати кишвар ташкилоту сохторҳои гуногун, аз ҷумла, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар тадбирҳои гуногунро рӯи даст гирифтааст. Соли 2018 Ва­зорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гурӯҳи ко­рии байниидоравӣ баҳри таҳияи “Бар­номаи пешгирии бемории фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дод. Пас аз ҳамоҳанг намудани он бо ва­зорату идораҳои алоқаманд бар­номаи мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар бар­номаи мазкур як қатор чорабиниҳо баҳри коҳиш додани бемории фарбеҳӣ пешбинӣ шуда буд. Аз тарафи Ҳукумати кишвар қабул гардидани “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” таваҷҷуҳи ҷиддӣ ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ буда, амалӣ гардидани ҳадафҳои он метавонад, бемории мазкурро ба камшавӣ оварда расонад.

Ҳотамбек Хайров, директори Муасси­саи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо” мегӯяд, ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории фарбеҳӣ ё паст кардани сатҳи бемории маз­кур бояд дар мактабҳо аз тарафи роҳбарияти Вазорати маориф ва илми кишвар аҳамият нисбати омода намудани омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ дода шавад. Чунки яке аз сабабҳои бемории мазкур камҳаракатӣ мебошад. Ӯ гуфт: “Ба барномаи мактабӣ ворид намудани вақти муайян барои баррасӣ кардани зара­ри вазни зиёду бемории фарбеҳӣ дар оянда зарур мебошад. Мактаббача бояд донад, ки шахсони гирифтори бемории фарбеҳӣ ба чӣ гуна хатарҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Аз тарафи дигар ҳамин масъалагузорӣ ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тааллуқ дорад. Нисбати ин масъала бояд дар миёни ҷавонон мунтазам чорабиниҳо гузаронида шаванд. Зеро натиҷаи корҳои илмӣ-таҷрибавӣ нишон медиҳад, ки агар гурӯҳи ҷавонон ба бемории фарбеҳӣ шинос набошанд, дар миёни онҳо вазни зиё­ду бемории фарбеҳӣ ҷой дошта бошад, онҳо бояд аниқ донанд, ки баъд аз ба камол раси­дан ва дар раванди кору фаъолият ин беморӣ ҳам ба саломатӣ ва ба сифати кори онҳо таъ­сири манфӣ мерасонад”.

Вобаста ба бемории фарбеҳӣ Прези­денти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ахири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз шунидани гузориши вази­ри тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бораи “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва та­шаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” супориш доданд, ки барои омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи “Стратегияи оид ба ғизо ва фаъо­лияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба­рои солҳои 2015-2024” тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ФАРБЕҲӢ

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ ба ҷои маҳсулотҳои хӯроквории таркибашон чарбдор бояд маҳсулотҳое, ки аз орди навъи дуюму сеюм тайёр карда мешавад, истеъмол намо­ем. Бояд бештар таваҷҷуҳ ба истеъмоли ме­ваю сабзавот ва кабудиҳо карда шавад. Чунки дар таркиби онҳо неру вуҷуд надорад ва онҳо аз нахҳои ғизоӣ боянд. Дар баробари ин, он меваю сабзавоте, ки шириннокияшон зиёд аст, аз он даст кашидан лозим. Инчунин истифо­даи зиёди намак, истифодаи тамъдиҳандаҳо дар ғизо, истеъмоли ғизоҳои тезтаёр, истеъ­моли нӯшокиҳои ширини газнокро низ бояд кам кард. Ҳамчунин ба баланд намудани сатҳи ҷисмонӣ ва фаъолияти ҷисмонӣ бояд аҳамият доду зиёдтар роҳ гашт.

Бино ба таъкиди табибон ҷиҳати пешги­рии бемории фарбеҳӣ дар баробари дигар корҳо бояд аз хӯрдани хӯрокҳои тезтайёр даст кашид. Зеро тибқи далелҳои оморӣ таркиби хӯрокҳои тезтайёр зиёда аз ҳазор килокалори­яро ташкил медиҳад. Миқдори шабонарӯзии таъмини ғизо ба организми инсон бошад, 1500 килокалория аст. Дар давоми рӯз шахс бо ис­теъмоли як хӯроки тезтайёр қаноат накарда, баъди чанд лаҳза дигар намуди ғизоҳоро низ тановул мекунад. Агар дар маҷмуъ меъё­ри ғизонокиро барои ин афрод ҳисоб кунем, беш аз 2000 килокалорияро ташкил медиҳад, ки аллакай фишор ба организм ва зарар ба меъда мебошад. Истеъмоли хӯрокҳои тез­тайёр инсонро ба бемориҳои диабети қанд, фарбеҳӣ, вазни зиёдатӣ, баландшавии фишо­ри хун ва зиёд шудани холестерин дар орга­низм гирифтор мекунад. То имрӯз навад дар сади шаҳрвандони ИМА аз сабаби зиёд истеъ­мол намудани хӯрокҳои зудомодашаванда ба бемории фарбеҳӣ гирифторанд.

БА ҶОИ ХУЛОСА

Мегӯянд, ҳар дардро давоест. Дар ин ро­сто бемории фарбеҳӣ низ истисно нест. Зеро он низ табобатшаванда асту барои ин танҳо иродаи қавӣ лозим. Агар имрӯз ба бемории фарбеҳӣ гирифторед, пас бояд роҳҳои пеш­гирии онро риоя намуду саломатии хешро барқарор кард. Ва ё агар солимед, пас мебояд меъёрҳои хӯрокхӯриро риоя кард, то ба бе­мории мазкур рӯ ба рӯ нашавед. Умуман, дар ҳама ҳолат лозим аст, ки муҳофизи солимии худ бошем. Зеро солим будан, худ хушбахтист.

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ,

“ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”,

№41 (9623), 10.10.2019


15.07.2020 Нет комментариев