734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мусобиқаи велосипедронии “Критериум – 2019” дар вилояти Суғд баргузор гардид

17 феврали соли 2019 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ доир гардид.
Варзишгарон аз шаҳри Хуҷанд то назди гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон сабқат намуданд.
Тавре хабарнигори рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Шодмон Нурматов иттилоъ медиҳад, нахуст, дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов ва раиси Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озодхон Давлатшоев оид ба ҳадаф ва мақсади баргузории озмун ибрози назар намуданд.
Зикр карда шуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасон, ҷавонон ва калонсолон ба машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон мусобиқаи мазкур доир гардид. Ҳамчунин ишора гардид, ки яке аз ҳадафҳои дигар мусобиқаи ҷумҳуриявии мазкур муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба велосипедронӣ барои иштирок дар Чемпионати Осиё маҳсуб меёбад. Сипас, дар фазои тантанавӣ ба беҳтарин иштирокдорон сипосномаву туҳфаҳо тақдим гардид.
Тибқи иттилои мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон худи ҳамин рӯз, пас аз ҷамъбасти мусобиқаи велосипедронӣ дар шоҳроҳ дар шаҳри Бӯстон тариқи кӯчаҳои Сулҳ, А.С.Пушкин ва Ю.Гагарин мусобиқаи велосипедронии “Критериум-2019” доир гардид.
Дар мусоқаи мазкур наврасону ҷавонон ва калонсолон аз рӯи 3 синну сол сабқат намуданд.
Ба ғолибон Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, раиси Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озодхон Давлатшоев, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримов ва дигар масъулон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.


18.02.2019 Нет комментариев