734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Прокуратураи ноҳияи Мӯъминободро мавриди истифода қарор доданд

10 сентябр дар идомаи боздиди корӣ аз ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Мӯъминобод бинои наву замонавии Прокуратураи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Бино аз 3 ошёна иборат буда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби 35 нафар коргари маҳаллӣ сифатан хуб ба анҷом расонида шудаанд.

Дар бинои хуштарҳу замонавии Прокуратураи ноҳияи Мӯъминобод 10 утоқи корӣ, як маҷлисгоҳ ва хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот баҳои арзанда дода, онро туҳфаи Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони прокуратура тақозо карданд, ки ба волоияти қонун арҷ гузошта, вазифаҳои хизматии хешро содиқонаву софдилона дар назди халқу Ватан анҷом диҳанд.

Ифтитоҳи бинои Прокуратураи ноҳияи Муъминобод  10.09.2019


11.09.2019 Нет комментариев