734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Форуми ҷумҳуриявӣ: Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ – зеҳнии ҷавондухтарон ва бонувони кишвар, рушди фаъолияти соҳибкорӣ миёни занон, пешгирии бонувон аз бемориҳои хавфнок ва гузаранда, роҳнамоии ҷавондухтарон дар самти идоракунии давлатӣ Форуми љумҳуриявии занони кишвар 9 октябри соли 2019 таҳти унвони “Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа” доир мегардад.

Форуми мазкур таҳти сарпарастии Сафири Созмони байналмилалии “Занони сиёсатмадори роҳбар” муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ бо доираи васеи ҷавондухтарони фаъол, кормандони ҷавони вазорату идораҳо ва занони баруманди кишвар баргузор мегардад.

Форуми мазкур аз ҷониби Кумита дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шарикони рушд роҳандозӣ гардида, пас аз қисмати расмӣ кори Форум дар дар бахшҳо идома меёбад. Бахшҳои Форум масъалаҳои муҳими ҳаёти занонро дар кишвар фаро гирифта, аз ҷониби занони роҳбар, шахсони баруманд аз ҳисоби занон семинару тренингҳо ва мастер класҳо доир карда мешаванд.

Бахшҳои Форум масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:
– Нақш ва мавқеи занону ҷавондухтарон дар зинаи идоракунии давлатӣ;
– Сабабҳо ва роҳу усулҳои пешгирии шомилшавии занону ҷавондухтарон ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ;
– Нақши ҷавондухтарону занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёти кишвар;
– Пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила омили устувории оилаҳои ҷавон;
– Нақши занон дар рушди илм ва инноватсия;
– Нақши занон дар рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ;
– Пешгирии бемории ВНМО/БПНМ миёни ҷавондухтарону занон – омили асосии солимии миллат.

Форуми мазкур дар доираи таъин гардидани Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ ба ҳайси Сафири Созмони байналмилалии “Занони сиёсатмадори Роҳбар” ташкил карда шуда, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва огоҳӣ намудани занону бонувон аз дастоварду мушкилот ва хатарҳои замони муосир мебошад.


25.09.2019 Нет комментариев