734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Ҳиндустон поянда бод!

Дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон вар варзиш дар самти сиёсати давлатии ҷавонон бо дигар кишварҳои олам рушд меёбад.

Дар ин замина бо мақсади дӯсту муттаҳидгардонӣ, омӯзиш ва табодули таҷрибаи ҷавонони кишварҳои бо ҳам дӯсту бародар, баргузории силсила чорабиниҳои илмию адабӣ, ошноӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва боздид аз минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон аз 20 то 27 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе аввалин меҳмонии ҷавонони Ҳиндустон дар кишвари офтобрӯияи мо Тоҷикистони соҳибистиқлол доир мегардад.

Ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Ҳиндустон аз мавзеъҳои таърихӣ, сайёҳӣ ва мадании кишвари мо дидан намуда, бар баргузории як қатор чорабиниҳои илмӣ, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самти кор бо ҷавонон мусоидат менамояд, иштирок менамоянд.

Дар доираи меҳмонии мазкур баргузории конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон поянда бод” бо доираи васеи коршиносони соҳа, олимону муҳаққиқони сатҳи байналмилалӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир карда мешавад. Дар кори конфронс вобаста ба масъалаҳои муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон, доираиҳои илмию адабӣ, масъалаҳои табодули арзишҳои фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҳарду кишвар мавриди назари коршиносон қарор хоҳад гирифт.

Дар доираи кори конфронс вобаста ба самтҳои афзалиятноки соҳаи кор бо ҷавонон аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷрибаи ҳарду кишвар семинар тренингҳои назарявӣ ва амалӣ доир карда шуда, таҷрибаи амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон дар ҳарду кишвар мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.


16.09.2019 Нет комментариев