734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


АЁДАТИ АФСАРОНУ САРБОЗОН дар арафаи Рӯзи Артиши миллии ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 21 феврали соли равон тибқи Нақша – чорабинии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон , аёдати афсарону сарбозони қисми низомии 0230-и Қӯшунҳои сарҳадии ноҳияи Спитамен сурат гирифт.

Дар рафти аёдат Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят – Каримов Мирзоқосим ба сарбозони шуҷоъ таъкид намуд, ки қӯшунҳои сарҳадиро мисли дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи хеле вазнину ҳассоси таърихи кишварамон дар замоне, ки одитарин шароит ва заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт, ташкил карданд. Ва имрӯз бо қаноатмандиву ифтихор метавонем изҳор намоем, ки Қӯшунҳои сарҳадии мо ба ҳайси яке аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолӣ ҳоло ба як сохтори муташаккил, муназзам ва боэътимоди ҳифзи марзу буми Ватан табдил ёфтааст.


22.02.2019 Нет комментариев